logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ОЗОДИИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ

 
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба асосҳои иқтисодии давлат ва ҷамъият боби махсус надорад. Аммо набояд, чунин хулоса баровард, ки мафҳуми асосҳои иқтисодӣ ва соҳибкориро сарфи назар мекарда бошад. Барои озодии фаъолияти соҳибкорӣ меъёрҳои дар Конститутсия дарҷшуда, ки муносибатҳои соҳибкориро ба танзим медароранд, хусусан, нишондоди моддаи 12 он оид ба асоси иқтисодиётро ташкил додани шаклҳои гуногуни моликият, инчунин, озодии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат додани давлат аҳамияти калон доранд. 
Дар зери мафҳуми «Озодии фаъолияти соҳибкорӣ» ҳуқуқи оғоз кардан ва амалӣ намудани чунин фаъолият аз тарафи шаҳрванд ва ташкилот, дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт фаҳмида мешаванд. Ин принсип дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин сабт шудааст: «Давлат озодии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкориро кафолат медиҳад». Қисми 2-и он давлатро вазифадор сохтааст, ки ҳуқуқи субъектҳои гуногуни моликиятро якхела ҳимоя намояд, барои инкишофашон шароити якхела фароҳам орад ва онҳоро бо қоидаҳои рафтори ягона ба танзим дарорад. Вале бояд зикр кард, ки озодии фаъолияти соҳибкорӣ мутлақ набуда, мумкин аст аз тарафи қонунгузор ба манфиати ҷамъият маҳдуд карда шавад. То қабули Кодекси гражданӣ (қисми 1) тартиби иҷозатдиҳии намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ» аз 23 декабри соли 1991 ва бо иловаю тағйирот аз 14 декабри соли 1996 муқаррар карда шуда буд. 
Сарчашмаи ҳуқуқии соҳибкориро маҷмуи санадҳои ҳуқуқие, ки дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқ, ифода карда мешаванд, ташкил медиҳад. Дар самти танзими ҳуқуқии муносибатҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар қатори Конститутсия дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили қисмҳои якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (30.06.1999), қисми дуюм (11.12.1999) ва қисми сеюм (1 марти соли 2005); Кодекси мурофиавии иқтисодӣ; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол» (29.11.2000); «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» (15.03.2016); «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» (10.05.2002); «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»; «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»; «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва «Дар бораи мороторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» қабул шудаанд.
Татбиқи амалии онҳоро дар тамоми соҳаҳо ва қаламрави кишварамон ба таври васеъ мушоҳида кардан мумкин аст. Тасдиқи гуфтаҳои боло дар он ифода мегардад, ки 14 октябри соли 2014, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такони нав бахшидан ба рушди соҳибкорӣ, беҳбудии фазои сармоягузории кишвар дар фарҷоми мулоқоти судманди худ бо соҳибкорону сармоягузорон чунин гуфта буданд: «Пешниҳод мекунам, ки ба хотири заҳматҳои кашидаи шумо дар роҳи ободии Ватан ва ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти содиқонаву софдилонаатон 14-уми октябр дар мамлакат Рӯзи соҳибкорон эълон карда шавад». Бо ин мақсад низ 14.10.2015 бо иштироки Президенти кишварамон нахустин солгарди Рӯзи соҳибкор таҷлил гардид, ки дар он бурду бохт дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷумҳурӣ беш аз даҳ сол инҷониб дар бахши соҳибкорӣ марҳила ба марҳила ислоҳот идома дорад ва он низоми иҷозатдиҳӣ, бақайдгирӣ, азқайдбарорӣ, мороторияи санҷишҳои соҳибкории истеҳсолӣ, заминаи ҳуқуқию иқтисодии шарики давлат ва бахши хусусӣ, низоми андозбандӣ ва санҷишҳоро дар бар мегирад. Дар як соли охир қариб 688 нафар зиёд шудани теъдоди соҳибкорон худ шаҳодати самараи ислоҳот аст.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар ва хубтар фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқию иқтисодии ҳамкориҳои байни давлат ва соҳибкорон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарики давлат ва бахши хусусӣ» қабул гардид, инчунин, Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ қариб 10 сол инҷониб фаъолият менямояд. Дар баробари ин, бо мақсади вазъи дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ нисбати соҳибкороне, ки сармояи ибтидоӣ надоранд, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани қарзҳои имтиёзнок Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ” фаъолият менамоянд, ки аз буҷети давлат ва дигар сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешаванд. Барои мисол солҳои 2013-2018 аз ҷониби фонди мазкур 161 лоиҳа ба маблағи 222 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфтааст. Дар ин радиф 23.10.2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» таъсис ёфт, ки як такони ҷиддие барои ҳалли мушкилот дар ин самт хизмат хоҳад кард.
Ҳамин тариқ, бо назардошти гуфтаҳо ва факту рақамҳои дар боло зикршуда хулоса баровардан мумкин аст, ки меъёрҳои ҳуқуқии моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озодии фаъолияти соҳибкорӣ меъёри шахшудамонда набуда, балки меъёри ҳуқуқие мебошад, ки аз татбиқ шудан ё нашудани он дар амал ба инкишоф ва рушди муносибатҳои иқтисодии кишвар вобастагӣ дорад.
Аз ин рӯ, хотиррасон бояд кард, ки дастгирии яктарафаи давлат нисбати соҳибкорон самаранок нахоҳад шуд, агар соҳибкорон низ, дар инкишофи муносибатҳои иқтисодии кишварамон саҳми назаррасе нагузоранд. 
 
Бахтиёр НАЗАРОВ, 
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2022    №: 216    Мутолиа карданд: 1135
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед