logo

иҷтимоиёт

ДЗЮДОЧИИ № 1-И САЙЁРА. БО ИФТИХОР ДАР БОРАИ ТЕМУР РАҲИМОВ ҶАҲОНПАҲЛАВОНИ ТОҶИК

Шоми 6 ноябр, ки мардуми кишвар сари дастархони идона Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекарданд, Темур Раҳимов, паҳлавони маъруф, бо ғалабааш дар мусобиқоти “Baky Grand Slam 2022” (4 – 6 ноябр, Озарбойҷон) шоми тоҷикистониёнро “тиллоӣ” намуд. Садо додани Суруди миллӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Рӯзи Конститутсия бисёр рамзӣ, ҳамзамон, туҳфаи арзанда буд. Аз дигар ҷиҳат, бори аввал ба дзюдочии тоҷик муяссар гашт, ки дар таърихи варзиши кишвар дар мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург” медали тилло ба даст оварад. Акнун, 6 ноябр боз як рӯйдоди дигар дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт гардид.
Рақобати финалии вазни +100 килограммро, ки Темур Раҳимов ва ҳамтои ӯзбекаш Алишер Юсупов ба рӯи гилем баромаданд, мустақиман тариқи телевизиони «Варзиш» тамошо доштам. Баъд аз оне, ки паҳлавони тоҷик ҳарифашро ба тахтапушт афтонд (як дақиқаю даҳ сония мондан, то анҷоми вақт), аз ғояти шодӣ чунон “иппон” гуфта дод задам, ки ба қавле хона ба ларза омад. Духтарчаи яксолаам – Азизмоҳ, ки канорам менишаст, аввал тарсид ва баъдан дар пайравӣ ба ман ӯ низ садо баланд кард, ки бисёр гуворо буд. Ва зуд ин паёмро тариқи шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ба ҳамватанон расонда, онҳоро бо ин рӯйдод табрик намудам. 
Ҳамагӣ пас аз чанд дақиқаи музаффарият номи Темур дар сархати шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, сокинон бо сипос аз ин паҳлавон ҳамдиёронро табрик мекарданд, зеро мардум ин лаҳзаро дер боз интизор буд.
Дар толори варзишии шаҳри Боку як гурӯҳ мухлисони тоҷик низ дар даст Парчами давлатӣ аз ҳунари волои Темур истиқбол намуда, бо як овоз “Темур, Темур, Темур!” мегуфтанд. Варзишгари мо дар маросими ҷоизасупорӣ бо чеҳраи хандону сари баланд Суруди миллии кишварро мехонд, ки бисёр зебанда буд.
Месазад, ки масири тайнамудаи Темур Раҳимовро бори дигар ёдовар шавем. Ӯ дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм бо Серафим Компаниез (Исроил) қувва озмуд. Дар ин рақобат Темур тавонист, ки рақибро дар ҳолати “осаикоми” (20 сония бо пушт дар рӯйи гилем нигоҳ доштани ҳариф) нигоҳ дошта, пирӯз шавад ва ба чорякфинал роҳ ёбад. Ҳарифи гуштигири тоҷик дар ин давр Саба Инанейшвилии гурҷӣ буд. Темур дар лаҳзаҳои охир як "вазарӣ" гирифта, роҳашро ба даври нимниҳоӣ ҳамвор намуд. Дар нимфинал Темур бо Мартти Пуумалайнен (Финландия) гуштӣ гирифт. Дар вақти асосӣ ғолиб муайян нагашт ва дар “вақти тиллоӣ” паҳлавони мо ҳарифро ба тахтапушт зад. 
Темур Раҳимов ба ҷуз аз медали тилло, бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 5000 евро мукофотонда шуд. Инчунин, соҳиби 1000 имтиёзи олимпӣ гардид ва мавқеашро дар садри ҷадвали беҳтарин дзюдокорони ҷаҳон дар вазни +100 устувор намуд. 
Парвиз  Нориён,  муовини раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, Темурро дзюдокори таърихсози варзиши тоҷик унвон карда, чунин гуфт: “Касе то Темур  Раҳимов  аз Тоҷикистони  соҳибистиқлол садри беҳтаринҳои дзюдои ҷаҳон набуду мисолаш ягон паҳлавон нишони тиллои Гранд Сламро соҳиб нагашта буд. Ба истиқболи ин паҳлавони хушқаду қомати “рустамона” Парчами давлатӣ боло ва Суруди миллӣ садо дод. Умедворем, ки ин танҳо аввали корномаи тиллоофараш ҳаст ва ҷилои ҳунараш ҳанӯзам ояндаи пуршукӯҳ дорад”. 
Зимнан, бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа дзюдочии дигари тоҷик Муллораҷаб Халифаев низ зери вазни 66 килограмм маҳорати баланд нишон дода, ба гирифтани медали нуқра даст ёфт. 
Ҳамин тавр, Тоҷикистон бо медали тилло ва нуқра дар “Baky Grand Slam 2022” миёни 61 кишвар мақоми 6-умро касб кард.
 
ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ
Пас аз ин музаффарият 7 ноябр бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов, узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштӣ”, барои гирифтани ҷойи якум дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Боку – 2022 хонаи истиқоматии 2-ҳуҷрагӣ дар пойтахт бо тамоми шароити рӯзгор туҳфа гардид. Ба Муллораҷаб Халифаев, дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии № 6 оид ба намудҳои гуштӣ”-и шаҳри Душанбе, 100 000 сомонӣ тақдим шуд.
Боиси тазаккур аст, ки қаблан, Рустами Эмомалӣ ба гуштигири дигари кишвар Эмомалӣ Нуралӣ барои қаҳрамонӣ дар чемпионати ҷаҳон миёни наврасон (7 – 12 август, Эквадор) хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим намуда буд. 
Коршиносон ва ҳаводорони варзиш ин иқдомро барои рушди варзиши тоҷик назаррас арзёбӣ карда, онро як ангеза барои варзишгарон унвон намуданд.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
 
PS. Субҳи имрӯз Темур Раҳимов аз шаҳри Боку ба Ватан баргашт. Паҳлавони тоҷикро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе намояндагони соҳаи варзиши мамлакат, наздикону пайвандон, дӯстон ва мухлисон бо гулдастаҳо гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2022    №: 215    Мутолиа карданд: 952
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед