logo

Хабарҳо

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

 
Пресс-тури навбатии гурӯҳи рӯзноманигорони эколог бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Норак бо мақсади шиносоӣ аз вазъи экологии обанбори Норак сурат гирифт. Пресс-тур дар ҳошияи сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри энергетикҳои 
тоҷик - шаҳри Норак, ҳамчунин, ба ифтихори таҷлили 50-солагии оғози фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» амалӣ шуда, дар он масъалаҳои муаррифии иншооти аз ҷиҳати экологӣ муҳим баррасӣ гардиданд.
Нахуст, Саидусмон Судурзода, сардори раёсати назорати давлатии эпидемиологӣ ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зист, изҳор дошт, ки дар шароити ҳозираи таъсири дигаргуншавии иқлим ҳифзи манбаъҳои обӣ ва самаранок истифода бурдани захираҳои об аз масъалаи муҳим ба ҳисоб рафта, қариб ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба он таваҷҷуҳ доранд. Аз ҷумла, ҳифзи обанбори Норак, ки солҳост баҳри пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат саҳми назаррас мегузорад, дар мадди аввал меистад. 
Мутахассисони соҳа аҳамияти ин иншооти бузургро шарҳу тавзеҳ дода, мегӯянд, ки маҳз ба шарофати Неругоҳи барқи обии «Норак» шаҳри Норак, корхонаҳои азими саноатии Алюминийи тоҷик, нуриҳои азотии Вахш, заводи химиявии Ёвон ва амсоли инҳо бунёд шуданд. Муҳимтар аз ҳама, яке аз масъалаҳои иҷтимоӣ ва ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки аз обанбор сарчашма мегирад,  ҳалли худро меёбанд. Неругоҳ бо иқтидори истеҳсоли 3000 мегаватт неруи барқ то имрӯз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ва муаррификунандаи иқтидорҳои азими гидроэнергетикиамон ба ҳисоб меравад. 
Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар Неругоҳ ҳар сол ба ҳисоби миёна 11,2 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол мегардад ва ин нишондиҳанда зиёда аз 50 дарсади ҳаҷми умумии истеҳсоли барқи солона дар кишвар мебошад. Дар НБО «Норак» аз оғози фаъолият 486 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 336 миллиард киловатт-соат ё 70 дарсади он ба давраи соҳибистиқлолӣ рост меояд. 
Дар масъалаи таъсири манфии экологӣ ба иншоот гуфта шуд, ки дар кишвари мо ҳолатҳои сар задани офатҳои табиӣ зиёд ба амал омада, аз ин ҳисоб кӯлу дарёҳо бо обовардҳо осеб мебинанд. Дар обанбори Норак низ обовардҳо зери об тагшин гашта, ба равиши об халал ворид месозанд. Бо вуҷуди ин, оби тозае, ки аз обанбори Неругоҳ ҷорӣ мешавад, барои таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриҳои ҳамсоя бо об ёрӣ мерасонад. 
Зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо назардошти аҳамияти бузурги Неругоҳ дар рушди иқтисодиёт, баҳри таҷдиду навсозии  он тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо ташаббуси Ҳукумат ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ омодасозии асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак»  ва таъмини бехатарии сарбанди он» далели ин гуфтаҳост. Дар доираи лоиҳаи мазкур иваз кардани нуҳ  агрегат, шаш трансформатор, таҷдиди дастгоҳи тақсимоти кушода ва иҷрои корҳо вобаста ба таъмини бехатарии сарбанд, ҳамчунин, таъмири бинои Неругоҳ, таъмини он бо техникаю таҷҳизоти зарурӣ, пешбинӣ шудааст. Баъди татбиқи пурраи лоиҳа, иқтидори Неругоҳ аз 3000 ба 3375 мегаватт мерасад.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 16100
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед