logo

иқтисод

ХОРУҒ. ТАНЗИМИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲҲО ТАНЗИМИ ШАҲРДОРИСТ!

 
Ҳар саҳарӣ, вақти ба кор омадан, роҳам аз назди бинои идораи телевизиони “Бадахшон” мегузарад. Вале ҳанӯз аз бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нагузашта, танбашавии нақлиёт дар кӯчаи марказии шаҳри Хоруғ сар мешавад. 
 
– Ҳар рӯз ҳол ҳамин аст. Касе аз пайи ҳалли ин мушкилот нест. Нозирони роҳ дар гузаргоҳи мусофирони назди бинои ҶСК “Тоҷиктелеком” дар вилоят истода, пиёдагардҳоро аз як тарафи роҳ ба тарафи дигараш мегузаронанд, вале ба мошинҳое, ки ба паскӯчаи тарафи Литсейи Оғохон рафта меоянд, касе кордор намешавад. Ҳол он ки онҳо сабаби асосии танбашавии нақлиёт дар ин масир мегарданд, - мегӯянд ронандаҳои мошинҳое, ки мусофиронро аз терминали Бидурд ба шаҳр меоранд.
  Дарвоқеъ, тавре  мушоҳида мекунем, бисёри мошинҳое, ки аз кӯчаи марказӣ мегузаранд, ба ин паскӯча тоб мехӯранд ва боиси танбашавии нақлиёт дар роҳи асосӣ мегарданд. Соҳибони ин мошинҳо фарзандонашонро назди даромадгоҳи Литсей фароварда, пас мегарданд. Чӣ мешуд, агар падару модарон фарзандонашонро то даромадгоҳи паскӯча оварда, он тарафашро пиёда мерафтанд. Зеро 200 – 300 метр ҳар саҳарӣ қадам задан, ба гуфтаи табибон, ба саломатии кӯдакон фоида дораду зарар не! Аз тарафи дигар, низоми ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи марказӣ халалдор намегардид. Бинобар ин, бисёре аз шаҳрвандон пешниҳод мекунанд, ки бо мақсади пешгирии танбашавии нақлиёт дар ин роҳ, аз ҷониби мақомоти дахлдор ҳаракати ҳар гуна мошин ба ин паскӯча маҳдуд ва дар сари роҳ аломати даркории огоҳкунанда гузошта шавад. 
Аз наздикии бинои театри вилоятӣ сар карда, то бинои Мақомоти вилоят ду тарафи кӯчаи марказӣ дар давоми рӯз ба таваққуфгоҳи мошинҳои кормандони идораву муассисаҳои атроф табдил ёфтааст, ки ин ҳам ба ҳаракати нақлиёт дар ин масири роҳ халал мерасонад. Ронандагони нақлиёти мусофиркаш бошанд, куҷое рост ояд, мошинро боз дошта, мусофир мефароранду мегиранд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҷиҳати манъи ташкили таваққуфгоҳ дар сари ин қитъаи роҳ аз ҷониби мақомоти дахлдор чораҷӯӣ карда шавад. Шояд вақти он ҳам расида бошад, ки дар ин мавзеъ, масалан дар майдончаи назди бинои ҶСК “Тоҷиктелеком” барои мошинҳое, ки ду тарафи роҳро давоми рӯз банд карда, ба ҳаракати нақлиёт монеа эҷод мекунанд, таваққуфгоҳ ташкил намоянд.
Тавре мушоҳида мешавад, кормандони Бозрасии давлатии нақлиёти автомобилӣ дар шаҳр сари ҳар қадам дучор меоянд. Вале, ба гуфтаи ронандаҳо, онҳо нисбат ба қоидавайронкунии пиёдагардон ҳангоми ҳаракат дар кӯча камтар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Масалан, дар назди бозори марказии шаҳр, бо вуҷуди он ки ҳаракат дар роҳ пайваста таҳти назорати нозирони бозрасии давлатӣ қарор дорад, низоми ҳаракати мошинҳо бештар бо айби пиёдагардон халалдор мегардад. Бисёр вақт пиёдагардон бар хилофи қоидаи ҳаракат дар роҳ аз ҷойҳое, ки кӯчаро гузаштан манъ аст, мегузаранд ва ба ҳаракати муназзами нақлиёт халал ворид месозанд. 
– Вазъият дар назди сероҳаи марказии шаҳр ҳам беҳбудӣ металабад, – арз мекунад ронандаи дигар. Чун пештара қоидаи ҳаракати роҳро дар ин ҷо ҳам бештар мусофирон вайрон месозанд. Дар сероҳаи маҳаллаи Бойни бошад, дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳам аз тарафи ронандагон ва ҳам пиёдагардон ба ҳукми анъана даромадааст. Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳр бошад, роҳ барои пиёдагардҳо (тротуар) тамоман аз байн рафтааст. Масалан, аз гардиши назди маркази ташхиси тиббӣ, воқеъ дар маҳаллаи Бархоруғ то сероҳаи маҳаллаи Бойни ва аз он ҷо то маҳаллаи УПД ва самти ноҳияи Роштқалъа роҳҳои пиёдагард кайҳо аз байн бардошта шуда, пиёдагардҳо ба ду самт бо роҳи мошингузар ҳаракат мекунанд, ки ин ҳолат боиси эҷоди хатар, садама ва дигар хел нофаҳмиҳо мегардад.
Ҳарчанд дар самти риояи қоидаи ҳаракат дар роҳ дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби ронандагон нисбат ба чанд соли охир беҳбудиҳо ба даст омада бошанд ҳам, ҳанӯз дар фаъолияти ронандагони алоҳида, махсусан дар ҷойҳое, ки чашми нозирони бозрасии давлатӣ ва Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт намерасад, саҳлангориҳо ба мушоҳида мерасанд. Ронандаҳои ҷавон баъзан дар байни роҳ мошинҳояшонро боз дошта, бо ҳам суҳбати сарироҳӣ ташкил мекунанд ва барои ҳаракати дигар нақлиётҳо монеа эҷод месозанд.
– Дар хатсайрҳои якуму дуюми шаҳр на ҳамаи ронандаҳо то нуқтаи охирини хатсайр ба мусофирон хизмат мерасонанд. Бинобар ин, аксари мусофирон аз нуқтаҳои дурдас-ти шаҳр сари вақт ба манзил намерасанд, коркунон ба кор ва хонандагону донишҷӯён ба дарс дер мекунанд. Дар нуқтаҳои аввалу охири хатсайрҳо бояд кормандони идораҳои масъул истода, аз фаъолияти ронандагоне, ки дар ин хатсайрҳо хизмат мерасонанд, назорат баранд. Ронандагони хатсайрҳо бо либоси махсус таъмин нашуда, меъёри ҳаққи роҳкиро низ пурра риоя намегардад, – зикр кард Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси ВМКБ, дар машварати ҷамъбасти нуҳмоҳа. 
Сокинони шаҳру меҳмонони он, ҳамчунин, бештар аз он шикоят доранд, ки нархи роҳкиро дар хатсайрҳо гарон аст. Ронандагон одатан вақти баланд шудани нархи сӯзишворӣ ҳаққи роҳкироро баланд мебардоранд, вале вақте нархи сӯзишворӣ коҳиш ёбад ҳам, дигар онро паст намефароранд. Дар хатсайрҳои шаҳр хизматрасонии нақлиёт баъди нисфирӯзӣ коҳиш ёфта, баъди соатҳои 17-18 тамоман қатъ мегардад, ки боиси ба мушкилот дучор омадани мусофирон мегардад. 
Вақте ки мавод омодаи чоп мешуд, хушхабар расид, ки ҳамакнун дар назди бозори марказии шаҳр нозирони роҳ пиёдагардонро ҳам барои риоя накардани қоидаи ҳаракат дар кӯча, бахусус ҳангоми гузаштан аз роҳ дар ҷойҳое, ки манъ аст, боздошт ва ҷарима мекунанд, ки ин, албатта, лоиқи дастгирӣ мебошад.
Тавре Саъдоншо Ҷанобалишоев, мудири бахши иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ дод, масъалаи хизматрасонии нақлиёт, хусусан дар шаҳри Хоруғ, мавриди баррасии машварати назди муовини аввали раиси вилоят Мирзозода Юсуф гардида, ба масъулони соҳа супориши қатъӣ дода шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бартараф карда, сифати хизматрасонии нақлиётро мувофиқи талаботи замон ба роҳ монанд. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2022    №: 215    Мутолиа карданд: 1026
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед