logo

иқтисод

СУҒД. САҲМИ КОРХОНАҲОИ МУШТАРАК ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

Ҷиҳати фаъолияти босамар дар иртибот ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Жан Яомин, директори генералии корхонаи муштараки "Зарафшон" ва директори генералии ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Суғдсемент” Чжоу Чжиюсун вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба фаъолияти босамари корхонаи калони саноатӣ, вазъи корҳои сохтмонии истеҳсолоти  нави металлургӣ ва иҷрои уҳдадориҳои корхонаҳо  мубодилаи афкор намуданд. 
Тавре иттилоъ доданд, дар 9 моҳи соли равон дар корхонаи  муштараки “Зарафшон” ба маблағи 3 миллиарду 406,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, шумораи кормандон ба 2 ҳазору 566 нафар расонда шуд.
Раиси вилоят таъкид кард, ки саҳми корхона дар ташаккули маҷмуи маҳсулоти саноатии шаҳру вилоят назаррас аст ва дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат бояд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба соли қаблӣ боз ҳам афзоиш дода шавад.
 Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби корхонаи муштараки "Зарафшон" корхонаи нави металлургӣ бунёд мегардад, ки то имрӯз дар он 95 дарсади корҳо ба анҷом расидааст. Барои корхонаи нав таҷҳизот ва техникаву технологияҳои муосир харид ва дастрас гардида, дар назар аст, ки  он ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирад.
Дар мулоқот бо Чжоу Чжиюсун, директори генералии ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Суғдсемент” низ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид бар он дошт, ки ба хотири беҳбудӣ бахшидани истеҳсолот ва, ҳамзамон,  афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот боз ҳам тадбирҳои судманд андешида, барои таъсиси ҷойҳои нави кор шароит фароҳам оварда шавад.
Маълум гашт, ки корхонаи мазкур дар ин замина қадамҳои ҷиддӣ мегузорад. Масалан, агар корхона соли 2016, яъне дар оғози фаъолият давоми сол ба миқдори 429 ҳазор тонна семент истеҳсол кардаву он ба маблағи 208,8 миллион доллари амрикоӣ фурӯхта шуда бошад, пас танҳо дар нуҳ моҳи соли равон дар ин ҷо  истеҳсоли семент ба 933 ҳазор тонна ва ё ба маблағи 415 миллион доллари амрикоӣ баробар мебошад.
Интизор меравад, ки  солҳои баъдӣ ҳам истеҳсоли маҳсулот афзоиш ва ҳам ҷойҳои нави кор таъсис меёбанд.                                                           
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2022    №: 216    Мутолиа карданд: 1049
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед