logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Павилйони об дар Конфронси бистуҳафтуми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, шаҳри Шарм-уш-Шайх, 7 ноябри соли 2022

 

Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Лутфан, ҳамаи шуморо дар маросими кушодашавии Павилйони об аз номи Тоҷикистон шодбош мегӯям.
 Кишвари мо тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир масъалаҳои обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд бомаром ва фаъолона пеш мебарад. Дар ин давра бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳашт қатъномаи марбут ба обро қабул намудааст. Қатъномаҳо дар бораи эълон кардани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005 - 2015 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об” аз ҷумлаи чунин иқдомот мебошанд. Чорабиниҳои мазкур ба пешбурди масъалаҳои об дар сатҳи глобалӣ мусоидати муассир намуда, дар ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати ҳаллу фасли онҳо саҳми муносиб гузоштаанд.
Дар зимн, бо ташаббуси кишвари мо Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро дар хусуси Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” қабул кард. Меҳвари талошҳои ин Даҳсоларо такон ва суръати тоза бахшидан ба амалҳо дар соҳаи об бо мақсади ноил гаштан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ташкил медиҳанд.
 Моҳи июни соли равон мо Конфронси дуюми Душанберо оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” доир намудем. Дар ин ҳамоиш паёмҳои калидӣ барои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023, ки дар чорчӯби он раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи мазкур арзёбӣ мегарданд, таҳия карда шуданд.
Чуноне ки маълум аст, ҳамоиши соли оянда дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид бори дувум аст, ки баргузор мегардад ва интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он хеле зиёданд. Тоҷикистон ва Нидерланд ба ҳайси ҳамраисони Конфронс кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки онро на танҳо аз лиҳози замонӣ, балки аз лиҳози натиҷаҳояш низ, таърихӣ гардонанд.
Боиси қаноатмандист, ки Павилйони об низ Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳидро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор додааст ва итминон дорам, ки самараи иҷлосу мубоҳисаҳо дар доираи он ба раванди омодагӣ ба ин ҳамоиши бонуфуз дар соли оянда саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Ҳозирини гиромӣ!
Захираҳои об ва тағйирёбии иқлим ба ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Мо инро дар Тоҷикистон, ки зиёда 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ташаккул меёбад, бармало мушоҳида менамоем. Бар асари гармшавии иқлим суръати обшавии пиряхҳои мо сол ба сол баланд шуда истодааст. То имрӯз аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон як ҳазораш пурра аз байн рафтааст.
Селу обхезиҳо, хушксолиҳо ва дигар офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола дар кишвар хисороти зиёди иқтисодию иҷтимоиро ба бор оварда, дар аксари мавридҳо боиси талафоти ҷонӣ мегарданд.
Ҷанбаи муҳими тасмимҳои моро дар ҷодаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонагӣ ба муҳити зист ташкил медиҳад.
Тоҷикистон айни ҳол 98 фоизи қувваи барқи худро аз неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда, аз рӯйи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Мо ният дорем, ки дар оянда иқтидорҳои худро оид ба тавлиди “неруи сабз” аз манбаъҳои барқароршаванда дучанд афзоиш диҳем.
Дар баробари ин, кишвари мо тавассути паст кардани хатару таҳдидҳои офатҳои табиӣ ва мудирияти устувори захираҳои об, ки дар расидан ба ҳадафҳои марбут ба иқлим нақши калидӣ доранд, саҳми муносиб мегузорад.   
 Пешвоёни Эътилофи обу иқлим, ки Тоҷикистон узви фаъоли он мебошад, дар нишасти Душанбе нақшаи амали худро тасдиқ намуданд, ки дар ин самт иқдому ташаббусҳои гуногунро дар бар мегирад. Аз ҷумла, имрӯзҳо пешниҳоди мо оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дорад. Инчунин, мо дар чорчӯби талошҳоямон ҷиҳати омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ҳамбастагии обу иқлимро ба ҳайси яке аз мавзуъҳои асосии он пешниҳод намудем.
Талошҳои мо дар доираи Нишасти Шарм-уш-Шайх, ҳамчунин, ба ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба нақши калидии захираҳои об дар ноил гардидан ба ҳадафҳои иқлимӣ ва даъват ба амалҳои муосиру инноватсионӣ дар ин самт нигаронда шудаанд.
Мо итминони комил дорем, ки Павилйони об низ дар пешбурди ин ҳадафҳо саҳми муносиби худро хоҳад гузошт.
Бо истифода аз фурсат, ба ҷониби Миср барои афзалият додан ба масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии иқлимӣ ва ҳамкориву ҳамдастӣ дар ташкили ин Павилйони об, инчунин, ба ҳукуматҳои Нидерланд, Британияи Кабир, Олмон ва созмону ниҳодҳои марбута, ки дар ташкили он саҳми арзанда гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ менамоям.
Итминон дорам, ки ин талошҳои якҷояи мо самараи дилхоҳ хоҳанд дод ва мо моҳи марти соли оянда дар Ню-Йорк дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид метавонем таҳаввулоти ҷиддиро дар ҳаллу фасли масъалаҳои об амалӣ намоем.
Ба ҳамаи мо дар ин ҷода барору комёбӣ мехоҳам.
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон!
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2022    №: 214    Мутолиа карданд: 1275
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед