logo

Хабарҳо

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

 
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми якуми занон оид ба масъалаҳои сиёсати гендерӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид. Дар Форум муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода, вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд. 
 
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумита, зимни ифтитоҳи ҳамоиш аз иштироки фаъоли занону духтарони Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани форумро, қабл аз ҳама, муттаҳид намудани бонувон дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарғиби он миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа арзёбӣ намуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, зикр намуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсоз амалӣ намуда, роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  интихоб  намуд,  сохтори  конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хўрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ кард, аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро мушаххас, мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян ва барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод. Инчунин, қонунгузории ҷумҳурӣ устувор гардид. Баробари таҳкими сулҳу субот марҳилаи тозаи гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ фаро расид ва дар натиҷа кишвари азизи мо таҳти раҳнамоиҳои муваффақонаи Пешвои миллат марҳилаи воқеии тараққиётро тай намуд. 
– Дар марҳилаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба мақому манзалати занон аз рукнҳои муҳими сиёсати давлатдории муосири тоҷикон шинохта шуд. Ба таъбири дигар имрўз занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар руҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандўстӣ бо камоли масъулият адо намуда, сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа мебошанд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ карда истодааст, - гуфт М. Сатториён.
– Имрўз бо башорат ва раҳнамоиҳои пайвастаи Пешвои миллат ба хотири иртифои мақому манзалату мартабаи арзишманди модарону духтарон як силсила барномаҳои сиёсиву иҷтимоиву фарҳангӣ роҳандозӣ шудаанд. Ҳанўз дар ибтидои таҳаввулот ва оғози рисолати бузургашон Сарвари ҷавони давлати мо барои пешбурди фаъолияти бонувон, густариши ташаккулу такомули маънавии онҳо заминаи мусоиду созгор фароҳам оварда буданд. Бо такя ба муқаррароти Конститутсияи кишвар дар асоси сиёсати давлатии гендерӣ баробарҳуқуқии мардон ва занон, хосса дар оиладорӣ ва таҳти ҳимояву ғамхории махсуси давлат қарор доштани модару кўдак, ҳамчунин, кўдакони ятиму маъюбро муайян кард ва суиистифода аз меҳнати модарону кўдакони ноболиғро дар кулли корҳои вазнин манъ кард. Сарвари кишвар ба ҳайси Раиси ҲХДТ пайваста кўшиш мекунанд, ки сафи аъзои ҳизб ва вазифаҳои роҳбарикунандаи он аз шумори ҷавонону занони болаёқат ва кордон афзун гардад, – гуфт Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси ҲХДТ. 
Низорамоҳ Зарифова, собиқадори меҳнат, ки 6-уми ноябр 99 сола мешаванд, таърихи фаъолияти чандсолаи худро қисса намуда, афзуд, ки зани тоҷик метавонад аз уҳдаи иҷрои ҳамаи кор барояд, танҳо кўшишу талош ва заҳмат кашидан лозим аст.
Дар идомаи форум Зулфия Давлатзода, Ширин Амонзода, Рафиқа Мўсоева, Дилноза Аҳмадзода ва дигар ширкаткунандагон суханронӣ намуданд.  
 
Оламбегим НЕКҚАДАМОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 19432
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед