logo

сиёсат

ПРЕЗИДЕНТ – РАМЗИ ПОЙДОРИВУ БАРДАВОМИИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКОН

Пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14 майи соли 2016 бори нахуст 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян шуд ва ҳар сол бо фарогирии чорабиниҳои муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ дар саросари мамлакатамон таҷлил мешавад.
Дар баробари 83 рӯзи ид, ки тибқи Қонуни зикршуда муайян гардидаанд, ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоссаи таърихӣ ва сиёсиву ҳуқуқӣ дорад. Дар ин рӯз (16 ноябри соли 1994) баъди дар интихоботи умумихалқӣ пирӯз гаштан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 21-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум тантанавор савганд ёд карда, ба сифати Президенти мамлакат фаъолияти кории худро оғоз намуданд. Санаи мазкур воқеан рӯйдоди муҳими таърихӣ ба шумор рафта, халқи Тоҷикистон онро ҳамчун Рӯзи Президент ботантана таҷлил менамояд.
Дар таҷрибаи байналмилалӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Президент ё Сарвари давлат ба ҳукми анъана даромада, дар давлатҳои пешрафтаи дунё низ таҷлил мешавад. Аз ҷумла, дар Қазоқистон 1 декабр ҳамчун Рӯзи президент ҷашн гирифта мешавад. 
Дар ИМА душанбеи сеюми моҳи феврал рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст. Дар ин рӯз, дар кишвар Рӯзи Президентро ҷашн мегиранд. Ин ид аз соли 1885 инҷониб бахшида ба Президенти нахустини ИМА – Ҷорҷ Вашингтон таҷлил мегардад. Дар Исландия бошад Рӯзи президент санаи 14 май ҷашн гирифта мешавад, ки он ба рӯзи таваллуди Президенти панҷуми ин кишвар Олавур Рагнар Гримссон иртибот дорад. Рӯзи ҷашн дар Исландия Парчами давлатӣ бардошта шуда, чорабиниҳои фарҳангӣ бо сайругашти оммавӣ доир мешаванд.
Таҷрибаи байналмилалии баргузории Рӯзи Президент собит менамояд, ки муқаррар намудани ин ҷашн аз корномаҳои шахсиятҳои таърихӣ ва сиёсӣ, ки ба бунёди низоми давлатдорӣ ва эҳёи ниҳоди президентӣ замина гузоштаанд, ташаккул ёфтааст.
Баргузории Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дошта, дар бунёди ниҳоди президентӣ ва ба ин васила дар ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ гузоштааст. 
Бояд қайд намуд, ки таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ва далели шинохти ниҳодҳои давлативу сиёсии кишвари демократӣ мебошад.
Ба вуҷуд омадан ва инкишофи ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳо ва ғояҳои сиёсиву ҳуқуқии худро дар таҷриба ҳанӯз аз даврони мавҷудияти собиқ Иттиҳоди Шуравӣ гирифтааст. Дар Эъломияи истиқлолият аз 24 августи соли 1990 эълон гардид, ки ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон тавассути мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда мешавад, ки чунин муқаррарот ба таъсиси мансаби Президент дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон заминаи ташкиливу ҳуқуқӣ гузошт. 
Дар умум, метавон иброз намуд, ки асосҳо ва заминаҳои таҳлилии санадҳои болозикр аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки бунёди давлати навини тоҷикон бо қаҳрамониҳои таърихиву сиёсии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Маҳсули заҳматҳои шоистаи Пешвои миллат дар он аст, ки кишвари мо дар масири 31 соли Истиқлоли давлатӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ расид ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд, ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид. Дар ин раванд қонунгузории миллии худро бунёд намуд, низоми самараноки мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ташкилу такмил ёфта, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти онҳо мустаҳкам шуд.
 
НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ДАР РУШДИ НИҲОДИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар давлатдории навини Тоҷикистон барои поягузорӣ намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва якдиливу заминагузории ормонҳои наслҳои минбаъдаи халқу миллати тоҷик нақши меҳвариро маҳз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро кардааст. Баргузории ин Иҷлосияи таърихӣ ва қарорҳои тақдирсози он маҳз дар амалӣ гардидани бунёди сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори комили Истиқлоли давлатӣ, рушди ниҳоди президентӣ ва гузариш ба низоми идоракунии президентӣ дар кишвар заминаи воқеӣ гузоштанд. Иҷлосия ҳадафҳо ва самтҳои стратегии рушди минбаъдаи давлати Тоҷикистонро эълон кард.
Баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ заминаҳои мусоиди интихоби роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва қабули қонуну санадҳои меъёрии тақдирсозро асос гузошт. Муҳимтарин дастоварди бузурги ин Иҷлосия интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди бонангу номуси миллат, шахси далеру шуҷоъ, покзамиру нексиришт ва дорои ҳувияти баланди миллӣ ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар Иҷлосия 23 масъалаи муҳим дар бахши ба эътидол овардани вазъи кишвар мавриди муҳокима қарор гирифта, 74 қонуну қарор ва фармон ба тасвиб расид, ки дар фаъолияти қонунгузории давраи навини Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо гузошт ва ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ замина гузоштанд. Гузашта аз ин, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳо дар бораи авфи умум, гурезагон, имтиёзҳо барои маъюбони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оилаҳое, ки саробони хешро аз даст доданд, қабул шуданд.
Ба шарофати Иҷлосия минбаъд дар ҷумҳурӣ парламенти касбӣ ба вуҷуд омад. Фаъолияти пурсамари он бо қабули қонунҳо ва қарорҳои воқеъбинона ба фаъолияти минбаъдаи мақомоти қонунгузории мамлакат дар солҳои таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ҷиҳати таҳкими асоси иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат заминаи боэътимод гузоштанд.
Бояд тазаккур дод, ки арзишҳое чун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, иҷтимоӣ, соҳибихтиёр, ҷумҳурии президентӣ, дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногуншаклии моликият, озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, гуногунии сиёсиву мафкуравӣ, низоми сиёсии бисёрҳизбӣ, парламентаризм, мустақилияти ҳокимияти судӣ, худидораи маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар замони шуравӣ ҷой надоштанд, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ шакл гирифта, ин Иҷлосия ҳамчун нуқтаи гардиш дар ҳаёти сиёсӣ дар пайдоиш ва ташаккули ин арзишҳо нақши бунёдӣ ва ҳалкунанда бозид.
Ҳамин тавр, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як тараф мустаҳкам намудани асосҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлат, таъмини волоияти қонун, эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, аз тарафи дигар риояи принсипҳо ва талаботи пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ чун ҳадафҳои стратегӣ ва самти муҳими сиёсати дохиливу хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон гардиданд.
Маҳз аз нахустин қарорҳои Иҷлосия тақдири минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини воқеии волоияти қонун, пойдории қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, фаъолияти босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастагии калон дошт, ки чунин тадбирҳо тавонистанд заминаи таъмини ҳаёти осудаҳолонаи одамон, ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти босамари мақомоти давлатӣ, гузарондани ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва рушди минбаъдаи ҷомеа гарданд.
Ҳанӯз дар ҷараёни ҳамин Иҷлосияи таърихӣ давлати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намуд, ки ҷонибдори роҳи қонунии инкишофи минбаъдаи ҷомеа, арзишҳои волои ҳуқуқӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои тарафайн бо ҳамаи кишварҳои олам дар асоси принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Ин иқдоми неки роҳбарияти давлати Тоҷикистон, пеш аз ҳама, Сарвари тозаинтихоби он Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ, парламентҳо, мақомоти дигари давлатҳои олам ва созмонҳои байналмилалӣ мақбул дониста шуд.
Дар маҷмуъ, метавон зикр намуд, ки Иҷлосияи мазкур дар рушди ниҳоди президентӣ ва сохти идоракунии самараноку пазируфташуда мусоидати амиқ намуда, минбаъд дар таъмину таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, бунёди давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, ки дар меҳвари он талошҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат мавқеи асосӣ касб менамоянд, нақши аввалиндараҷа дорад.
 
ТАШАККУЛЁБӢ ВА РУШДИ ПАДИДАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди президентӣ падидаи нави сиёсиву ҳуқуқӣ мебошад, ки дар он Президент – Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия эътироф гардидааст. Бинобар ин, вожаи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мафҳуми Сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия омада, ба шакли классикии ин ниҳод мувофиқ мебошад.
Имрӯз мувофиқи моддаи 1 Конститутсия «шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад» ва дар моддаи 100 бошад, «шакли идораи ҷумҳурӣ тағйирнопазир аст». Чунин муқаррарот дар сатҳи Конститутсия аз вобастагии амиқи низоми идоракунии давлатӣ ба шакли идораи президентӣ ва рушди минбаъдаи он асос мегирад. 
Ҷиҳати таҳкими низоми идоракунии президентӣ ва тақвияти ниҳоди президентӣ дар кишвар заминаҳои муайяни ҳуқуқӣ гузошта шудаанд. Аз ҷумла, қабули санадҳои қонунгузории зерин бобати тақвияти андешаҳои болозикр мусоидат намудаанд:
– Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21 июли соли 1994, №1042;
– Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 ноябри соли 2016, №1357;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июли соли 2006, №192;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 ноябри соли 2006, №205.
Дар умум, хулоса намудан мумкин аст, ки идоракунии шакли президентӣ ба мо барои вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳу ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон мусоидат намуд.
 
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ ВА ПОЙДОРИВУ БАРДАВОМИИ ДАВЛАТ
Дар асоси муқаррароти моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувории ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавозуни устувори рукнҳои давлатӣ – ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ буда, ҳамчун кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори мақомоти марказии иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ карда, ҳамзамон, вазифаҳои онҳоро дақиқан муқаррар менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳдид ба ин арзишҳои конститутсионӣ тамоми тадбирҳо ва имкониятҳои сиёсиву ҳуқуқиро меандешад, то ки кафолати онҳо таъмин карда шаванд. 
Боиси сарфарозист, ки мо дар арафаи таҷлили Ҷашни шукӯҳманди Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ҳанӯз 28-сол муқаддам, рӯзи 16 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расман шуруъ кардан ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд карда, ваъда дода буданд, ки тамоми кӯшишу ҳастии хешро баҳри сарсабзию хуррамӣ ва пешрафти давлату миллати тоҷик равона хоҳанд кард. Гузашти солҳо собитқадамона исбот намуданд, ки ҳар он чизеро ки Сарвари давлат ба миллати хеш ваъда карда буданд, фарохтар ва бештар аз он иҷро намуданд. Офарин ба як фарзанди миллат, ки ба нафъи пешрафти давлату миллати хеш ин қадар корҳои бузургу амалҳои таърихиро анҷом медиҳанд. Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Ватани маҳбуб, миллати шарафманди тоҷик ва Сарвари давлат  ба ҳисоб рафта, омили муҳими иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар асл таърих гувоҳ ва инсоният шоҳид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист киштии умеди мардуми тоҷикро ба соҳилҳои мурод расонад.
Аз ин рӯ, бо камоли эҳтиром таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамватанони азиз табрик гуфта, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломативу сарбаландӣ, саодатмандию пирӯзӣ, хушҳоливу хушрӯзӣ ва ба Тоҷикистони азиз пешрафту инкишофро орзумандам. 
Ҳоло зарур аст, ки дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва авзои ноороми сайёра бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ифтихори волои ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ атрофи сиёсати созанда, бомаром, бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳид шуда, ҳамчун рамзи садоқат ба Тоҷикистони азиз, миллати тамаддунофар ва Сарвари маҳбуби  давлат барои наслҳои оянда ва ободию пешрафт содиқонаву софдилона хизмат намоем.
 
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА, 
ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба 
масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2022    №: 218    Мутолиа карданд: 671
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед