logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ. АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ОН СОЛ БА СОЛ РАВШАНТАР МЕШАВАД

 
Дар ҳақиқат, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ барои таҳкиму густариши ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлоли сиёсӣ, муайян намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ, пайгирӣ аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, дар замони буҳрони сохторҳои ҳокимият як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул кард, ки онҳо баҳри  фаъол намудан ва таҳкими сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд. 
Ҳамзамон, бо мақсади таҳкими ҳокимияти давлатӣ масъалаи даст кашидан аз ҳокимияти президентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва тибқи қарори Иҷлосия ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳдаи Раиси Шурои Олӣ вогузор шуданд. Масъалаҳои таъин ва бозхонди намояндагони дипломатӣ ва консулгарии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ низ, ба зиммаи Шурои Олӣ гузошта шуд. Тибқи моддаи 109 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид. Ба ҷои Девони вазирон ташкили  Шурои вазирон ба мақсад мувофиқ дониста шуд ва қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд. 
Бо мақсади хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ ва коҳиш ёфтани асосҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими мақомоти давлатӣ, сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти принсипҳои башардӯстӣ қарор кард, ки шахсони аз 27 март то 25 ноябри соли 1992, ки дар мухолифатҳои мусаллаҳона иштирок дошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд.
Вобаста ба вазъи ҳамонвақтаи кишвар, дар яке аз муроҷиатҳои худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор карда буданд: “Мо вазифадорем аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, мавқеи милитсия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад”.
Раёсати Шурои Олӣ бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии осоиштаи аҳли ҷомеа оид ба масъалаҳои авфи умумӣ, халъи силоҳ, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, таъмини мардум бо маводи озуқа, муносибати кишвар бо мамолики хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ як силсила қарору фармонҳо қабул кард.
Баъд аз баргузории Иҷлосияи тақдирсоз дар мамлакат раванди бунёдкориву созандагӣ, раҳоӣ ёфтан аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, сохтмони нақбу пулҳо, роҳҳои оҳан ва автомобилгард, ба кор андохтани корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ, азхудкунии заминҳои бекорхобида, таъсиси корхонаҳои муштарак бо кишварҳои хориҷӣ рушд карда, комёбиҳо танҳо тавассути амалӣ гаштани қарорҳои Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омаданд. 
Дар тули 30 соли баъд аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ кишвари мо дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. 
Солҳо мегузаранд, аммо шукӯҳу манзалат, аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз сол ба сол дар оинаи таърих бузургтару равшантар падидор мешавад, зеро сарнавишти давлатдории навини мо баъди суқути Давлати Сомониён аз ҳамин Иҷлосияи  XVI Шурои Олӣ оғоз меёбад. 
 
Хайём МУСЛИМЗОДА, 
Аслиддин САДРИДДИНОВ, 
омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2022    №: 218    Мутолиа карданд: 641
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед