logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ЭКОЛОГӢ АЗ АРЗИШҲОИ МЕҲВАРИИ ДАВЛАТДОРИСТ

 
Тайи солҳои ахир мушкилоти экологӣ ва ҳифзи табиат қисми ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти давлату давлатдорӣ гаштааст. Зеро мушкилоти экологӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданию маводи озуқаворӣ, хушксолӣ, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, афзоиши шумораи офатҳои табиӣ, нобудшавии гуногунии биологӣ, ҷамъшавии партовҳо, таназзулёбии замин ва ғайра дар ҷаҳон нигаронии ҷиддиро ба бор оварда истодааст. 
Бо дарки муҳимияти масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ сиёсати экологиро ҳамчун яке аз авлавиятҳои сиёсати давлати мо ба роҳ мондаанд. Вобаста ба ин, Сарвари давлат дар иҷлосияи бистуҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27), ки чанд рӯз қабл дар Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардид, чунин баён доштанд: “Хушксоливу обхезиҳои бесобиқаи соли равон дар ҷаҳон ва аз он ҷумла, дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори дигар собит намуданд, ки тағйирёбии иқлим аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон боқӣ мемонад. Имрӯз захираҳои об зери таъсири ҷиддии тағйирёбии иқлим қарор доранд. Намунаи возеҳи ин падидаро мо дар обшавии босуръати пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ, аз ҷумла пиряхҳои Тоҷикистон, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, мушоҳида менамоем. Дар ин замина, мо дар доираи Эътилофи обу иқлим пешниҳод намудем, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад”.
Дар баробари ин, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили об, ба монанди «Соли оби тоза» (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005 – 2015), «Дипломатияи об ё риштаи ҳамкорӣ дар масоили об» (соли 2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028» амалӣ шуданд ва шуда истодаанд. 
Пешвои миллат тавонистанд, ки миллату халқиятҳои гуногунро баҳри ҳалли ин мушкилот муттаҳид созанд, аз тарафи дигар, арзишҳои фарҳанги экологии халқи тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ тарғиб намоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи сиёсати экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ стратегия, консепсия ва барномаҳои давлатию соҳавиро, аз қабили «Консепсияи ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019», «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2030» қабул намуд. Гузашта аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари мустақил ба 10 конвенсияи байналмилалии соҳаи муҳити зист шомил мебошад. Аз ин дидгоҳ, Тоҷикистон рисолати хешро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ амалӣ менамояд. Ин сиёсат, аз як тараф, баҳри ба эътидол овардани вазъияти экологӣ дар сатҳи миллӣ равона шуда бошад, аз ҷониби дигар, роҳи манфиатноки зина ба зина ворид гардидан ба равандҳои глобалиро нишон медиҳад, зеро ҳамбастагии масъалаҳои обу иқлим аз мавзуъҳои меҳварии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. 
 
Арафамо САЛИМОВА, 
корманди Осорхонаи миллӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2022    №: 215    Мутолиа карданд: 571
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед