logo

Хабарҳо

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

 
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муштзани маъруфи тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс аз рӯйи фарзияи IBF (Федератсияи байналмилалии бокс), дастпарвари МД “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии № 9 оид ба бокс”-и шаҳри Душанбе Шавкат Раҳимовро ба ҳузур пазируфт. 
Рустами Эмомалӣ варзишгарро барои сазовор гардидан ба камарбанди қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс аз рӯйи фарзияи IBF таҳният гуфта, ҳамчун нишони қадрдонӣ ба ӯ калиди хонаи 2 - ҳуҷрагӣ тақдим намуд. 
Хотиррасон менамоем, ки Шавкат Раҳимов 5 ноябр дар шаҳри Абу Даби, пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб, муштзани бритониёӣ Зелфа Барреттро мағлуб карда, бори нахуст дар таърихи бокси касбии тоҷик, унвони қаҳрамонии IBF-ро соҳиб гашт. 
Раиси шаҳр ба варзишгар дар мусобиқаҳои оянда барору музаффарият таманно кард.
IFB яке аз бузургтарин созмонҳои бокси касбӣ дар ҷаҳон дониста шуда, муштзанҳои машҳури дунё, аз қабили Ҷорҷ Форман, Эвандер Холифирд, Майк Тайсон, Владимир Кличко ва чанде аз варзишгарони ҳирфаӣ сазовори ин унвон гардидаанд.
 
 
Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ  ва нақши Пешвои миллат дар  бунёди давлатдории миллӣ
Дар Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллӣ» баргузор гардид. 
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зикр кард, ки Иҷлосияи сарнавиштсоз ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллиро барои мардуми кишвар чун ҳадияи бузурги таърихӣ дастрас намуда, мамлакатро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид. Ин шахсияти таърихӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонанд, ки тамоми дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ном, фаъолият ва заҳмату талошҳои ин абармарди миллат марбут мебошанд. 
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, ходими намоёни давлатию сиёсӣ Шукурҷон Зуҳуров, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, вакилони Шурои Олӣ Рафиқа Мӯсоева, Ғайбулло Афзалов, Гулафзо Савриддинова сухан гуфта, изҳор доштанд, ки аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди ватандӯст ва меъмори воқеии сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ гардид. 
 
 
 
Ҷамолиддин Абдуллозода  бо Фаҳреттин Коҷа вохӯрд
Дар доираи амалисозии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон” сохтмон ва таъмиру барқарорсозии як қатор иншооти тандурустӣ ва ҷиҳозондани  онҳо бо таҷҳизоти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бо назардошти дар сатҳи зарурӣ амалӣ шудан ва бо сифати баланд ба анҷом расондани сохтмони иншоот, инчунин, шиносоӣ ва омӯхтани таҷрибаи Туркия вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Туркия рафт.
Ҷамолиддин Абдуллозода дар шаҳри Анкара бо вазири тандурустии Туркия Фаҳреттин Коҷа вохӯрда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркияро дар соҳаи тандурустӣ  баррасӣ карданд. Ҳамзамон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти тиббӣ, ки дар шаҳри Анталия баргузор  гардид, дидан намуд.
 
 
Чорабинӣ ба пешвози ду санаи таърихӣ 
Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо иштироки ҳайати васеи кормандон ба пешвози Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ чорабинӣ доир гардид.
Директори Агентӣ Сулаймон Султонзода гуфт, ки аз ҷониби мардуми Тоҷикистон дар шакли ҷумҳурии президентӣ қабул шудани низоми идоракунии давлатдории кишвар маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад. Гузаштан ба низоми идоракунии президентӣ омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва ғайраҳо гардид. 
Бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ бо назардошти натиҷаҳои назарраси корӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ як қатор кормандон бо рутбаҳои навбатӣ сарфароз шуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 16322
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед