logo

порлумон

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ. ТАШАББУСИ НАҶИБИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ДАР САМТИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН

 
Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан дар вазъи тарғйирёбандаи ҷаҳон ва хусусияти устувор пайдо кардани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла экстремизму терроризм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ, бегонапарастӣ, дахолати неруҳои бадхоҳ ба корҳои дохилии кишварамон, ки башариятро ба ташвиш овардааст, аҳамияти бештар касб менамояд. Аз ин хотир, вусъат бахшидани корҳои ватандӯстии шаҳрвандон ва танзими ҳуқуқии он хеле зарур ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Дар сатҳи қонун таҷассум ёфтани мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ, ба тақвият ёфтани масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан, тавсияи мавзуи хештаншиносӣ дар ҷомеа ва ташаккули насли наврасу меҳнатдӯст заминаҳои марбутаи ҳуқуқиро фароҳам меорад.
Ин нуктаро Дилшод Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъминоти асосҳои конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, зимни муаррифӣ ва баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” дар Маҷлиси намояндагон иброз дошт. 
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” мутобиқи муқаррароти моддаи 58 Конститутсияи кишвар, бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. 
Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарбияи шаҳрвандон, бахусус кӯдакону наврасон ва ҷавонон, дар руҳияи гиромидошти арзишҳои суннативу башарӣ, дӯст доштани Ватани азизу маҳбуб вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила мебошад.
– Қабули Қонуни мазкур тақозои замон ва талаботи рӯз аст. Он ба таҳкими ҳисси муҳаббат ба Ватан, ватанпарастӣ худшиносию, ҳувияти миллии шаҳрвандон мусоидат намуда, масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар рушду инкишофи кишвар, ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ баланд мебардорад. Инчунин, барои ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии самти тарбияи ватандӯстӣ, ҷабҳаҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бахусус дар байни наврасону ҷавонон, имкониятҳои нав ба вуҷуд меорад, – таъкид кард Дилшод Раҳмон. 
Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Маҷлиси намояндагон, иброз дошт, ки ин санад ҳадаф, принсипҳои тарбияи ватандӯстӣ, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд. Ҳамчунин, арзишҳои муҳими иҷтимоӣ ва маънавию ахлоқӣ, тақвият додани заминаҳои ҳисси шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа, ташаккул ва рушди сифатҳои неки иҷтимоии насли наврас ва қобилияти аз ҷониби онҳо зоҳир намудани ин сифатҳо дар раванди бунёдкориҳо ба нафъи ҷомеа ва давлат заминаи мусоидаткунанда фароҳам меоварад. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2022    №: 212    Мутолиа карданд: 1263
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед