logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Субҳи 13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои Ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОБАНБОР БО ҒУНҶОИШИ  1000 МЕТРИ МУКААБ БАРОИ 5 ҲАЗОР АҲОЛИИ ШАҲРИ БӮСТОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба шаҳри Бӯстон  ташриф оварда, обанбори шабакаи оби нӯшокиро бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб барои таъмини беш аз 5 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон  мавриди истифода қарор доданд.
Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, сохтмони иншооти оби нӯшокӣ марҳилаи навбатии татбиқи созишномаи сеҷонибаи Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва лоиҳаи «Барқарорсозии шабакаҳои  обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» маҳсуб меёбад, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба маблағи 18 миллиону 964 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ шудааст. Аз маблағи умумии лоиҳа 2 миллиону 885 ҳазор доллар ба  барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бӯстон равона гардид.
Иншооти оби нӯшокӣ таъмини оби босифатро ба аҳолии маҳаллаи Наврӯз дар 20 хонаи баландошёнаи истиқоматӣ, 500 қитъаи нави наздиҳавлигӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва кору хизматрасонии ин ҳудуди шаҳри Бӯстонро беҳтар менамояд.
Дар асоси лоиҳа иншоот аз 2 ҳавзи об бо ғунҷоиши ҳар яке 500 метри мукааб, хатти оби нӯшокӣ ба масофаи 9 километр бо васлу насби лӯлаҳои  полиэтилении қутрашон аз 20 то 200 миллиметр, 3 насоси обкашӣ, хатти барқи озод ба масофаи 3 километр  иборат мебошад.
Оби нӯшокӣ ба иншооти нави обрасонӣ аз обанбори асосии шаҳри Бӯстон тавассути хатти оби нӯшокии лӯлаҳои қутрашон 600 миллиметр ба масофаи 2 километр интиқол дода мешавад.
Иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмону васлгарӣ ва муҷаҳҳазгардонии хатту иншооти оби нӯшокиро дар асоси фармоиши Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон” коргарону  мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ситоиш” анҷом додаанд.  
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни шиносоӣ  ба сифати корҳои  анҷомдодашуда  дар шабакаҳои  обтаъминкунии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд  баҳои  баланд доданд.
Татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии шабакаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон” аз моҳи  марти соли 2014 оғоз шуда, 6 шаҳру ноҳияи  вилояти Суғдро дар бар мегирад. То имрӯз дар асоси ин лоиҳа  дар шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Исфара, Конибодом ва ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров  ҳаҷми  асосии корҳо иҷро ва ба беҳтар гардидани таъмини оби нӯшокии тоза мусоидат намудааст.
Татбиқи лоиҳаи обтаъминкунӣ дар вилояти Суғд дар доираи  ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли  мушкилоти марбут ба норасоии об муҳиму саривақтӣ арзёбӣ  гардид.
Таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ масъалаи муҳими иҷтимоӣ ва омили асосии саломатии миллат мебошад. Бунёду навсозии инфрасохтори оби нӯшокӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ тадбирҳои калонҳаҷм амалӣ гаштанд. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар самти обтаъминкунии аҳолӣ бо равона намудани 2,4 миллиард сомонӣ ҷараён дорад.
Тайи солҳои охир дар 9 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ба маблағи миллионҳо сомонӣ лоиҳаҳои сохтмону барқарорсозии шабакаҳои оби нӯшокӣ татбиқ, ҳаҷми калони корҳо иҷро гардида, шумораи зиёди аҳолӣ, хусусан сокинони деҳоти вилоят ба оби нӯшокии тоза дастрасӣ пайдо намуданд ва дар 4 шаҳру ноҳияи дигари вилоят татбиқи чунин лоиҳаҳо муваффақона ҷараён дорад. Бо сабаби зиёд шудани аҳолӣ дар ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон талабот ба захираҳои об босуръат афзоиш меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар сиёсати ҳамгироии истифодаи самараноки захираҳои обиро пеш бурда, тасмим гирифтанд, ки кулли шаҳру ноҳияҳои мамлакатро бо оби нӯшокӣ таъмин созанд.
Бо дастуру супориши Сарвари давлат дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» тасмим гирифта шудааст, ки ҳар як соли даҳсола ба баррасии ҳамаҷониба, ҳалли тадриҷии мушкилоти марбут ба об ва иҷрои нақшаю лоиҳаҳои бунёду барқарорсозии хатҳои оби нӯшокӣ бахшида шавад.
 
КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХӮРОКИ ПАРАНДА  ВА ЧОРВОИ ҶДММ «АНКО-ИНВЕСТ» ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, нахуст корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Анко-Инвест”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи соҳибкори ватанӣ Илҳом Рабиев бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди саноат – 2022-2026 бунёд шудааст.
Масоҳати умумии корхона 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз хатҳои истеҳсолӣ, анбори нигоҳдории ашёи хом, маҳсулоти тайёр ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
(Идома аз саҳ. 1)
 
Бино аз 7 ошёна иборат буда, бо истифода аз конструктсияи металлӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ бунёд шуд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёд моҳи декабри соли 2021 оғоз гардидааст ва то мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид.
Дар корхона барои чорвои калону майда, паранда, аз қабили мурғу бедона ва моҳӣ хӯроки омехта истеҳсол мешавад.
Иқтидори корхона дар як сол 175 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Хӯроки омехта вобаста ба ҳолат ва намуди чорвою паранда дар 12 баст бо тамғаи “Фаровон TЕZZ корм” истеҳсол мегардад.
Маҳсулоти корхона дар бозори дохилӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Технологияи хатҳои истеҳсолӣ аз Шветсария ворид карда шудааст, ки навтарин буда, ба таври автоматӣ фаъолият мекунад. Васлу насби дастгоҳу таҷҳизотро дар асоси созишнома ширкати шветсариягии “Бюллер” анҷом додааст ва пурра аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ идора мешавад. Чунин технологияи инноватсионии каммасраф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ворид гардидааст.
Маҳсулоти истеҳсолшаванда ба стандарти байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ буда, дорои сертификати мутобиқат аст ва дар мамлакат ивазкунандаи воридот мебошад. Ашёи хом ба корхона қисман аз дохили мамлакат дастрас гашта, ҳамчунин, аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Россия ва давлатҳои Аврупо ворид мешавад.
Барои нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши 10 ҳазор тонна анбор таъсис дода шуд, ки бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошад. Таҷҳизоти анбор истеҳсоли ширкати “Mуsilo”-и Туркия мебошад ва дар он имкони сифатнок нигоҳ доштани ашёи хом вуҷуд дорад. Маҳсулоти тайёр дар бинои алоҳидаи панҷошёна нигоҳ дошта мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидани чунин корхонаи замонавиро қадами устувор дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ намуданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои ширкати “Хубҷамъ-Инвест” дидан карда, бо нақшаҳои ояндаи масъулон шинос шуданд.
Дар намоишгоҳ номгӯйи гуногуни орд ва маҳсулоти ордӣ, равғани пахта ва офтобпараст, ҳамаи намуди хӯроки омехтаи чорво ва паранда, тухми паранда, инчунин, маҳсулоти металлӣ ва сендвич панелҳо, ки дар корхонаҳои ширкат истеҳсол мешаванд, пешниҳод шуд.
Ширкат иқтидор дорад, ки дар як сол бозори дохилиро бо 400 ҳазор тонна орд таъмин намуда, ҳамчунин, ба хориҷа содирот намояд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар оянда масъулон нақша доранд боз як корхонаи парандапарварӣ бунёд карда, истеҳсоли гӯшти мурғро ба роҳ монанд ва, ҳамчунин, ҳаҷми истеҳсоли равғани рустаниро зиёд намоянд. Корхонаи парандапарварӣ бо истифода аз имтиёзи фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ворид намудани дастгоҳу таҷҳизоти соҳа ва бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо гӯшти мурғ таъсис дода мешавад. Аз рӯйи лоиҳа дар корхонаи мазкур 1 миллион сар паранда парвариш меёбад.
Бояд зикр намуд, ки ҳамаи маҳсулоти истеҳсолгардида дар ширкат бо тамғаи миллии “Фаровон” ба бозор бароварда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд дода, барои бунёди чунин корхонаҳои истеҳсолӣ, саҳм гузоштан дар баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани сокинони маҳаллӣ изҳори сипос карданд.
Масъулони соҳа вазифадор гардиданд, ки дар амалӣ сохтани нақшаҳои корхона ба соҳибкорон кумаки ҳамаҷониба расонанд.
 
КОРХОНАИ КОРКАРДИ ШИШАИ СОХТМОНИИ  ҶДММ “ШИШАСОХТМОН” ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди шишаи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шишасохтмон”-ро ифтитоҳ намуданд.
Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шуҳрат Нурматов ба хотири истиқболи сазовор аз Ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазор метри мураббаъ сохта шуд.  Дар бунёди корхона конструксияи металлии ширкати ватании “Фаровон” истифода гардида, онро ба таври замонавӣ мутахассисони маҳаллӣ сохтаанд.
Самти фаъолияти корхона ба коркарди шиша, яъне буридан, обутобдиҳӣ, суфтаву мустаҳкамкунӣ, сӯрохкунӣ ва истеҳсоли оина равона шудааст. Иқтидори истеҳсолӣ дар як сол коркарди 40 ҳазор метри мураббаъ шишаро ташкил медиҳад.
Дар корхона 9 дастгоҳи замонавӣ барои коркарди шиша васлу насб гардидааст. Маҳсулоти нимтайёр аз хориҷи кишвар ворид гардида, дар 6 марҳила коркард мешавад, ки барои шишабандии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, иншооти маъмурӣ, дару тиреза ва ҳаммом лозим меояд. Шиша ба гармию сардӣ ва зарба тобовар буда, ба инсон бехатар аст.
Оина бошад, бо андоза ва намудҳои гуногун дар хатти алоҳида истеҳсол мешавад. Чунин таҷҳизоти замонавӣ ба ҷумҳурӣ бори нахуст ворид гардидааст.
Дар хатти истеҳсолӣ шишаи суфтагардида ва обутобёфта дар 7 марҳила коркард шуда, аз он бо усули ҷадид оина барои истифодаи рӯзгор истеҳсол мешавад. Мавриди зикр аст, ки қаблан ин намуди маҳсулоти зарурӣ дар мамлакат хеле кам истеҳсол мегардид ва, асосан аз хориҷа ворид мешуд. Бо фаъол гардидани корхонаи коркарди шишаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шишасохтмон” талаботи аҳолӣ ба он то андозае аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин карда мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, дар бозори дохилӣ талабгори зиёд дорад.
Дар заминаи ба кор андохтани корхонаи мазкур зиёда аз 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд. Дар гӯшаи алоҳида номгӯйи гуногуни маҳсулоти тайёри корхона ба намоиш гузошта шуд, ки аз он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуданд.
Маҳсулоти шишагӣ ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад ва дар асоси фармоиши мизоҷон омода гардида, ҳамчунин, бо ҳаҷм ва андозаи гуногун дар бозори дохилӣ ба фурӯш гузошта мешавад.
Бунёди корхонаи мазкур дар мамлакат боис мегардад, ки ҳаҷми истеҳсолот зиёд шавад ва ин омил дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар замина мегузорад.
 
ФАБРИКАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фабрикаи парандапарвариро, ки аз тарафи соҳибкор Шуҳрат Нурматов бунёд шудааст, ифтитоҳ намуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти паранда дидан карданд.
Корхона дар масоҳати 2200 метри мураббаъ доман густурда, аз панҷ парваришгоҳ бо ғунҷоиши умумии 40 ҳазор сар паранда иборат мебошад. Ҳоло дар парваришгоҳҳо 18 ҳазор чӯҷаи аз 10 то 12-рӯза нигоҳ дошта мешавад. Чӯҷаи паранда аз корхонаҳои инкубатсионии вилояти Суғд дар якрӯзагӣ оварда шуда, ба муддати 45 рӯз парвариш меёбад ва сипас, ба забҳхона равона мегардад. Маҳсулоти корхона бо тамғаи “Авҷпар” дар бозори дохилӣ пешниҳоди харидорон мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи парандапарварӣ дар як сол ба 600 тонна гӯшт баробар аст.
Барои нигоҳубини паранда 10 нафар сокини маҳаллӣ вобаста гардидааст ва онҳо роҳҳои дурусти парвариши парандаро пурра омӯхтаанд.
Корхона бо истифода аз имтиёзи фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти воридоти таҷҳизот ва таъсиси корхонаи парандапарварӣ бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд шуд.
Таҷҳизоти васлу насбшуда, замонавӣ буда, имкон медиҳад, ки паранда бо риояи талабот ва беталаф парвариш шавад.         
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои бунёди чунин корхонаҳои замонавӣ, ки омили пешрафти мамлакат ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад, сипосгузорӣ намуда, ҷиҳати бештар кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини рақобатпазирии он дар бозор дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
 
МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲОТИ ҲАЙДАР УСМОНОВ
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд гардидааст.
Бинои маркази саломатӣ аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дорои 34 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Бо таъсис ёфтани маркази саломатӣ 40 нафар мутахассиси соҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин гашт.
 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамгардида дар муассисаи нави тиббӣ аз корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки бо истифода аз шароити муҳайёшуда кормандони соҳаи тандурустӣ дар самти дастрасии аҳолӣ ба ёрии аввалияи тиббию санитарӣ содиқонаю софдилона фаъолият намоянд.  
Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бинои маркази саломатӣ нуқтаи бақайдгирӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраҳои осебшиносӣ, доругузаронӣ, ҷарроҳӣ, хатна, табобати дандон, духтури занона ва ҳуҷраҳои табибони оилавӣ ҷойгир шудаанд. 
 Дар таҳхона толори маҷлис бо 60 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи физиотерапевтӣ бо ду кати хоб мавҷуд мебошанд. Маркази саломатӣ бо таҷҳизоти замонавии соҳавӣ, аз ҷумла дастгоҳи рентгении рақамӣ, ултрасадо ва сабти барқии дил ва озмоишгоҳ муҷаҳҳаз шудааст.
Ба иттилои масъулон, то ин дам дар ҳудуди деҳоти Ҳайдар Усмонов дастгоҳи рентгении рақамӣ мавҷуд набуд ва сокинон барои ташхиси рентгенӣ ва осебшиносӣ ба маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд мерафтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки дар фаъолияти касбӣ дар баробари истифодаи усулҳои муосири хизматрасониҳои тиббӣ ба бахши гиёҳдармонӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар раванди табобати беморон аз гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ бештар истифода баранд.
 
МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА МУЛОҚОТ БО ЯТИМОНИ КУЛ
13 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонов бинои маркази хизматрасонии “Шоҳ”-ро ба истифода дода, бо 100 нафар ятими кул мулоқот намуданд.
Бинои хизматрасонӣ хуштарҳу замонавӣ буда, дар таҳхонаи он сардхона барои нигаҳдории 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷойгир аст. Сардхонаи муосир бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, он чор анбори васеъ дорад, ки барои нигоҳ доштани меваю сабзавот ва маҳсулоти полизӣ пешбинӣ шудааст.
Иншооти хизматрасонӣ дар раванди созандагию бунёдкориҳо ба истиқболи сазовори Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори ватанӣ сохта шуда, барои 15 сокини маҳаллӣ ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Толори баргузории маросимҳо бесутуни барҳаво буда, 150 ҷойи нишаст дорад. Сақфи толори мазкур бо санъати баланди меъмории миллӣ зебою диққатҷалбкунанда гаҷкорӣ шудааст. Ҳамчунин, дар маркази хизматрасонӣ ҳуҷраҳои алоҳида барои омода кардани таъомҳои миллию аврупоӣ ва хӯришҳо мавҷуданд.
Минбаъд сокинони деҳоти мазкур имкон доранд, ки бо истифода аз хизматрасониҳои дастраси марказ ҷашну маросимҳои гуногунро баргузор намоянд. Аз қомат афрохтани боз як бинои хуштарҳи хизматрасонӣ ба ин гӯшаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зебоии дигар зам гардид.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кул, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, вохӯрда, бо оростани дастархони идона ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд. Ятимон бо шодию нишот аз дасти Сарвари раиятпарвару инсондӯсти мамлакат либоси мактабӣ, пойафзол, шириниҳо ва кумаки молӣ туҳфа гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятим, ки 46 нафар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 54 кас аз шаҳри Гулистони вилояти Суғд буданд, суҳбати самимӣ ороста, онҳоро барои таҳсили хубу аъло, касбу ҳунаромӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ва кор бо технологияи ҳозиразамон ҳидоят намуданд.
 
ГАРМХОНАИ ЗАМОНАВИИ “ЕВРО - 6” МАНСУБ БА  ҶДММ “ММК АГРО” ВА БОЗДИД АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ ГАРМХОНАҲО
13 ноябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК Агро”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Гармхонаи замонавии инноватсионӣ аз рӯйи стандарти “Евро - 6”, ки ҳоло муосиртарин насли гармхонаҳо ба ҳисоб меравад, бунёд гардида, дар он маҳсулоти кишоварзӣ бо сифати баланд парвариш мешавад.
Гармхона дар масоҳати 5 гектар замин бунёд гардида, айни замон дар он навъҳои гуногуни помидор нашъунамои хуб дорад. Парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар гармхона бо усули гидропоникӣ ва органикӣ роҳандозӣ шуда, барои гирифтани ҳосили хуб 13 навъи маводи ғизоӣ тариқи обёрии қатрагӣ ба рустанӣ расонда мешавад. Дар қисми гидропоникӣ, ки 2,3 гектари гармхонаро ташкил медиҳад, нигоҳубини тухмиҳо ба таври автоматӣ, бо истифода аз технологияи насли нав амалӣ гашта, муътадилии ҳарорати дохил тариқи шабакаи буғӣ дар ҳамаи мавсими сол таъмин мегардад.  
Қисми органикӣ, яъне ба таври маъмулӣ парвариш кардани тухмиҳо, аз ду як ҳиссаи гармхонаи мазкурро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо низ ҳамаи амалиёти парвариш ва нигоҳубини рустанӣ тариқи автоматӣ ба роҳ монда шуда, муътадилии ҳарорати ҳаво бо усули радиаторӣ, яъне гармии сунъӣ нигоҳ дошта мешавад. Барои иҷрои ин амал дастгоҳи гармирасон насб гардидааст. Айни замон дар гармхонаи “ММК Агро” парвариши помидори навъҳои швейтсарӣ, туркӣ ва фаронсавӣ роҳандозӣ шуда, барои гирифтани ҳосили хуб ин намудҳо мувофиқ мебошанд.  
Иттилоъ доданд, ки аз ҳар гектар замини гармхона аз 150 то 180 тонна помидор ба даст оварда мешавад ва ҳоло дар бозорҳои дохиливу  хориҷӣ талабот ба чунин маҳсулоти тару тоза хеле зиёд аст. Дар ин қисми гармхона маҳсулоти таъиноти содиротидошта парвариш гардида, дар бозори кишварҳои гуногун ба фурӯш бароварда мешавад.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти гармхонаҳо дидан намуда, ба хоҷагидорон барои густариши фаъолият дастуру маслиҳатҳо доданд.  
 
САРДХОНАИ НАВ ДАР БОҒИ МИЛЛӢ
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” ташриф оварда, сардхонаи наву замонавиро, ки бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар сардхонаи нав коргарони боғ бо мақсади таъмини бозори дохилӣ дар фаслҳои зимистону баҳор бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ сабзӣ, картошка, лаблабуи сурх, анор, ангур, хурмо, олу ва себ захира намудаанд.
Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамоянд, васлу насб шудаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми боғдорон баҳри бунёди сардхона, пешгирии талафёбии маҳсулот ва таъмини бозор бо меваю сабзавот дар ҳама фаслҳои сол баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз имконияту иқтидорҳои мавҷуда ҳаҷми захираи маҳсулоти кишоварзиро зиёд созанд.
 Иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи августи соли равон оғоз гардида, барои бунёд ва муҷаҳҳазсозии он зиёда аз 2 миллион сомонӣ харҷ шуд.
Сардхона дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, ин иқдом имкон медиҳад, ки дар ҳама фаслҳои сол бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин шаванд. Дар ин баробар, маҳсули дастранҷи деҳқонон дар сардхона захира гардида, дар ҳолати афзоиши талабот, ба дигар кишварҳо низ содирот мешавад.
Дар оянда иқтидори сардхонаҳои боғи миллӣ ба 4 ҳазор тонна расонда шуда, бунёди коргоҳҳои замонавии коркарди меваву истеҳсоли консерв низ дар назар аст.
Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2008 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии боғҳои он 631 гектарро ташкил медиҳад.
 
НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ 
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Дар ин ҷо деҳқонони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои татбиқи ҳамаҷонибаи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, самари меҳнати худро ба намоиш гузоштанд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии деҳқонони вилоят баҳои баланд дода, рушди бахши кишоварзиро омили муҳими таъминсозандаи амнияти озуқаворӣ маънидод карданд.
Иттилоъ доданд, ки дар вилояти Суғд зиёда аз 70 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ ба парвариши зироат ва истеҳсоли маҳсулот машғул буда, давоми соли равон  бо истифода аз таҷрибаи пешрафта дар майдони қариб 280 ҳазор гектар замин парвариши зироати гуногунро ба роҳ монданд.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо бо меҳнати ҳалолу муфид ва истифодаи мақсадноки замин мо метавонем ба татбиқи ҳамаҷонибаи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ комёб шавем ва бо ин роҳ сатҳи зиндагии мардумро беҳтару хубтар намуда, иқтидори содиротии мамлакатро низ тақвият бахшем.
Зимни тамошои намоишгоҳ маълум гардид, ки дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ кишоварзони вилоят зиёда аз 376 ҳазор тонна ғалладона, 496 ҳазор тонна картошка, 537 ҳазор тонна сабзавот, 144 ҳазор тонна полизӣ ва 114 ҳазор тонна мева истеҳсол намуда, ҳамчун таъминкунандаи бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас гузоштанд. Дар ин давра аз вилояти Суғд ба хориҷи мамлакат зиёда аз 67 ҳазор тонна сабзавот содирот шудааст.
Алҳол дар ҳудуди вилоят ҷамъоварии давраи тирамоҳии маҳсулоти кишоварзӣ ҷараён дошта, деҳқонон аз фаровонии сабзӣ, кадую шалғам, караму лаблабу, турб, боимҷон, қаланфур, ҷуворимакка, лӯбиё ва мошу нахӯд, ки ҳосили кишти такрорӣ аст, изҳори қаноатмандӣ менамоянд.
Ҳамзамон, дар ин намоишгоҳ маҳсулоти хоҷагии ҷангал, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва коргоҳҳои банду басти меваи хушк муаррифӣ шуд.  
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дастовардҳои кишоварзон ба масъулон ҷиҳати истифодаи боз ҳам мақсадноки обу замин, таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ, гиёҳҳои шифобахш, зиёд намудани майдони гармхонаҳо, бунёди сардхонаҳо, тақвияти иқтидори содиротии вилоят, ҷамъоварии саривақтии ҳосили боқимонда ва афзоиши ҳаҷми захираи маҳсулот дар сардхонаю анборҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2022    №: 218    Мутолиа карданд: 1107
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед