logo

суханрониҳо

СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ПАВИЛЙОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БИСТУҲАФТУМИ ТАРАФҲОИ КОНВЕНСИЯИ СММ ОИД БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, ШАҲРИ ШАРМ-УШ-ШАЙХ, 7 НОЯБРИ СОЛИ 2022

Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Ҳамаи шуморо дар маросими ифтитоҳи Павилйони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конфронси бистуҳафтуми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим хайрамақдам мегӯям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули таърихи ба тасвиб расидани Конвенсия иштирокчии фаъоли ин санади муҳими байналмилалӣ буд. Кишвари мо ҷиҳати иҷрои муқаррароти он ва  қарорҳои  ҷаласаҳои даврагии  тарафҳои Конвенсия пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.
Боиси қаноатмандист, ки дар як муддати нисбатан кӯтоҳ мо тавонистем дар Тоҷикистон чанде аз санадҳои стратегиро дар ин самт таҳия карда, уҳдадориҳои худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷро намоем.
Қабули Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030, ҳамзамон Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда, Гузориши чоруми миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва Гузориши дусола оид ба газҳои гулхонагӣ аз ин шаҳодат медиҳад.
Мусаллам аст, ки тағйирёбии иқлим ба равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологии кишварҳо дар манотиқи гуногуни олам таъсири бевосита дорад. Аз дидгоҳи мо, яке аз нишондиҳандаҳои асосии ин падида, обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад. Обшавии бошиддати пиряхҳои Тоҷикистон намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. То имрӯз аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон як ҳазораш комилан об шуда,  ҳаҷми бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – Федченко ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Обшавии босуръати пиряхҳо, ки яке аз манбаъҳои асосии оби тоза мебошанд,  дар баробари зиёдшавии истеъмоли об бар асари афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ, метавонад боиси оқибатҳои бағоят манфӣ гардад. Возеҳ аст, ки ин масъалаи доғ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан, пешвоёни сиёсӣ қарор дошта бошад.
Дар ин замина, мо пешниҳод намудем, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, санаи мушаххасе ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Ҳамчунин, мехоҳам бори дигар аз пешниҳоди Тоҷикистон оид ба таъсис додани “Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ёдовар шавам.
Итминон дорам, ки қабули ин иқдомот ва дигар ташаббусҳои ба онҳо монанд, ҷиҳати дар сатҳи глобалӣ андешидани чораҳои дастаҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо такони тоза хоҳад бахшид.
Қобили зикр аст, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми глобалии партовҳои газҳои гулхонагӣ дар сатҳи пасттарин қарор дошта, аз рӯи ин нишондиҳанда кишвари мо дар ҷойи 130-ум қарор дорад. Сарфи назар аз ин, Тоҷикистон то имрӯз барномаҳо ва ташаббусҳои зиёди дохилидавлатиро қабул намуда, амалӣ мегардонад.
Тасмимҳои мо оид ба кабудизоркунӣ, рушди соҳаи гидроэнергетика, яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли "энергияи сабз", аз андозҳои аксиз ва арзиши иловашуда озод намудани воридоти нақлиёти барқӣ маҳз ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонагӣ ба муҳити зист нигаронда шудаанд. Кишвари мо ба таҳияи Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим вобаста ба самтҳои афзалиятнок ва иҷрои Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим оғоз намудааст.
Бовар дорем, ки созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, донорҳо ва давлатҳои пешрафта дар масъалаҳои оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани партови газҳои гулхонагӣ ва пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо минбаъд низ бо мо ҳамкории самарабахшро идома хоҳанд дод.
Хонумҳо ва ҷанобон!
Бо итминони комил гуфта метавонам, ки тасмимҳое, ки дар доираи чорабиниҳои Конфронси бистуҳафтуми тарафҳои Конвенсия гирифта мешаванд, ба ташаккули механизми ҳамкориҳо дар ин самт  дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ мусоидат хоҳанд кард.
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2022    №: 214    Мутолиа карданд: 1163
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед