logo

Хабарҳо

Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

 
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлат ва мардуми бародари Эрон дар иртибот ба фоҷиаи ҳамлаи террористии чанд рӯз қабл дар шаҳри Шероз бавуқуъомада, ибрози таслият намуд.
Сироҷиддин Муҳриддин паёми ҳамдардиро дар китоби махсуси таъзия, ки ба ин муносибат дар Сафорати Эрон боз шуда буд, дарҷ карда, зимни маҳкумияти шадиди ҳамлаи террористӣ ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ дар шаҳри Шерози Эрон, барои қурбониён биҳишти барин ва барои маҷруҳон шифои комил орзу намуд.
 
 
Мулоқоти се насл
Бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагону Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ бахшида ба 30- солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ зери унвони  “Мулоқоти се насл” баргузор гардид.
Муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ ва Қодири Қосим собиқадорони ҳизбу меҳнат, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ Адолат Раҳмонова, Рафиқа Мусоева, Худойқул Ҳамроқулов ва Абдуваҳҳоб Саидмуродовро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот таъкид шуд, ки  Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ таҳти Сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳаввулоти амиқи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар ҳаёти ҷамъиятии мамлакат ба вуҷуд овард. Дар Иҷлосия Ҳукумате арзи вуҷуд намуд, ки дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис дода, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад.
 
 
Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ  ва эҳёи худшиносии миллӣ 
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар Китобхонаи миллӣ Конфронси ҷумҳуриявӣ ва маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ» баргузор гардид.
Дар он раиси Кумита Абдулло Раҳмонзода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Махфират Хидирзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон, иштирокчии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ Ато Ҳамдам, иштирокчии иҷлосия, собиқ муовини раиси вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) Карамулло Одилов иштирок ва маъруза карданд.
Дар доираи Конфронс китоби тозанашр таҳти унвони «Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ» рӯнамоӣ гашт.
–  Дар китобе, ки ҳамакнун дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ» ва сиюмин солгарди Иҷлосияи мазкур чоп гардид, бардоштҳои зиёде аз иштирокдорони он ва паҳлуҳои зиёди ногуфтаи ин рӯйдод ба қалам кашида шудаанд. Ғайр аз мақолаҳое, ки таърихи начандон дури моро бозгӯӣ мекунанду хизмату иқдомҳои падаронаву пешвоёнаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳамон давраи хеле ҳассос барои ҷавонон муаррифӣ менамоянд, ҳамчунин, ин асар фарогири бахшҳоест, ки бе муболиға қимати адабии онро боло мебаранд», – гуфт Абдулло Раҳмонзода.
Дар охир ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли Озмун бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд қадр шуданд.
 
 
Таҳкими ҳамкорӣ бо Бонки осиёии рушд 
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл вохӯрд. Ҷонибҳо ба нақши ташкилоти байналмилалии молиявӣ дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ баҳои баланд дода, вобаста ба дурнамои ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилоят менависад, ки Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки осиёии рушд амалӣ мегарданд, барои тақвияти ҳамкориҳо омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро изҳор дошт. Таъкид шуд, ки дар вилоят захираву имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз зиёд буда, бо ҷалби сармоя метавон дастовардҳоро афзун намуд. Аз ҷумла, барои обёрии заминҳои бекорхобида, метавон лоиҳаҳои навро таҳия  ва татбиқ кард, ки дар натиҷа садҳо ҳазор нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 18915
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед