logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАНЗИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

 
Дар таърихи конститутсионализми Тоҷикистон, Конститутсияи соли 1994 аввалин санадест, ки тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Қабули Конститутсия бори дигар соҳиби ақлу хиради азалӣ ва мардуми фарҳангсолор будани халқи тоҷикро нишон дод, ки дар давраи басо ҳассоси таърихӣ атрофи Роҳбари давлат муттаҳид гардида, бо қабули ин санади олии ҳуқуқӣ, бақои давлат ва  миллати худро таъмин намуданд.
Конститутсияи мамлакат вазифаи ниҳоии халқи тоҷикро бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва давлати иҷтимоӣ, ки он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, арзёбӣ намуда, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври кулл, роҳҳо ва тартиби расидан ба ин ҳадафи олӣ ва ниҳоии давлатро пешбинӣ намуд.
Боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзими ҳокимияти судӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколати судяҳоро муқаррар мекунад. Воқеан, меъёрҳои умумиэътирофшудаи давлатҳои демократӣ бори дигар собит сохтанд, ки пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва пайвастагии ногусастанӣ дорад. Ин омили муайянкунанда тақозо менамояд, ки пайваста ҳокимияти судӣ таҳким ва густариш ёбад.
Беғаразии судя яке аз кафолатҳои асосии одилона баррасӣ намудани парвандаҳои судӣ мебошад. Ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои касбии худ судя бояд аз ҳама гуна бартариятдиҳӣ, ақидаи бармаҳал ё муносибати хотирбинона канораҷўӣ намояд ва барои истиснои беғаразиаш кўшиш  ба харҷ диҳад. Агар асосҳои бо қонунгузории мурофиавӣ пешбинишуда барои рад кардани судя мавҷуд бошанд, ки беғаразӣ ва холисиашро зери шубҳа гузоранд, ў бояд аз баррасии парванда даст кашад.
Принсипи конститутсионии кафолати дахлнопазирии судяро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» такмил дода, муқаррар намудааст, ки дахлнопазирии судя инчунин, ба манзил, утоқи корӣ, автомашинаи хизматӣ, мукотибот, молу мулки ў ва ғайра тааллуқ дорад. 
Бо мақсади амалигардонии кафолатҳои конститутсионӣ, суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи кишвари мо муқаррар намудаанд, ҳифз намояд. Яъне бо ҳамин васила суд вазифаи конститутсионии худро ҷиҳати таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба анҷом мерасонад.
Бешубҳа иҷро ва риояи дақиқи талаботҳои қонун, пеш аз ҳама, аз шахсоне, ки адолату қонуниятро таҷассум менамоянд, яъне аз кормандони мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, низ вобастагии калон дорад. Ҳангоми ба амал баровардани вазифаҳои касбии худ онҳо, пеш аз ҳама, бояд ба тартиб ва мазмуни меъёрҳои амалкунанда, ки аз Конс-титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд, диққати махсус диҳанд.
 
Сайфиддин КАМОЛЗОДА, раиси суди шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2022    №: 213    Мутолиа карданд: 1334
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед