logo

Хабарҳо

Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

14 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар, таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва муовини Сарвазир – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Тошиев баргузор гардид, - хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Аз натиҷаи нишаст протоколи дахлдор ба имзо расида, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҷаласаи навбатии комиссия дар ҳудуди Қирғизистон доир шавад. 
 
 
Имзои ёддоштҳои табодулӣ
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аикиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин дидор вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла масоили ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба иттилои Вазорат, пас аз анҷоми мулоқот маросими имзои ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон роҷеъ ба лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)” дар чаҳорчӯбаи кумакҳои бебозгашти Ҷопон (ODA) баргузор гардид.
 
 
Вохӯрии Баҳодур Шерализода бо Самеҳ Ваҳба 
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода дар ҳошияи Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Самеҳ Ваҳба вохӯрд.
Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии Тоҷикистон, ки дар стратегия ва барномаҳои миллӣ дар самти беҳтар намудани хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ муайян гардидаанд, аз ҷониби раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист пешниҳод шуд, ки масъалаи ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ дар доираи Лоиҳаи “Навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ (маблағгузории иловагӣ), Ҷузъи С” баррасӣ шавад. Ҳамзамон, масъалаи расондани кумаки техникӣ дар самти мониторинги ҳавои атмосфера муҳокима гашт.
Раиси Кумита бо мақсади татбиқи саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонагӣ Бонки ҷаҳониро барои дастгирии татбиқи ҳуҷҷати мазкур даъват намуд.
 
 
Таҷлили санаҳои таърихии Тоҷикистон дар Берлин
Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлин ба ифтихори Рӯзи Конститутсия, 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии тантанавиро бо ҳузури тоҷикистониёни муқими Олмон баргузор намуд.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов зимни суханронӣ вобаста ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдату пойдории миллӣ ва инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, таъкид намуд.
Инчунин, дар чорабинӣ филми мустанад оид ба дастовардҳои Тоҷикистон намоиш дода шуд.
 
 
Комил Мирзоалӣ президенти Федератсияи бокс интихоб шуд
Дар Кумитаи миллии олимпӣ ҷаласаи ғайринавбатии интихоби президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он истеъфои президенти федератсия Бег Сабур тасдиқ гардида, номзадии Комил Мирзоалӣ ба ҳайси президенти нави Федератсияи бокс пешбарӣ ва аз ҷониби аъзои федератсия интихоб гардид. 
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Комил Мирзоалӣ ба иштирокчиёни ҷаласа барои боварӣ изҳори миннатдорӣ карда, иброз дошт: “Ба Бег Сабур барои иҷрои вазифаҳояш дар мақоми президенти Федератсияи бокс изҳори сипос мекунем. Дастоварди варзишгарони мо дар чанд соли охир назаррас аст. Талош меварзем, ки комёбиҳо боз ҳам бештар шаванд ва ин бе дастгирӣ ва ҳамкории якҷояи мураббиён имконпазир нахоҳад шуд”.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 19090
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед