logo

иҷтимоиёт

ҶДММ «ШОҲЁР». БЕҲТАРИН ТАБИБИ ХАЛҚӢ ХИДМАТРАСОНИ ШУМОСТ

 
Мехоҳам тавассути Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба фаъолияти ширкати табобатие баҳои воқеъбинона дода, табиберо, ки бо дастони муъҷизанокаш бемориҳои сутунмуҳравӣ ва байнисутунмуҳравиро табобат намуда, маризонро бе ҷарроҳӣ аз дарди ҷонкоҳ раҳо мебахшад, муаррифӣ намоям. Вақте ба қабулгоҳаш омадам, дар навбат одамон зиёд буданд. Мардум аҷоиб хислат доранд, махсусан беморон. Шинос ё ношинос ба ҳам дарди дил мекунанд. Аз суҳбати чанд нафар фаҳмидам, ки онҳо аз Рашту Шаҳринав, Айниву Шаҳристон, Муъминободу Шаҳритус ва ҳатто, аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистонанд. Онҳоро дарди миёншикани сутунмуҳра ин ҷо ба назди табиби сабукдаст Бахтиёр Шоҳев овардааст.
Яке аз онҳо, Ирода Убайдуллоеваи 62-сола, сокини ноҳияи   Сурхондарёи  Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба ҳампаҳлуяш мегуфт: «Ман  қариб сӣ сол  аз бемории чурраи сутунмуҳраву гардан ва артрози   зону ранҷ бурдам.  Аз бисёр мутахассисони тиб   табобат гирифтам, вале  натиҷаи хуб надод.  Чун  хабар ёфтам, ки  дар  Тоҷикистон   Бахтиёр ном табибе давои дардҳои  маро ёфтааст, хушҳол шудаму бо расидани фурсати муносиб омадам. Шукр, ки ҳоло рафтуомад байни сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон осон аст, ҳазор ташаккуру сипос ба сарварони ҷумҳуриҳоямон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки сарҳадҳоро кушода, ҳамаи мушкилотро бартараф намуданд. Табиби ҳозиқ Бахтиёр дардамро ташхис кард, чанд курси табобатӣ фармуд, гирифтам. Айни ҳол худро бардаму солим  эҳсос месозам. Барои  изҳори сипос омадам. Нафари дуюмӣ низ ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфт: «Ман Насиба Камолова, 60-солаам, аз ин нисфи умрам дар остони беморхонаҳо сипарӣ гашт, аз шаҳри Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон  мебошам.  Шунидам, ки Бахтиёр, Худо ба касбу кораш баракат диҳад, тамоми намуди чурраҳову артрозро даво мебахшидааст. Аз  забони бисёриҳо шунидаму омадам. Хайрият, шифо ёфтам. Табиб Бахтиёр   се курси табобатӣ фармуд, аллакай, баъди ду курси табобатӣ дар худ   сабукие ҳис менамояму  бовар дорам, ки  саломатиам  барқарор мешавад».   
 Бахтиёр Шоҳев дорандаи   сертификати  дараҷаи касбии доктори терапияи мануалии   Вазорати   таҳсилоти умумӣ ва касбии Федератсияи Россия мебошад. ҶДММ «Шоҳёр» таҳти корбарии   фарди   донишманд  Бахтиёр Шоҳев   бисёр беморони чурраи сутунмуҳраро бе ҷарроҳӣ табобат кардааст. 
Аз суҳбат бо ӯ иттилоъ ёфтам, ки  табиб    ахири  солҳои  90-уми асри гузашта ба Федератсияи Россия, сипас ба  шаҳри  Днепропетровски  Украина рафта, аз табибони машҳур сабақ гирифтаву таҷриба омӯхтааст. Табиб  аз солҳои донишомӯзиаш дар ин шаҳр чунин ёдовар мешавад: «Устоде, ки маро  дар интихоби  пешаи табиби халқӣ дар шохаи рагмолӣ  ба пой устувор сохт, устоди бузургам Александр Житенко мебошад.  Ҳини аввалин  бор бо ҳам  вохӯрдан, ин суханони  устодам ба ман таассуроти амиқе дар роҳи ояндаи касбиам  бахшид:   «Аз байни бисёр хоҳишмандони ҳамватанам туи  тоҷикро ба шогирдӣ баргузидам, зеро дар симои ту табиби ояндаи халқиро мебинам». Ин  суханони  боэътимодона  арздоштаи устодам мақсади маро дар роҳи хидмат расондан ба мардум қавитар намуд.  Баъдтар ба   Душанбе омада,  дар  Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ  ба фаъолият пардохтам. Дар назди устод   Муллозоҳир Тоҳирӣ низ таҷрибаву дониши андӯхтаамро сайқалу такмил бахшидам.
 
Иронбӣ МӮСОЗОДА, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2022    №: 215    Мутолиа карданд: 1175
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед