logo

ҳуқуқ

6 НОЯБР. ИСТЕҲКОМИ АРКОНИ ДАВЛАТДОРӢ

Равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ тавсеаи муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатӣ бе талошу заҳматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан ғайриимкон мебошад, зеро маҳз ҷасорати бемисл, эҳсоси баланди ватандориву ватандўстӣ, дарки амиқи манфиатҳои миллӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат буд, ки давлати мо дар оғози Истиқлоли давлатӣ аз хатари фаношавӣ раҳо шуда, имрўз ба дастовардҳои беназири иқтисодию иҷтимоӣ мушарраф гардид ва дар арсаи байналмилалӣ мақоми баланди сиёсӣ ба даст овард.
Таҷлили бошукўҳи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бори дигар комёбию муваффақиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгў намуд.
Дар шумори дастовардҳои беназири давлату миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ва шоҳкориҳои Сарвари давлат қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосса дорад. Пешвои муаззами миллат ба аҳамияти таърихиву сиёсии қабули Конститутсия ишора карда, ҳанўз соли 2014 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ чунин зикр карданд: «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».
Аз таърихи оғози давлатдории навини тоҷикон ба мо маълум аст, ки дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари баррасии 74 масъалаи ҳаётан муҳим, аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи нав аҳамияти ҷиддӣ дода шуд, зеро Роҳбари давлат заминаи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро маҳз бо Конститутсияи кишвар алоқаманд медонистанд. Ин буд, ки дар асоси Қарори Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ «Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон” Комиссияи махсус оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия таъсис дода шуд.
Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон конститутсияеро таҳия ва қабул намуд, ки он аз ҷониби як зумра мутахассисони кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бритониёи Кабир, Россия ва чанд кишвари дигар баҳои сазовор гирифт. Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, Шурои амният ва ҳамкории Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ низ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Ҳоло 28 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Комиссияи конститутсионӣ ва гурўҳи корӣ дар қабули ҳуҷҷати сарнавиштсози миллати худ маҳорати баланди касбӣ ва масъулияти олии шаҳрвандию инсонӣ нишон дода, бо такя ба анъанаҳои таърихии гузаштагони худ ва таҷрибаи ҷаҳонии қабули конститутсияҳо, арзишҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ ва арзишҳои миллӣ як Конститутсияи мукаммал, пурмазмун, фаҳмо, одӣ ва бо шеваи нобу равони тоҷикӣ таҳияшударо рўи кор оварданд, ки ин санад бо танзими масъалаҳои бунёдии худ бахтномаи миллати мо гардида, барои рушду таҳкими давлатдориву давлатсозии халқи тоҷик заминаи мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ фароҳам овард.
 
Карим КАРИМЗОДА, муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2022    №: 213    Мутолиа карданд: 1323
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед