ҳуқуқ
БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
Соли 1992 лоиҳаи Конститутсияи давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон аз ҷониби комиссияи конститутсионӣ, ки дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ таъсис ёфт, омода ва ба баррасии халқ гузошта шуд. Қонуни асосӣ дар шароите омода мегардид, ки дар кишвар ҳанўз оташи ҷанги дохилӣ хомўш нагардида буд. Бинобар ин, Сарвари давлат ба ҳайати Комиссия оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия дастур доданд, ки бояд лоиҳае ба баррасии умумихалқӣ пешниҳод шавад, ки барои идомаи низоъҳо ягон асос ва замина боқӣ намонад.
Мардуми кишвар бо дарки муҳимияти масъала лоиҳаи пешниҳодшударо омўхта, фикру мулоҳизаҳояшонро баҳри мукаммал намудани он пешниҳод намуданд. Ба Комиссия зиёда аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ворид гардид, ки ҳамаи он омўхта ва ба инобат гирифта шуд. Зимни таҳияи лоиҳа беҳтарин конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳон мавриди омўзиш қарор гирифтанд. Ин буд, ки имрўз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф шудааст, зеро дар эҷоди он ҳама қишри ҷомеаи мамлакат иштирок намуданд ва он мақсаду мароми халқро пурра ифода мекунад.
Бо қабули Конститутсия сохти давлатӣ, идоракунии он ва режими сиёсӣ муайян гардид. Мувофиқи моддаи якуми Конститусия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз унсурҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд волоияти қонун ва қонунияти конститутсионӣ мебошад. Мувофиқи ин принсип, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандони тобеи ҳуқуқ, пеш аз ҳама, Конститутсия мебошад. Он дар давлати ҳуқуқбунёд арзиши воло дошта, меъёрҳояш мустақиман амал мекунанд. Қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Қонунияти конститутсионӣ ба воситаи Суди конститутсионӣ таъмин мегардад.
Арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд унсури муҳими давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад. Мувофиқи моддаи 5 Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Эҳтирому эътирофи ҳуқуқҳои инсон дар муносибат бо дигар давлату халқҳои ҷаҳон низ дар Конститутсия инъикос гардидаст. Унсури дигари давлати ҳуқуқбунёд таҷзияи ҳокимият мебошад, ки ҳокимияти давлатӣ дар асоси он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба сифти мақомоти давлатии мустақил, новобаста аз якдигар фаъолият менамоянд.
Таҷриба собит намудааст, ки бе Конститутсияи мукаммал, қонунгузории ҷавобгў ба ормонҳои миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ, бунёд намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду мутаммадин ғайриимкон мебошад.
Мардуми сарбаланди Тоҷикистон аз Конститутсияи одилона эҷодгардида, эҳтирому итоат ба қонунро омўхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифта тавонад, маҳз бо эҳтирому риояи қонун ва арзишҳои башарӣ муяссар мегардад.
Фотеҳ ҚУВВАТЗОДА, судяи Суди конститутсионӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.11.2022 №: 213 Мутолиа карданд: 1412