logo

иҷтимоиёт

МИЛИТСИЯ. ҲОМИИ МАНУ МО

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» иди касбии кормандони милитсия 10 ноябр муқаррар шудааст. Ин сана аз ҷиҳати илмиву таърихӣ исбот шудааст ва санадҳои таърихие, ки имрӯз мавҷуданд аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Далелҳои муътамад гувоҳи онанд, ки ҳанӯз дар давраи Инқилоби Октябр дар қисмати шимолии Тоҷикистони имрӯза нахустин дастаҳои милитсия созмон ёфта буданд.
 
Асоси ҳуқуқии таъсисёбии милитсияро дар гӯшаву канори собиқ империяи Россия, ки қаламрави Тоҷикисони кунунӣ низ ба он дохил мешуд, Декрет «Дар бораи милитсияи коргарӣ», ки 10 ноябри соли 1917 ба тасвиб расонда буд, ташкил медиҳад. Бинобар ин, 10 ноябр ҷашн гирифтани Рӯзи милитсияи тоҷик аз ҷиҳати таърихӣ ва илмӣ воқеан дуруст мебошад.
Мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонанд.
Баъди ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин, заиф гардондани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор гирифта буд.
Ҳодисаҳои маълуми солҳои 90-ум ва ҷанги фалокатбори таҳмилӣ пешорӯи шарафу мардонагӣ ва садоқату шуҷоатмандии милитсияи тоҷик имтиҳони навбатиро гузошт. Он солҳо мақомоти милитсия дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа, барқарор намудани сохти конститутсионии давлат ва ҳимояи ҳаёти осудаи сокинони мамлакат камар баста, дар ҷараёни он садҳо нафар кормандони милитсия ҷони худро аз даст доданд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои калидии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба шумор рафта, ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ, таъмини тартиботу бехатарии ҷамъиятӣ, ошкор намудан, таҳқиқу тафтиши ҷиноятҳо, ҷустуҷӯи шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, ҳимояи ҳама гуна шакли моликият аз кирдорҳои ғайриқонунӣ аз самтҳои асосии фаъолияти ин мақомот ба шумор мераванд.
Тавре Пешвои миллат дар муроҷиат ба кормандони милитсия зикр кардаанд: «Ҳеҷ кас мисли шумо дар ҷабҳаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон чунин ваколат надорад ва ҳеҷ яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мисли шумо бо халқ наздик нест. Ман ба ақлу заковат, донишу маҳорат, поквиҷдонӣ, ватандӯстиву меҳанпарастии ҳар кадоми шумо бовар дорам ва мутмаинам, ки минбаъд низ аз иҷрои вазифа ва супоришҳое, ки давлату халқи Тоҷикистон дар назди шумо гузоштаанд, сарбаландона мебароед. Доимо дар хотир дошта бошед, ки шумо симо ва оинаи давлат ҳастед ва халқ ба шумо аз ҳамин нуқтаи назар баҳо медиҳад. Аз ин рӯ, кӯшиш кунед, ки ба ин боварӣ сазовор бошед».
Имрӯз шароите, ки барои кормандони мақомоти милитсия аз ҷониби Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда шудаанд, моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, аз ҷумла ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо зуҳуроти хатарноки замони муосир, дар маҷмуъ, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва Ватани азизамон – Тоҷикистон масъулияти бештар дошта бошем.
 
Илҳом СУЛТОНОВ, 
муаллими калони Сикл оид ба омодагии 
ҳуқуқи Маркази таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
подполковники милитсия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2022    №: 215    Мутолиа карданд: 1022
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед