туризм
ЛАХШ САЙЁҲОНИ ХОРИҶИВУ ВАТАНИРО ДАЪВАТ МЕКУНАД
Барномаи маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ноҳияи Лахш барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори раиси ноҳия дар асоси Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, мавриди иҷро қарор дорад. Дар доираи Барнома бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар 102 иншооти варзишӣ, 1 варзишгоҳ, 91 майдончаи варзиш, 11 толори варзиш, 1 мактаби варзиш мунтазам чорабиниҳо доир мегарданд, - иброз дошт Акрам Асомиддинзода, муовини якуми раиси ноҳияи Лахш ва ба суханаш чунин идома бахшид:
- Ноҳияи Лахш яке аз мавзеъҳои зебоманзари Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар баландии зиёда аз 1700 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва беш аз 95 фоизи ҳудуди онро қаторкӯҳҳо ташкил медиҳанду барои рушди соҳаи сайёҳӣ, махсусан туризми экологӣ ва кӯҳию варзишӣ хеле мусоид мебошад.
Мо дар бораи шароиту имкониятҳои қабули меҳмонон ва мавзеъҳои сайёҳӣ маълумотномаи махсус таҳия карда, дар сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ҷой намудаем, ки барои хоҳишмандони сафари кӯҳистон басо мароқоваранд.
Аз тарафи ҳайати эҷодии ҳафтаномаи «Паёми Ориён» китоби махсус бо номи «Лахши неъматбахш» ба чоп расидааст, ки дар он оид ба мавзеъҳои сайёҳию таърихии ноҳия маълумоту мақолаҳо гирд омадаанд.
Ҳамин гуна маълумоти иттилоотиро дар бораи осоишгоҳи «Тандиқул», ки дар масофаи 26 километр дур аз маркази ноҳия, дар яке аз дараҳои хушманзара ҷойгир аст ва бо оби гармчашмаи шифобахшаш дар ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур аст, аз сомонаи электронии алоҳида дарёфт кардан метавон. Осоишгоҳи мазкур дар мавзеи басо диданӣ бунёд ёфтааст ва оби гарми табииаш дармонбахши бисёр дардҳост.
Бо мақсади муҳайё сохтани шароити мусоид, таъмин кардани сайёҳон бо ҷойи хоб ва хӯроки гарм бо ҷалби соҳибкорон дар ноҳия 7 меҳмонхона, ки дар умум дорои 162 ҷойи хоб мебошад, бунёд шуд. 5 ошхонаи миллӣ шабонарӯз дар хизмати муштариён аст.
Дар мағозаҳо гӯшаҳои намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил шудаанд, ки меҳмонони дохилию хориҷӣ метавонанд аз дастранҷи басо зебову мунаққаши ҳунармандон дидан карда, аз онҳо харид намоянд. Ширкати сайёҳии «Алтин-мазор» хоҳишмандонро ба шикоргоҳҳо мебарад. Ширкати сайёҳии «Арча-сайр» бошад ба ғайр аз шикор боз меҳмононро бо лижаву дучарха таъмин месозад. Яъне, дар Лахш сайёҳии шикорӣ, экологӣ, кӯҳбароӣ, лижаронӣ ва сайругаштӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Бисёр сайёҳоне, ки ба Лахш меоянд, аз хизмати ин ширкатҳо баҳра бурда, бо хотираи нек бармегарданд.
Ошхонаҳои деҳаҳои Қалъаи Зангкӯб ва Чорсӯ бо ғизои миллӣ ном баровардаанд. Ду меҳмонхонаи сарироҳии деҳаи Чорсӯ ҳамеша аз мизоҷон пур аст, зеро хизматрасонии онҳо дар сатҳи аълост. Аз 38 бунгоҳи тиббӣ 5 адад дар хатсайри сайёҳӣ бунёд гардида, шабонарӯз ба меҳмонони корафтода хизмати тиббӣ мерасонад. Инчунин, дар канори роҳ ва марказ барои расондани хизмат ба сайёҳон ва аҳолӣ аз ҳисоби бонкҳо ва ширкатҳои хизматрасонии ҳудуди ноҳия 2 банкомати маблағдиҳанда, 9 банкомати пардохти ҳаққи хизмати алоқаи мобилӣ, 5 маркази хизматрасонии автомобилии сарироҳӣ фаъолият доранд, ки муштариён метавонанд аз хизматрасонии онҳо баҳра бардоранд.
Аҳолӣ даромаднокии соҳаи сайёҳиро дарк намуда, дар баробари сохтмони меҳмонхонаю ошхонаҳои замонавӣ, ҳамчунин, ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ҷиддӣ машғул асту дар мавсими ташрифи сайёҳон аз фурӯши маҳсулоти худ даромад ба даст меорад, зеро таваҷҷуҳи хориҷиён ба армуғонҳо хеле зиёд аст.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.11.2022 №: 216 Мутолиа карданд: 1278