фарҳанг
ШАҲРДОРӢ, ОДОБ, ОБОДОНӢ ВА ВАТАНДОРӢ
Дар тули 31 соли Истиқлоли давлатӣ шаҳри мо – Кӯлоб сол ба сол ободу зебо шуда, сатҳи зиндагии мардум бамаротиб боло меравад. Бунёди биноҳои хуштарҳи замонавию маъмурӣ, маърифатию тиҷоратӣ, инчунин, хиёбонҳои васеъшудаю гулгаштҳои Исмоили Сомонӣ, муҷтамаи 2700-солагии Кӯлоб, боғи фарҳангию фароғатии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, гулгаштҳои Хуталон, Сафар Амиршоев, боғи Ғалаба, донишгоҳу донишкада, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии бо таҷҳизоти технологияи инноватсионӣ муҷаҳҳаз ва даҳҳо иншоотҳои дигар ба ҳусни шаҳрамон ҳусни тоза меафзояд, ки ин ҳама аз баракати истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Вале, мутаассифона, дар баробари ин ҳама ободонӣ, ҳанӯз баъзе аз шаҳрвандони Кӯлоб худро дар тозаю озода нигоҳ доштани шаҳр масъул намешуморанд. Дар роҳу бероҳа, қади ҷӯйбор, хиёбону гулгаштҳо, хулоса, дар ҳар ҷое, ки рост омад, зарфҳои пластикии обҳои ташнагишикан, коғазпечҳои хӯрданӣ, пасмондаи дони офтобпараст, папиросу нос, умуман, чизҳои нодаркори худро мепартоем. Инчунин, дар баъзе маҳаллаю кӯчаҳо мардум хокрӯба ва дигар партовҳои хонаро сари роҳ мепартояд. Майдонҳои байни биноҳои баландошёна чунон ифлос аст, ки дидан баробар табъи кас хира мегардад. Азбаски хонаҳо танг аст, мо ғайри кӯдаки гаҳвора дигаронашро ба берун меронем, вале партовҳоро аз тиреза ба майдончае, ки кӯдаконамон бозӣ мекунанд, бепарвоёна мепартоем.
Меҳмонони зиёд ба тамошои шаҳри Кӯлоб ва зиёрати мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ меоянд. Мо - шаҳриён бояд аз худ одобу маданияти баланди шаҳрниншинӣ ва тоҷикона нишон диҳем. Вале аз чӣ бошад, ки модарону духтарони покдомани тоҷик либосҳои шустаро дар айвон (балкон) барои хушккунӣ ба намоиш мегузоранд, ки хоси одоби шаҳрдорӣ нест.
Бо дастури раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода сокинон, ташкилоту идораҳои шаҳр дар рӯзҳои истироҳат ҳашарҳои дастаҷамъӣ гузаронда, ҳазорҳо бех гул, ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонданд. Мутаассифона, баъзеи онҳоро гову дигар ҳайвонот хӯрда ва қисми дигарашро ҷавонону бачагони сабуксар шикастаанд. Ҷойи таассуф аст, ки қисми зиёдамон ин ҳолатҳоро мебинему муҳр бар лаб зада, хомӯшу бетарафем. Гузаштагони мо яке аз шартҳои ҷавонмардӣ хонаву роҳу пул сохтан, обод кардан ва дарахте сабзонданро медонистанд. Инсон ба муҳиту табиат ҳамбастагии ҷудонашавандае дорад, зеро худи вай низ як ҷузъи табиат аст. Пас, муҳофизати муҳити зист ҳам қарзи муқаддаси инсонии ӯ ба шумор меравад.
Дар хусуси автобусу микроавтобусҳои мусофирбар, автомашинаҳои кирокаши ифлос ва нақлиёти калонҳаҷми дуди ғализдоштае, ки аз меъёр зиёд қуму шағал бор карда, онҳоро резонда, роҳҳоро валангору шаҳрро чиркин мекунанд, дигар ҷойи гап нест. Кӣ бояд садди роҳи ин мушкилиҳо бошад?
Барои ҳаракати бехатари автомашинаҳо роҳҳои маҳаллии шаҳр таъмиру навсозӣ шуда, баҳри амнияти пиёдаравҳо ва низоми нақлиёт дар чорроҳаҳои кӯчаҳои шаҳр чароғакҳо насб гардиданд. Бо мақсади роҳ надодан ба тамбашавии нақлиёт дар назди бозорҳои «Лола», «Саховат», ҶДММ «Ғайрат» ва кӯчаи роҳи Чармгарон аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ роҳи иловагӣ кушода шуд. Мутаассифона, ронандагон аз ин роҳ кам истифода мебаранд. Сабаби танбашавии нақлиёт дар ҷойҳои зикршуда ин аст, ки қисми зиёди автомашинаҳо ба фурӯшандагони бозорҳо тааллуқ доранд, онҳо роҳро аз саҳар то бегоҳ банд карда, мушкилоти нақлиётӣ пеш меоранд. Шояд, бошад ниҳоди давлатие, ки баҳри ҳушдор додани савдогарон ва бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешад?! Дар ин хусус, камбудиҳо ва сабабгорони онҳо бисёранд. Хонандаи азиз! Аммо масъулияти асосӣ ба зиммаи мову шумост. Зеро ту як чашм не, ҳазорон чашмӣ, як даст не ҳазорон дастӣ. Ту, ки фарзанди содиқу дилсӯзӣ, кӯшиш кун то шаҳри худро соҳибӣ намоӣ, дорои хислати нек ва пешқадам бошӣ, ки он маҳсули ақлу фаросат ва маданияти баланди инсон аст.
Фирӯзи ҲАҚНАЗАР, шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.11.2022 №: 216 Мутолиа карданд: 1490