logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ХАТТИ ОБИ НӮШОКӢ  ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ
14 ноябр, дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич хатти оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки татбиқи лоиҳаи хатти оби нӯшокӣ барои 9 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Дар натиҷа 1910 хонавода дар 6 маҳаллаи деҳоти Ғазантарак бо оби ошомидании тоза таъмин гардид. Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзии “ИФАД” бо харҷи 2 миллиону 860 ҳазор сомонӣ дар муддати як сол амалӣ гашт.
Солҳои пеш дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ яке аз мушкилоти сокинони деҳоти Ғазантарак ба ҳисоб мерафт. Бо кофтани ду чоҳи амудӣ ва хобондани лӯлаҳои қутрашон аз 50 то 160 миллиметр ба дарозии 18 километр оби нӯшокӣ ба аҳолӣ дастрас шуд. Ин иқдоми неки Ҳукумати мамлакат боиси хушнудӣ ва сарфарозии сокинон гардид. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки татбиқи лоиҳа дар деҳа аз тадбирҳои амалии Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокии тоза мебошад ва аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва солимии аҳолӣ маҳсуб меёбад.
Дар назар аст, ки оянда дар деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич боз хатти нави таъминоти оби нӯшокӣ ба истифода дода шуда, сокинони минтақаҳои дигари ин деҳот бо оби ошомиданӣ таъмин мегарданд.
Ҳадафи лоиҳа беҳтар намудани инфрасохтори деҳот, дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокии тоза, баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, хариди техникаҳои кишоварзӣ ва ташкили коргоҳҳои коркади меваву сабзавот мебошад. Дар доираи лоиҳаи мазкур сохтани 38 адад чоҳи амудӣ дар нақша буда, то имрӯз 22 адади он мавриди истифода қарор гирифт.
Дар деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич 22 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Масоҳати заминҳои кишоварзии деҳот 11 ҳазору 200 гектар буда, бо истифода аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат заминҳо оқилонаву самаранок истифода шуда, сатҳу зиндагии аҳолӣ сол ба сол беҳтар мегардад.
 
ҚАСРИ ВАРЗИШИИ “ПАҲЛАВОНОНИ СУҒДӢ” 
14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ифтихорӣ 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Точикистон бо харҷи 3 миллион сомонӣ бунёд гардид.
Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” бо маблағгузории Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда, пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Аъзам-Ю” мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии иншоот баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки ҷавонону наврасонро бештар ба варзиш ҷалб созанд.
Иншооти нави варзишӣ дар масоҳати 885 метри мураббаъ бо назардошти шароити зарурӣ ва мутобиқ ба талаботи варзишиву солимгардонӣ бунёд шуда, дорои 10 ҳуҷра, аз ҷумла либосивазкунӣ, санитарӣ ва корист. Барои тамошои мусобиқаҳо ба 300 нафар ҷойи нишаст муҳайёст.
Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” барои намудҳои гӯштин, каратэ ва гимнастика пешбинӣ гардида, дар баробари писарон духтарон низ, ба машқу тамрин фаро гирифта мешаванд. Бо бунёди ин иншооти замонавӣ намудҳои гуногуни варзиш дар ноҳияи Деваштич рушд мекунад.
 Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” дорои шароити муосир буда, дар баробари муҷаҳҳаз намудани иншоот бо гилеми махсуси варзишӣ, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 нафар варзишгар бо либоси варзишӣ таъмин гардид.
Давоми солҳои охир дар доираи сиёсати давлатии ҷавонон бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд садҳо иншооти варзишии ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд гашта, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш замина фароҳам оварда шуд.
МАРКАЗИ ҚОЛИНБОФИИ “СУБҲИЯ” 
14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич коргоҳи қолинбофии “Субҳия”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот дар масоҳати 288 метри мураббаъ ҷой гирифта, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Примқул Сатторқулов бунёд ёфт.
Коргоҳи қолинбофии “Субҳия” дар заминаи таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои суннатии мардумӣ, аз ҷумла қолинбофии дастӣ ва дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ”, фаъол шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар коргоҳ 11 адад таҷҳизоту дастгоҳи қолинбофӣ аз хориҷи кишвар ворид ва насб шуда, барои 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардидаанд.
Дар ин дастгоҳҳо бо усули анъанавӣ қолинҳои абрешимӣ бофта мешаванд. Ин тарзи қолинбофӣ дар байни ҳунармандони халқӣ маъмул буда, он маҳз зери таваҷҷуҳи давлат эҳё гашта, рушд меёбад. 
Яке аз самтҳои фаъолияти маркази ҳунармандӣ ба омӯзиши ҳунари қолинбофии дастӣ фаро гирифтани занону духтарони деҳаҳои Ҳазорчашма, Панҷбоғ, Муҷун ва Истиқлол мебошад. Дар ин деҳаҳо шумораи ҳунармандони халқӣ, аз ҷумла қолинбофон аз байни занону духтарон, зиёд буда, таъсиси коргоҳи қолинбофӣ ба рушди ин ҳунари анъанавӣ ва бахусус бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарони деҳа ва даромаднокӣ, мусоидат менамояд. Таъсиси коргоҳ самараи судманди ҳамкориҳои соҳибкорону ҳунармандони тоҷику ӯзбек мебошад. Ҳамкории ҳунармандони Тоҷикистону Ӯзбекистон тавсеа ёфта, он имконияти васеъ ва баҳри таъсиси чунин корхонаҳо, рушду муаррифии ҳунарҳои дастӣ мегардад. Асоси қолинҳои дастиро нах ва риштаи абрешимӣ ташкил медиҳад. Дар истеҳсоли қолин истифода шудани риштаи абрешимӣ бо нақшу нигори зебои миллӣ сифати қолини дастбоф ва серхаридор гардидани маҳсулот дар бозори хориҷӣ аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин иқдому ташаббуси созандаи соҳибкор дар самти рушди ҳунари дастӣ баҳои баланд дода, фаъолияти ин маркази ҳунармандиро омили муҳими таъмини занону духтарон бо ҷойҳои корӣ ва даромаднокӣ аз ин ҳисоб арзёбӣ намуданд.
 
МАЙДОНИ БОЛОПӮШИДАИ ВАРЗИШӢ 
ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашма майдони болопӯшидаи варзиширо ифтитоҳ карданд.
Дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва бо мақсади саҳм гузоштан дар ободии Ватан соҳибкори маҳаллӣ Хироҷиддин Сайфиддинов иншооти варзиширо бунёд намудааст.
Майдони варзишии болопӯшида дар масоҳати 800 метри мураббаъ сохта шуда, асосан, барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардидааст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти варзишӣ 10 нафар сокини деҳаи Ҳазорчашма бо ҷойи кор таъмин шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми ватандӯстонаи соҳибкор баҳои баланд дода, зарур шумурданд, ки минбаъд дар деҳоти ноҳияи Деваштич чунин иншооти варзишӣ, аз ҷумла толору майдонҳои варзишӣ, сохта мавриди истифода қарор дода шаванд, зеро варзиш яке аз василаҳое мебошад, ки дар баробари солим нигоҳ доштани ҷомеа давлату миллатро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки дар деҳаи Ҳазорчашмаи деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд қариб 1200 оила зиндагӣ мекунад. Минбаъд кӯдакону наврасон ва ҷавонони ин деҳа дар майдони навбунёд ба варзиш машғул шуда, дар баробари солим нигоҳ доштани худ малакаи варзишии хешро баланд мебардоранд.
Ба наврасону ҷавонони варзишдӯст туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз либос ва лавозимоти варзишӣ тақдим гардид. Ҷавонону наврасон ваъда доданд, ки оянда вақтҳои холии худро дар ин майдони варзишӣ ба бозии футбол ва тарбияи бадан сарф менамоянд.
Дар ноҳияи Деваштич 1 мактаби варзишӣ ва беш аз 110 иншооти варзишӣ амал мекунад, ки дар он 20 нафар мураббӣ 440 нафар наврасу ҷавонро машқу тамрин медиҳад. Дар ноҳия ба рушди футбол, волейбол, каратэ, намудҳои гӯштин, шашкаву шоҳмот, ушу ва дигар намудҳои варзиш таваҷҷуҳ равона шудааст.
 
КОРГОҲИ КОРКАРД ВА БАНДУБАСТИ ҶДММ “МЕВАҲОИ ҲАЗОРЧАШМА” 
14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич коргоҳи коркард, бандубасти хуч ва намудҳои пину (қурут)-и ҶДММ “Меваҳои Ҳазорчашма”– ро ба истифода доданд.
Коргоҳ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Наим Худойбердиев дар заминаи иншооти мавҷуда пурра таҷдиду навсозӣ ва муҷаҳҳаз гардонда шуд. Иншоот дар масоҳати 432 метри мураббаъ ҷой гирифта, бо баҳрабардории коргоҳ 10 нафар бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як рӯз то ҳазор дона маҳсулоти коркардшудаи хуч дар зарфҳои шишагӣ мебошад ва иқтидори солонаи он то ба 36 ҳазор дона маҳсулоти тайёр мерасад.
Дар хатти таҷҳизот ҳама талаботи технологии сара кардан, шустан, коркард дар ҳарорати меъёрӣ, резиш, тамғазанӣ, бандубаст иҷро ва, ба ин васила, маҳсулоти пурра табиӣ истеҳсол мегардад. Васлу насби маҷмуи таҷҳизоти технологии коркард, бандубасти меваи хуч - настаран имконияти дар маҳали истеҳсол наздик ба роҳ мондани коркард ва бандубасти ин меваи табииву шифобахши Тоҷикистон мебошад.
Хуч меваи манфиатбахш буда, кишоварзону соҳибкорон ва аҳолӣ тайи солҳои охир ба зиёд кардани майдони боғ - плантатсияҳои хуч ноил шуда истодаанд. Ин ба хоҷагиҳо ва ба аҳолӣ даромад меоварад ва бо таъсиси чунин корхонаҳои коркард даромади иқтисодӣ якчанд маротиба меафзояд.
Дар Хоҷагии деҳқонии “Меваҳои Ҳазорчашма” боғи хуч бунёд ёфтааст, ҳосили он пурра дар коргоҳ коркард мегардад. Ҳамчунин, дар коргоҳ коркард ва бандубасти якчанд номгӯйи дигари меваҷоти кӯҳӣ, рустаниву гиёҳҳои шифобахш ба роҳ монда шудааст. Коркарди зирк, чойкаҳак, кокутӣ, барги зуф ва дар маҷмуъ, зиёда аз 10 намуди гиёҳҳо муаррифгари боигариҳои кишвар аст.
Бандубасти пину (қурут) боз як имконияти хуби таъмини бозор бо маҳсулоти табиии чорво мебошад. Дар ҳар як деҳаву маҳали Тоҷикистон аз шири чорво бо усули анъанавӣ қурут омода карда мешавад. Бандубаст ва бо намуди ҷолиб пешниҳод намудани ин маҳсулот таваҷҷуҳи бештари харидорро ҷалб менамояд. Соҳибкорон бо вориди таҷҳизоту технологияҳо, ҷорӣ кардани чунин роҳу усулҳо корхонаҳои саноатӣ таъсис дода, дар рушди саноат дар деҳот саҳм мегузоранд. Ин татбиқи босамари ҳадафи муҳими стратегии саноатикунонии кишвар аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорро дар таъсиси коргоҳи коркарди “Меваҳои Ҳазорчашма” ва ҷойҳои корӣ арзанда арзёбӣ намуда, тавсия доданд, ки чунин корхонаҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, меваҷот ва гиёҳу рустаниҳои табиӣ зиёд шавад. Ин омили рушди деҳа, мусоидат ба шуғлнокии аҳолӣ ва даромаднокӣ мебошад.
Дар саҳни коргоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти тайёри корхона, номгӯю намудҳои зиёди меваҷот, гиёҳу рустаниҳои шифобахши табиӣ шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки табиати Тоҷикистон бою нотакрор буда, ҳоло беш аз 1800 навъу намуди чунин гиёҳу рустанӣ маъмул аст ва барои солимии аҳолӣ бояд васеъ истифода шаванд. Таваҷҷуҳи масъулон, мутахассисон ва соҳибкорону хоҷагидорон дар шакли коркард ва бандубаст, пешниҳоду муаррифӣ намудани ин гуна боигариҳои табиат ҷалб карда шуд.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МУАССИСАИ 
ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №5 
14 ноябр дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои лоиҳавии Муассиса дар масоҳати 2,14 гектар бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Фармоишгар “Маркази татбиқи Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй-рем” ба анҷом расонда шудааст. Бинои хуштарҳ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар ду баст 1240 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад. Дар Муассиса 60 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи фарзандон машғул аст.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои Муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна ва 26 синфхона, ҳамчунин, кабинетҳои фаннию ҳуҷраҳои корӣ иборат мебошад. Дар бинои нав китобхона, маҷлисгоҳ, ошхона, синфхонаҳои таълими меҳнат мавҷуданд. Барои омӯзиши касбу ҳунар низ, шароити мусоид фароҳам аст. Хонандагон дар маҳфилҳои таълими меҳнат барои писарон ва дӯзандагӣ барои духтарон касбу ҳунар меомӯзанд.
Бо мақсади ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ толори замонавии варзиш ва синфхонаи шоҳмот бунёду муҷаҳҳазанд. Хонандагон бо истифода аз ин шароитҳои муосир ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла волейболу баскетбол, шашкаву шоҳмот, тенниси рӯйи миз ва ғайра, машғул мешаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кабинетҳои фаннӣ ва толори варзиш боздид ба амал оварда, бо омӯзгорону хонандагони Муассиса суҳбати озоду самимӣ оростанд. Хонандагонро ҳидоят намуданд, ки аз шароити мусоиди фароҳамгардида самаранок истифода бурда, дониши амиқ омӯзанд ва мунтазам ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд.
Тибқи лоиҳа бино мутобиқ ба талаботу стандарти соҳаи маориф бунёд гардида, ҳамчунин, дорои ҳамаи инфрасохтору иншооти ёрирасон, аз қабили зеристгоҳи мустақили барқӣ, манораи об, анборҳо, нуқтаҳои санитариву гигиенӣ мебошад. Бино пурра тавассути маркази гармидиҳии мустақили худӣ бо гармӣ таъмин карда шуда, дар он шабакаи ҳавокашӣ васлу насб шудааст. Дар саҳн ва гирду атрофи бинои Муассисаи таълимӣ дарахтони ороишӣ ва гулҳои рангоранг шинонда шудаанд, ки ба намои бино ҳусни хосса зам мекунанд. Дар саҳни он майдончаи замонавии варзишӣ барои машқу тамрини хонандагон оид ба футбол бунёд шудааст.
БОЗДИД АЗ НАМОИШИ НАВЪҲОИ КАРТОШКА 
ВА ДИГАР МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ 
14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашма аз намоиши навъҳои картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзии ноҳия боздид ба амал оварданд.
Иттилоъ дода шуд, ки шуғли асосии сокинони Деваштич кишоварзӣ буда, дар ноҳия 36 ҳазору 556 гектар замини корам мавҷуд аст, ки аз ин 12 ҳазору 448 гектараш обӣ аст ва дар ин минтақа соҳаи картошкапарварӣ рушд меёбад. Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ноҳия ҳаҷми истеҳсоли картошка ҳам аз ҳисоби афзун намудани майдони кишт ва ҳам аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ зиёд карда мешавад. Соли равон дар ноҳияи Деваштич дар майдони 6 ҳазору 494 гектар картошка кишт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 333 гектар беш аст. Ҳосилнокии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ ба ҳисоби миёна аз 350 то 400 сентнерро ташкил дода, картошкапарварони алоҳида ва бисёр хоҷагиҳои деҳқонӣ 650-700-сентнерӣ аз ҳар гектар ҳосил гирифтанд.
Натиҷаи заҳмати пурмаҳсули кишоварзон буд, ки соли ҷорӣ хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ дар маҷмуъ, 168 ҳазору 576 тонна картошка рӯёнданд. Картошкаи истеҳсолгардида қисман барои тухмӣ ва қисман барои фурӯш дар давраҳои минбаъда захира шудааст. Яке аз роҳҳои афзун кардани ҳаҷми истеҳсоли картошка ва баланд бардоштани сифати он истифодаи тухмиҳои серҳосилу ба минтақа мутобиқи навъҳои селексияи ватанӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Таъкид бояд кард, ки хоҷагидорон дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо картошкаи ғизоӣ дар истеҳсолу таъмини хоҷагиҳои кишвар бо картошкаи тухмӣ нақшу саҳми асосӣ доранд. Хоҷагидорон ва аҳолии ноҳияи Деваштич имкон доранд аз ҳисоби ҳосили имсола ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ беш аз 25 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ пешниҳод намоянд.
Соли равон кишоварзони ноҳияи Деваштич 35 ҳазору 260 тонна сабзавот, 10 ҳазору 225 тонна маҳсулоти полизӣ, наздик ба 9 ҳазор тонна мева ва беш аз 1 ҳазору 100 тонна ангур истеҳсол намуданд, ки барои ғанӣ намудани бозори дохилӣ ва таъмини сокинон бо маҳсулоти тару тоза мусоидат менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши навъҳои картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолияти хоҷагидорони ноҳияи Деваштич баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бояд аҳолии ноҳия таҷрибаи истифодаи самараноку оқилонаи заминро боз ҳам баланд бардошта, ҳосили дилхоҳ ба даст оранд ва баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар, содироти маҳсулоти кишоварзӣ саҳми боз ҳам бештар гузоранд.
 
МАҶМААИ ХИЗМАТРАСОНИИ “МАЛИКА” 
ВА МУЛОҚОТ БО ЯТИМОНИ КУЛ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ
14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашма Маҷмааи хизматрасонии “Малика”– ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити марказ шинос гардида, бо кормандони Маҷмааи хизматрасонӣ суҳбати самимӣ оростанд.
Дар коргоҳи нав зиёда аз 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Иншооти нав дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва истиқболи сазовори 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шарифҷон Раҳмонбердиев бунёд гардидааст. Он аз ду ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи аввал коргоҳи дӯзандагӣ ҷой дода шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири дӯзандагӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин аст. Дар коргоҳ мутобиқ ба меъёрҳои соҳаи бурандагиву дӯзандагӣ ҷиҳати омода намудани маҳсулоти хушсифати ватанӣ шароити хуби корӣ фароҳам аст.
Тибқи маълумоти масъулон, дар як сол коргоҳ имкон дорад, ки бештар аз 10 ҳазор маҷмуи либоси ягонаи мактабӣ, корӣ ва барои бонувон номгӯи зиёди либоси миллиро бо сатҳу сифати баланд пешниҳод намояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дӯхти босифати либоси ягонаи мактабию корӣ, пурра таъмин кардани бозор аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи мамлакат ба масъулон дастуру супоришҳо доданд.
Дар ошёнаи дуюми Маҷмааи хизматрасонии “Малика” тарабхона барои 100 ҷойи нишаст бунёд гардида, ҷиҳати гузарондани базму чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ мутобиқ аст.
Бунёду ба истифода дода шудани Маҷмааи хизматрасонии “Малика”, алалхусус тарабхонаи замонавӣ, имкон медиҳад, на танҳо аҳолии беш аз 5000-нафараи деҳаи Ҳазорчашма, балки сокинони дигар деҳаҳо низ аз шароити хуби хизматрасонӣ дар тӯю маросимҳо истифода намоянд. Тарабхона бо тарҳу намуди замонавӣ оро дода шуда, бо мизу курсиҳо муҷаҳҳаз аст. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорро намунаи ибрат ва боиси дастгирӣ арзёбӣ намуданд. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони оилаҳои камбизоат ва ятимон мулоқот намуда, ба 100 кӯдаки ятими шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Айнӣ ва Деваштич туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2022    №: 219    Мутолиа карданд: 1292
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед