logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ БИНОИ ҚИСМИ ҲАРБИИ ВКД

9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои қисми ҳарбии 3505-и раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуданд.
Бино сеошёна буда, барои хизмати афсарону сарбозон мутобиқ ба талабот шароит фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаи якум ҳуҷраҳои кории афсарон, нуқтаи тиббӣ, дар ошёнаҳои дуюму сеюм хобгоҳ, ҳаммом, китобхона ва маҷлисгоҳ ҷойгиранд. Дар ҳудуди қисми низомӣ ошхона бо 160 ҷой, толору майдончаҳои муосири варзиш, майдони сафороӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ сохта шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамшуда баҳои баланд дода, афсарону сарбозонро барои содиқона хизмат намудан ба нафъи давлату миллат ва ҳифзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳидоят карданд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи моддию техникии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ беҳтар гардида, афсарону сарбозон пайваста дастгирӣ меёбанд.
Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯзҳо ҷавонони шуҷои миллат баҳри ҳимояи Модар-Ватан омода буда, сарбаландона саҳми худро дар таъмини сулҳу субот ва сарҷамъии миллат мегузоранд.
Ҳадаф ва рисолати афсарони қисми ҳарбии 3505 таҳкими иқтидори ҷангии Қӯшунҳои дохилӣ вобаста ба таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи иншооти махсуси муҳими давлатӣ, мубориза бар зидди терроризм, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили ба амнияти ҷомеа хавфэҷодкунанда ба ҳисоб меравад.
Мураккаб гаштани вазъи сиёсии кишварҳои ҷаҳон кормандони ниҳодҳои ҳарбиро, ки бештар масъулияти бузурги ҳифзи Ватану таъмини суботу осоиштагии мардум аз онҳо бастагӣ дорад, водор месозад, то дар иҷрои ин рисолат беш аз ҳарвақта масъулиятнок бошанд.
Баъди боздид аз бинои қисми низомӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ба командири баталйони таъиноти махсуси  қисми ҳарбии 3505-и раёсати Қӯшунҳои дохилӣ байрақи ҷангиро ҳамчун рамзи қисми ҳарбӣ, шараф, ҷасорат, шуҷоат, содиқ  будан ба савганди ҳарбӣ ва хизмати софдилона ба Ватан супурданд.
Дар ҳамин ҷо, пас аз садо додани Суруди миллӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми гузашти низомӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амри фармондеҳи парад ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик гузашти ҳарбӣ оғоз гардид.
Дар он кормандони раёсату шуъбаҳо, хадамот, ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ ширкат варзиданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2022    №: 216    Мутолиа карданд: 571
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед