logo

сиёсат

17 РӮЗИ БАШОРАТБАХШ. ХОТИРАҲО АЗ ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХӢ

 
Давоми 17 рӯзе (16 ноябр – 2 декабр, соли 1992), ки дар боргоҳи иттиҳодофар – Қасри Арбоб Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт, метавон чанд санаи онро таърихӣ унвон кард: 16 ноябр – рӯзи ба кор шуруъ намудани Иҷлосия; 19 ноябр – ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани вакили халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон; 24 ноябр – рӯзи қабули муқаддасоти миллӣ – 
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 26 ноябр – рӯзе, ки Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ (Сарвари давлат) сарварони дастаҳои мусаллаҳи ҷонибҳои даргирро бо нияти ба даст овардани сулҳ дар толори иҷлосия ҷамъ намудаанд ва онҳо дар назди Парчами давлатӣ қасам ёд карда, ба ҳамдигар оғӯш кушоданд. 
Пас аз ба мувофиқа омадани ҷонибҳои даргир дар саҳни Қасри Арбоб оши оштӣ дода шуд. Шоири халқии Тоҷикистон зиндаёд Ашӯр Сафар, аз ғояти шодӣ ба ин муносибат ва ба ифтихори Раиси Шурои Олӣ интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рафти Иҷлосияи таърихиро тавассути оинаи нилгун тамошо мекард, бадоҳатан дар ҳамон рӯз шеъреро эҷод намуд, ки чанд байти онро меорем: 
Ҷомаи Сулҳ ба тан омадаӣ,
Ба даҳан қанди сухан омадаӣ.
Ба замин не, ба ҳаво не, ба куҷо?
Сар-сари дидаи ман омадаӣ!
 
Қатъи назар аз ин, Пешвои миллат барои расидани Тоҷикистон ба сулҳи воқеӣ анқариб панҷ соли дигар талошу ҷонбозиҳо, сафарҳо, мулоқоту гуфтушунидҳо бо мухолифин доштанд. Ниҳоят, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид, ки дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон бо ҳарфҳои зарҳалин сабт шудааст. 
Ин ҳама нишон медиҳад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашид, ҷинояткоронро афв кард, гурезаю муҳоҷири иҷбориро ба Ватан баргардонда, ба миллати мотамзада сулҳу ваҳдат ва суботу амният овард. Ин чеҳраи тобони таърих пояи давлатдориро дубора аз сифр бунёд намуда, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ кард, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо карданд. 
Имсол аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӣ сол ва аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ бисту панҷ сол пур шуд. Дар муддати на чандон мадид кишвари мо зери роҳбарии Пешвои миллат ба дастовардҳое ноил гардид, ки амсолашро таърихи давлатдории тоҷикон ёд надорад. 
Аз ин рӯ, аз гузашта бояд дарси ибрат гирифт, зеро таърих моро меомӯзонад, то дигар хато накунем. Аз ҳамин хотир, Сарвари давлат доимо ба сокинони кишвар, махсусан наврасону ҷавонон, талқин мекунанд, ки таърихи халқи худро хонанду омӯзанд ва аз он сабақи ибрат гиранд.
 
Н. РАСУЛЗОДА, 
раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2022    №: 215    Мутолиа карданд: 391
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед