logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН

 
1 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон муовини вазири фарҳанг Давлат Сафарзода бо ҳузури вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, сафири фавқулода ва мухтори Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ намоиши ҳунарҳои мардумии Эронро ифтитоҳ карданд.
 
Баъд аз буридани лентаи рамзӣ ва тамошои гӯшаи ҳунарҳои мардумии Эрон, аз ҷумла наққошӣ, минётуранигорӣ, китобошноӣ, ҳайкалтарошӣ, қолинбофӣ, хушнависӣ, зарфҳои сафолӣ, намояндагони расмии ҳар ду кишвар дар назди рӯзноманигорон суҳбат оростанд.
– Фараҳмандем, ки мардуми ин ду кишварро муносибатҳои ҳазорсола дар ҳамаи ҷабҳаҳо ба ҳам овардааст. Имрӯз дидем, ки ҳунарҳои дастиву зеҳнии мо ҳам як аст. Ҳамон нақшу нигор, ҳамон зебоии тасвирҳо ва маҳсулоти дастӣ дар Тоҷикистон ҳам маъмуланд. Аз аҳли ҳунару фарҳанг даъват мекардам, ки ин ҳамгироиро пос дорем ва нагузорем, ки минбаъд дар равобити мо халале роҳ ёбад, - изҳор дошт Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ.
Дар давоми чорабинӣ албоми «Ду боли дӯстӣ», ки аз хушнависиҳои осори шоирону адибони тоҷик ва манзараҳои дидании ду кишвар оро ёфтааст, муаррифӣ шуд.
Давлат Сафарзода гуфт: «Дӯстони эронии мо ба Тоҷикистон бо як ҷаҳон армуғон ва намунаҳои олии ҳунарҳои мардумӣ ташриф оварданд. Ин ҳама далели ҳунарпарвар ва мутамаддин будани мардуми Эрон аст. Бовар дорем, ки бо сиёсати созандаи роҳбарони ду кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ ин муносибатҳо вусъат меёбанд ва баргузории намоишҳои гуногун боз ҳам бештар мешавад».
Сипас, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон идома ёфт. Маҳфили шоирону сарояндагони ду мамлакат дар ҳавои шеъру таронаҳои дилнишин, мушоираи шоирон хушу хотирмон гузашт.
Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳозиронро хайрамақдам гуфта, аз ҷумла изҳор дошт: «Барои баҳамойӣ ва пайванди Эрону Тоҷикистон ҳамеша сабабу асос ҳаст ва яке забони ноби форсии тоҷикӣ, дигаре адабиёти деринсоли мост. Ин ду боли тавоно имкон медиҳад, ки мардумони мо боли парвоз ёбанд ва аз орзуву ормон, нияту хостаҳои ҳамдигар пайваста огоҳ бошем. Забону адабиёт ҷонмояи мо буду мемонад. 
Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ бо эҳсоси баланд сухан ронда, гуфт: «Чӣ гуна метавон фарқе гузошт байни мардумоне, ки як забон, як дин, як фарҳанг ва садҳо чеҳраҳои мондагори адабиву илмии муштарак доранд, ба мисли Рӯдакиву Синову Фирдавсӣ, Хайёму Носири Хусраву Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Имрӯзҳо бо иқдоми ношир ва шоири номошнои мо Алиризои Қазва чопи 30 китоби адибони Тоҷикистон дар Теҳрон ҷараён дорад, ки ҳосили дӯстии ду кишвар аст».
Аз силсилаи ёдшуда 7 китоби шоирони моро Алиризои Қазва дар ҳамдастӣ бо Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, Муҳаммадтақии Собирӣ, Давлат Сафарзода пеши ҳозирон рӯнамоӣ кард. Аз ҷумла, маҷмуаҳои шеърии Низом Қосим, Фарзона, Муҳаммад Ғоиб, Аскар Ҳаким, Рустами Ваҳҳобзода, Давлати Раҳмониён ва Рустами Аҷамӣ муаррифӣ гардиданд. 
Аҳли ҳунар ва адибони ду ҷумҳурӣ ба як овоз таъкид карданд, ки баргузории рӯзҳои фарҳанг, чопи китобҳо ва дар ин замина густариши ҳамкориҳои маданӣ на фақат барои афзудани меҳру муҳаббат, балки баҳри таҳкими дӯстиву садоқат низ, корсоз аст.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 19422
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед