logo

сиёсат

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи Павилйони Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП - 27)

7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар маросими ифтитоҳи Павилйони Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП - 27) иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар маросими ифтитоҳи Павилйони Тоҷикистон, ҳамчунин, директори иҷроияи Фонди иқлими сабз Яник Глемарик, президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио, Котиби генералии Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ Петтери Таалас ва намояндагони дигар кишварҳову созмонҳо иштирок карданд.
Павилйони Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронс аз 7 то 18 ноябр дар шаҳри Шарм-уш-Шайх бо мақсади муаррифӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии баланди ҷумҳурӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим, афзудани бештари сармоягузорӣ барои мутобиқ гардондани соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар ба тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ташкил гардидааст.
Бояд  гуфт,  ки  Тоҷикистон  Конвенсияи  Созмони Милали  Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлимро соли 1998 ва Созишномаи Парижро соли 2017 тасдиқ кардааст.
Тибқи муқаррароти қабулгардида, Конфронси тарафҳои Конвенсияи мазкур дар як сол як маротиба бо иштироки сарварони давлатҳо ва ҳайати васеи намояндагони кишварҳои аъзо, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар тарафҳои ҳавасманд баргузор мегардад.
Инчунин, дар ҳошияи Конфронс бо мақсади муаррифии сиёсати пешгирифтаи давлатҳои аъзо дар самти иҷрои уҳдадориҳо дар назди Конвенсия баргузории чорабиниҳои канорӣ, ҳамоишҳо ва вохӯриҳо, павилйонҳо ташкил мешаванд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2022    №: 214    Мутолиа карданд: 287
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед