мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ДАБИРИ КУЛЛИ СММ АНТОНИО ГУТЕРРИШ
8 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи иҷлоси бистуҳафтуми Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии Тоҷикистонро барои идома ва густариши минбаъдаи робитаҳои судманд бо Созмон ва ниҳодҳои он иброз намуданд.
Таъкид гардид, ки имсол аз узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид 30 сол пур шуд ва кишвари мо дар ин муддат дар роҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, таъмини арзишҳои волои инсоният, муқовимати муассир ба хатару таҳдидҳои замони муосирро муҳокима карданд. Масъалаи вобаста ба вазъият дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақа низ баррасӣ гардид.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли норасоии оби ошомиданӣ, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва дигар талошҳои арзишманди кишвари мо, табодули андеша карданд.
Таъкид шуд, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон ҳазор пирях пурра об шудааст. Офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти кишвар 250 миллион доллар зарари моливу моддӣ расонда, дар бисёр мавридҳо боиси талафоти ҷонӣ ҳам гаштааст.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид нақши пешвоӣ ва калидии Тоҷикистон ва Сарвари онро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус мушкилоти вобаста ба об ва масъалаҳои умдаи амниятӣ таъкид намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.11.2022 №: 215 Мутолиа карданд: 1240