logo

Хабарҳо

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

Известия. Президенти Индонезия Ҷоко Видодо нишасти G20-ро дар Бали ифтитоҳ намуд. Чунон ки рӯзномаи «The Times Of India» хабар медиҳад, Видодо гуфтааст, ки роҳбарони ҷаҳон «на танҳо дар назди мардуми мо, балки дар назди халқҳои тамоми ҷаҳон масъулият доранд», бинобар ин, задухӯрдҳои мусаллаҳона «бояд анҷом дода шаванд».
 
Амалиёти низомӣ ба коҳиши рушди ҷаҳон мусоидат мекунад. Видодо афзуд, ки “ҷаҳон набояд ба қисмҳо тақсим шавад” ва ғайри қобили қабул будани ҷанги сарди дигарро эълом намуд. Нишасти сарварони G20 дар Бали 15-16 ноябр баргузор мешавад. Ҳайати Россияро вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров роҳбарӣ менамояд.  
 
Даъвати Макрон ва Си Ҷинпин  
Известия. Бино ба иттилои шабакаи телевизионии CCTV Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба оташбас дар Украина ва аз сар гирифтани музокироти сулҳи Киеву Москва даъват карданд. 
Си Ҷинпин гуфт: “Бояд оташбас намоем ва низоъро қатъ карда, музокироти сулҳро оғоз созем”. Ба гуфтаи ин шабака, Макрон, дар навбати худ, омодагии ҷониби Фаронсаро дар якҷоягӣ бо Пекин барои “мусоидат ба рушди осоиштаи ҷаҳонӣ” изҳор доштааст.
 
Қазоқистониён метавонанд дар 53 кишвари ҷаҳон овоз диҳанд
CentralAsia (KZ). Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки    интизор меравад, беш аз 12 000 қазоқистонӣ дар 68 участкаи интихоботии 53 кишвари ҷаҳон дар интихоботи ғайринавбатии президентӣ имкони овоздиҳӣ дошта бошанд. 
«Қазоқистон узви масъули ҷомеаи ҷаҳонӣ аст ва ҷонибдори баргузории интихоботест, ки ба қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат намояд», –  гуфт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ Айбек Смадияров. 
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳашт созмони байналмилалӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва корпусҳои дипломатие, ки дар Қазоқистон аккредитатсия шудаанд, интихоботи президентиро назорат хоҳанд кард.
 
Шолс дар бораи аҳамияти мубоҳисаҳои муштарак бо Россия дар нишасти G20 сухан гуфт
Ахбор. Канслери Олмон Олаф Шолс иброз дошт, муҳим аст, ки бо Россия гуфтугӯҳои муштарак дошта бошем ва онро дар ҳамоиши G20 дар Индонезия ҷудо насозем. 
«Зарур аст, ки муҳокима дар ин ҷо якҷоя сурат гирад. Дар ин ҷо намояндагони бисёр мамлакатҳо ҷамъ меоянд. G20 аксарияти аҳолии ҷаҳон ва аксари маҳсулоти иқтисодии ҷаҳонро намояндагӣ менамояд. Дар робита ба ин, созишномаҳое, ки дар ин ҷо ба даст меоянд,  инчунин, муҳокимаҳо ва баҳсҳо барои саҳм гузоштан, то ин ки оянда аз ҳозира дида беҳтар шавад, заруранд", – гуфт Шолс ба хабарнигорон пас аз расидан ба Бали.
 
Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 17482
31.01.2023

ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023

БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023

Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023

Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023

САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023

ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023

Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023

БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023

ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023

«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»

Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед