logo

иҷтимоиёт

ДАРВОЗ. ТУҲФАИ ПРЕЗИДЕНТ БА ХОҶАГИҲОИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДА

 
Бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар мавзеи Дашти Паткуноби ноҳияи Дарвоз 14 хонаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.  
 
Қоҳир Расулзода аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибони манзилҳои истиқоматиро бо чунин туҳфаи арзанда табрик намуда, калиди хонаҳоро дар фазои тантанавӣ тақдим кард. 
Ёдрас мешавем, ки 12-18 марти соли равон бинобар боришоти зиёд дар деҳаи Умарак 14 манзили истиқоматӣ пурра хароб гардида буд. Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи ҳукуматӣ аз ҷойи ҳодиса боздид намуда, аз хисороти офати табиӣ ба  Сарвари мамлакат иттилоъ дод. Президенти кишвар дастур доданд, ки барои ҳамаи хонаводаҳои зарардида дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин хонаҳои истиқоматии замонавӣ сохта шаванд. 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои хоҷагиҳои зарардида дар мавзеи Дашти Паткуноб замин ҷудо намуд, аз ҳамон рӯзҳо бо ташаббуси соҳибкорони ватандӯст сохтмони хонаҳои нав оғоз ёфт. 
Қоҳир Расулзода зимни шиносоӣ бо шароити муҳайё-гардида дар ин хонаҳо ба соҳибкорони ватандӯст барои дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос  намуд. 
Деҳаи навбунёд Сомониён номгузорӣ шуд, хонаҳои истиқоматӣ бо тарҳи муосир ва талаботи меъморию шаҳрсозӣ ва, ҳамчунин, роҳи мошингард бунёд ёфтанд.
Роҳбарони ноҳия иттилоъ доданд, ки дар оянда ба ин деҳа боз  50 хоҷагӣ аз деҳаҳои гирду атроф, ки хонаҳояшон зери хавф қарор доранд, кӯчонда шуда, ҳамзамон, бунёди муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистон, бунгоҳи саломатӣ, чароғонкунӣ ва сабзу хуррамгардонии деҳа ба нақша гирифта шудааст.
Сарвазири мамлакат ба роҳбарияти вилоят ва ноҳия дастур дод, ки сохтмонҳои оянда бояд дар ин ҷо бо намои зебо сохта ва бо тамоми шароити рӯзгор таъмин шаванд. 
Қоҳир Расулзода зимни суҳбат бо сокинони деҳаи Сомониён зикр кард, ки маҳз тавассути дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат ва сулҳу оромӣ имрӯз дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза пайдо намудаанд. Аз баракати ваҳдату истиқлол симои ҳар як шаҳру ноҳия куллан дигаргун ва рӯзгори мардум рӯз ба рӯз беҳтару хубтар гардида истодааст. 
Сокинони деҳа миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда, афзуданд, ки дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳо дар ободонию гулгулшукуфии Тоҷикистон саҳми бештар хоҳанд гузошт. 
 
БА ДЕҲАИ НАВБУНЁД ОБ ОМАД
Зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар деҳаи Сомониён хатҳои оби полизӣ ва ошомиданиро мавриди истифода қарор дод. Лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ гардида, об аз масоҳати 4300 метр ба деҳаи навбунёд бароварда шуд.
Паймонкори сохтмон ҶДММ “Дамир” буда, барои корҳои сохтмонии иншоот аз тарафи шарикони рушд 1,8 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Бо амалӣ гаштани лоиҳа сокинони деҳаи навбунёд имкон пайдо намуданд, ки 50 гектар замини солиёни дароз бекорхобидаи Дашти Паткунобро ба гардиши кишоварзӣ ворид созанд. 
 
ДАР МАВЗЕИ ШИРГОВАД НАҚБИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 
Дар доираи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар мавзеи Ширговади ноҳияи Дарвоз нахустин нақби мошингузарро дар қитъаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб ифтитоҳ намуд. 
Нақби мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалигардонии яке аз ҳадафҳои стратегӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, бунёд гардид. 
Дарозии нақб 365 метр буда, дар ду тарафи он роҳи пиёдагард низ сохта шудааст. Маблағгузори лоиҳа Гурӯҳи ҳамоҳангсози араб ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фармоишгари сохтмон Вазорати нақлиёт мебошад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 7,5 миллион доллар ихтисос дода шуда, он аз тарафи ширкати чинии “Чайна роуд& брич корпорейшн” бо сифати баланд  бунёд гардид. Бо сохтмони  нақб масири роҳ дар қитъаи мазкур як километр кӯтоҳ ва бехатар шуд. 
Қоҳир Расулзода бунёди нақби мошингузарро туҳфаи арзанда ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва нишонаи вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар Бадахшон маънидод намуд.
 
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2022    №: 217    Мутолиа карданд: 949
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед