logo

иҷтимоиёт

СУБҲИДДИН ХАЛИЛЗОДА. ТОҶИКПИСАРЕ ДАР РОҲИ МУАРРИФИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Паҳлавони тоҷик Субҳиддин Халилзодаи 20 - сола, ки донишҷӯи курси 3-юми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов мебошад, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни ҷавонон (14 – 16 октябри соли 2022, Ереван, Арманистон) дар вазни 71 килограмм мақоми дуюмро касб намуд. Ӯ дар финал аз қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон Алӣ Дагоеви россиягӣ мағлуб шуд.
Субҳиддин то роҳ ёфтан ба вохӯрии ҳалкунанда дар зӯрозмоӣ бар Ярмуш Иван (Беларус, 6:0), Абдумажит Серик (Қазоқистон, 5:2) ва Ох Сион (Корея, 8:0) дастболо гардид. 
Имкони хуб доштам то қаҳрамони ҷаҳон шавам, вале бахт ба рӯи Алӣ Дагоев хандид. Бояд гӯям, ки ӯ аз ман дида хубтар гӯштӣ гирифт. 
Ба қаҳрамонии ҷаҳон дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо омодагии ҷиддӣ сафарбар гардида буд. Аз 17 нафари ширкатдошта ба 7 самбочӣ муяссар гашт, ки қаҳрамон ва ҷоизадори чемпионат шаванд. Мо ба хазинаи варзишии кишвар 7 медал (як тилло, ду нуқра ва чор биринҷӣ) ворид намудем,– гуфт Субҳиддин Халилзода. 
Гӯштигири ҷавони тоҷик аз синни 12-солагӣ зери роҳбарии мураббиҳо Иззат Худоиев ва Абдураҳмон Абдуллоев дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштӣ аз рӯи ин риштаи варзиш тамрин менамояд.
Иззат Худоиев, мураббии Субҳиддин, ки ҳамроҳаш ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” омада буд, чунин иброз дошт: “Аз Субҳиддин умедҳои калон дорам. Дар тамринҳо ва мусобиқоти дохилию хориҷӣ маҳорати баланд нишон медиҳад. Миёни самбочиёни қора ва ҷаҳон аз зумраи намоёнҳост. Итминон дорам, ки дастпарварам миёни калонсолон низ, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ арзанда муаррифӣ намуда, ба натиҷаи назаррас ноил мегардад”.
Бояд гуфт, ки Субҳиддин дар мусобиқоти дохилӣ дурахши хуб дорад. Дар намуди самбо шаш карат қаҳрамони Тоҷикистон миёни наврасон ва ҷавонон мебошад. Ҳоло миёни ҷавонон ӯ чемпиони феълии кишвар маҳсуб меёбад. Дар баробари гӯштии самбо вай, инчунин, дар намудҳои дзюдо, кураш ва гӯштии миллӣ «Гӯштигирӣ» ҳунар озмуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ даст ёфтааст. Ду бор унвони чемпионии мамлакатро оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон соҳиб гардида, қаҳрамони Тоҷикистон оид ба кураш миёни калонсолон (2022) мебошад. Ҳамзамон, дар гӯштии миллӣ «Гӯштигирӣ» байни ҷавонон (4 бор) ва калонсолон (2 бор) дар кишвар пирӯз шудааст.
Қаҳрамони мо аввалин медали худро дар мусобиқаи байналмилалӣ соли 2018 ба даст овардааст. Мавсуф дар Чемпионати ҷаҳон байни мактаббачаҳо (Орел, Федератсияи Россия, 2018) барандаи медали биринҷӣ шуда буд. Сипас, дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон (Тошкент, Ӯзбекистон, соли 2019) низ, зинаи сеюмро соҳиб гашт. Соли гузашта дар Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Тошкент гузашт, миёни ҷавонони қора сазовори нишони нуқра гардид. 
Имсол бошад, дар Чемпионати Осиё оид ба кураш, ки шаҳри Душанбе мизбони он буд, мақоми дуюмро касб кард. 
Субҳиддин Халилзода ба саволи чаро наметавонад дар се финал пирӯз шавад, чунин посух дод: “Рақобати ниҳоӣ дар мусобиқоти бонуфуз, аз ҷумла чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон, барои варзишгар аз ҳар ҷиҳат мушкил меафтад. Дар баробари зӯру бозуи боқувват, инчунин, аз нигоҳи равонӣ низ бояд омода бошӣ. Мутаассифона, дар се набарди финалӣ бахти варзишиам омад накард”.
– Орзуи ҳар варзишгар қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, ҷаҳон ва қора шудан аст. Ман ҳам истисно нестам, зеро вақте болои суфаи ифтихорӣ мебароӣ, ба шарафат Суруди миллии кишварат садо медиҳад ва ашки шодӣ беихтиёр ҷорӣ мешавад, ҳазорон нафар ба хотири ҳунари волоят каф мезанад, сарат баланд ва дилат ором мегирад. Он замон эҳсос менамоӣ, ки кӯшишу заҳматҳоят бесамар набудаанд, – зикр кард ҳамсуҳбати мо. – Мехоҳам изҳори сипоси худро тариқи рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба Шодӣ Сафар, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ва устодони Донишкада барои дастгириашон расонам.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2022    №: 216    Мутолиа карданд: 966
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед