logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АРМУҒОНИ ИМРӮЗИЁН БА ОЯНДАГОН АСТ

 
Охири солҳои 90 - уми асри XX, тамоми ҷумҳуриҳои пасошуравӣ, бо дарёфти Истиқлоли давлатӣ, ба роҳи рушди худ идома дода, робитаҳои хешро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ростои тавсеаи муносибатҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ ва сиёсӣ ташаккул ва инкишоф медоданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бинобар сабабҳои муайяни объективӣ ва субъективӣ, ба гирдоби муноқишаҳо афтид ва дар банди ҷанги таҳмилии дохилӣ монд.
Албатта, Истиқлоли давлатӣ, барои ҳар миллат, аз ҷумлаи муқаддасоти бузург, сарчашмаи ифтихор ва асоси рушду бунёди қавии ваҳдат ва ягонагии давлат ба ҳисоб меравад. Вале Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози Истиқлоли давлатӣ, бо таҳдиду хатарҳои замони муосир рӯ ба рӯ гашт, ки ҷомеаи кишвар ба он омодагӣ надошт. Дар натиҷаи ихтилофоти бамиёномада беш аз яксаду панҷоҳ ҳазор нафар ба ҳалокат расида, хисороти молӣ дар иқтисодиёти кишвар аз рӯи арзиши нархҳои охири солҳои навадуми қарни  XX бештар аз даҳ миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.
Чуноне аз таҳқиқоти ин давраи таърихӣ бармеояд, мо дар ҷаҳони дур аз назм қарор доштем ва мушкилоти зиёде дар миён буданд. Дар ҳамин ҳол, танҳо Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, нахуст ба идомаи ҷанги таҳмилӣ хотима дода, ба эҳёи давлатдории навини тоҷикон бунёд гузорад. Дар силсилаи вазифаҳои аввалиндараҷаи ин анҷумани таърихӣ масъалаи ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хос дошт. Ин шахсияти таърихӣ, аз рӯзҳои аввали интихоб гардидан ба сифати Раиси Шурои Олӣ (Сарвари давлат) дар навбати аввал, талошҳоро ба харҷ доданд, то ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима ёбад ва сулҳу созгорӣ барқарор шавад, ки тасдиқи ин воқеият каломи умедбахши «Ман ба шумо сулҳ меорам!» буд. 
Метавон гуфт, ки маҳз бо ҳамин суханони пурмуҳтаво, нахустин санги таҳдоби муҳимтарин аркони давлатдории навини тоҷикон гузошта шуд, зеро бе сулҳу суботи сартосарӣ ва бозсозии баъдиҷангии иқтисодиёти кишвар, намешуд рушду нумӯи фарогири мамлакатро тасаввур кард.
Тавре омӯзиш ва таҳлили таърихи кишварҳое, ки ҷанги дохилӣ ва бесуботии дохилисиёсиро аз сар гузарондаанд бармеояд, бунёди ҳама гуна давлат ва давлатдориро дар навбати аввал, барқарории сулҳу суботи устувор ташкил медиҳад. Манзараи воқеии он рӯзҳои Тоҷикистон худ баёнгари ҷараёни муқовимати дохилисиёсие маҳсуб мегардид, ки ба он тамоми қишрҳои ҷомеа кашида шуда, кишвар дар хатти ниҳоии фоҷиа қарор дошт. Аз ҷумла, фалаҷ гардидани ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодӣ, муҳоҷирати иҷбории беш аз як миллион сокини мамлакат, хисороти калони молӣ тадбирҳои фаврӣ ва созандаро аз роҳбарияти олӣ тақозо мекард.
Ҳамзамон, вазъият ба он хотир ваҳимтар мегашт, ки дар баробари ин фоҷиа, гурӯҳу неруҳои муайян дар кишвар, бо ҷонибдории ҳаматарафаи хоҷагони хориҷиашон омодагӣ доштанд, ки Тоҷикистонро ба қисмҳо ҷудо намоянд, то дар харитаи ҷаҳон, миллати ягона ва аз нав эҳёгардидаи тоҷик бо давлатдории навини он вуҷуд надошта бошад. 
Дар ҷараёни Иҷлосияи сарнавиштсоз Пешвои миллат на танҳо иброз доштанд, ки ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот меоранд, балки исрор варзиданд, ки то охирин гурезаи тоҷик ба Ватан барнагардад, рисолати худро анҷомшуда ҳисоб намекунанд. Сарвари давлат бо иродаи фавқулода бузурги хеш ин қавли худро иҷро карданд, ҳарчанд қисме гурезаҳо зери фишори дастаҳои мухолифин ба манотиқи шимоли Афғонистон ҳиҷрат карда, иҷборан ба гурӯҳҳои террористӣ ҷалб ва барои идомаи ҷанг дар дохили Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирифтанд. 
Қадамҳои устувори созандае, ки ҷиҳати бартараф намудани буҳрони низомӣ – сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дар Тоҷикистон гузошта шуданд, ба таври бунёдӣ дурнамоҳои стратегияи самтҳои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муайян гардиданд, заминаҳои қавии роҳ ба сӯи сулҳ ва субот муайян ва ояндаи бозсозии баъдазҷангии кишвар мушаххас гаштанд.
Чуноне ки аз асноди таърихӣ бармеояд, маҳз дар чунин вазъият, дар ҷараёни кори Иҷлосия, баъд аз интихоби Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъияти мураккаб ва таҷаммуи гурезаҳо дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, фавран ба манотиқи сарҳадии ҷануб сафар намуда, бо мардум дар ҳоли изтироб дидор карданд. Мулоқоти Сарвари давлат бо сокинон дар минтақаи сарҳадии бандари “Панҷи Поён”, ки бо “Шерхон бандар”-и Афғонистон мепайвандад, сурат гирифт. Натиҷаи ин сафар ва суҳбат бо мардуми дар ҳоли фирор қарордошта, боиси он гашт, ки ҳазорон нафар гурезаҳои иҷборӣ аз тарки кишвар худдорӣ карда, ба хонаҳои худ баргаштанд. Ин  нахустин қадамҳои амалӣ ва ташаббусҳои созандаи Раиси Шурои Олӣ буд ва аз дурнамои фаъолияти неки сиёсӣ шаҳодат медод. 
Таҳқиқот дар робита ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таъсиси давлатдории навини тоҷикон, аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар баробари барқарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ дар мамлакат, пеш аз ҳама, ҷараёни хеле мушкили музокироти сулҳи байни тоҷикон оғоз гардид. Дар ин замон, ба шарофати ибтикороти беназири Пешвои муаззами миллат, ҷараёни мазкур мазмун ва муҳтавои хосро ба худ касб намуд ва имкон ба даст омад, то таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин раванд ҷалб шавад. 
Ҳамзамон,  тавассути бонуфузтарин созмони байнал-милалӣ – Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон, ба мисли Федератсияи Россия, мамолики Осиёи Марказӣ ва Эрон, ҷараёни музокироти байни тоҷикон тақвият  бахшида  шуд,  ки бунёди созандаи онро  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд. 
Қобили зикр аст, ки сулҳи тоҷикон ба сифати таҷрибаи нодир ва бемисл дар роҳи расидан ба сулҳ ва суботи сартосарӣ, дар илми низоъшиносӣ, дар робита ба ҳаллу фасли муқовимати дохилисиёсӣ, дар як кишвари алоҳида, ҷойгоҳи сазовореро ба худ касб намудааст, зеро заминаҳои дохилӣ ва хориҷии он бо омилҳои хеле зиёди ҷиддие, ба мисли мазҳаб ва дин, ба ҳам печида буданд. Ҳолати мазкур, ворид гардидани тундгароии мазҳабиро бо ҳадафҳои дуродури он таъйид ва тасдиқ менамояд, ки дар баъзе давлатҳои минтақаи Шарқи Наздик ва Миёна оқибатҳои ҷиддиеро ба миён овардааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин ҷараёни хеле мураккаб, яъне барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ба таври расмӣ 5 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва оғоз гардид, ки, дар маҷмуъ, 8 давраро дар бар гирифта,  рӯзи 27 июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид. Рӯзи ба имзо расидани ин санади муҳиму ояндасоз воқеаи таърихӣ ба шумор рафта, сарнавиштсоз будани он барои ҳар як фард ва шахсе, ки дар роҳи сулҳу рифоҳ талош дорад, муқаддас аст, зеро дар ин рӯз, дар сарзамини фарҳангсоз ва тамаддунофари тоҷик, сулҳ ва суботи сиёсӣ мустақар гардид.
Бо зикри аҳамияти хоси масъалаи сулҳу субот, набояд фаромӯш кард, ки имрӯз ҳам, “нуқтаҳои доғ”- и зиёде дар ҷаҳон боқӣ мондаанд, ки онҳо ба ҳамин гуна субот, хеле ниёз доранд ва  коршиносони сатҳи байналмилалӣ бо ёдоварӣ аз таҷрибаи тоҷикон дар ин мавзуъ, ба ин назаранд, ки усули амалӣ намудани консепсияи мусолиҳаи миллӣ ва таҷрибаи он, мисоли равшани ҳаллу фасли низоъҳо на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар дигар нуқоти сайёра шуда метавонад.
Табиист, ки масъалаҳои эҳёи баъдиҷангии иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва фарҳангии диёр, ҷойгоҳи хосеро дар стратегияи сиёсати дохилии роҳбарияти олии мамлакат ба худ касб намуда буданд. Аммо, танҳо дар сурати расидан ба сулҳу суботи сартосарӣ бозсозии иқтисодиёти Ватан имконпазир буд, ки дар ин роҳ ёрӣ ва дастгириҳои созмонҳои молиявии сатҳи байналмилалӣ дар мадди аввал меистоданд. Албатта, ин кори осоне набуд ва Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба халқи Тоҷикистон тавонистанд бо сарбаландӣ вазоиф ва ҳадафҳои сарнавиштсозеро, ки таърих дар наздашон гузошта буд, иҷро намоянд.
Дар заминаи ибтикороти созандаи Сарвари давлат вобаста ба муҳимтарин мавзуоти мавриди назар, ки аҳамияти сатҳи ҷаҳонӣ доштанд, симои байналмилалии мамлакат мақоми воло гирифт. Дар ин робита, бояд гуфт, ки аввалин маротиба 29 сентябри соли 1993 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз минбари баланди СММ, муаррифӣ намуданд. Хиради азалии сиёсии  Пешвои муаззами миллат имкон дод, ки Тоҷикистон бо ибтикороти созандаи байналмилалии худ  вобаста ба ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ, дар мисоли об, мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, қочоқи маводи мухаддир дар арсаи байналмилалӣ эътибори баланд ба даст орад.
Дар маҷмуъ, метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омилҳои асосии ташаккули давлатдории навин дар таърихи Тоҷикистонро бунёд гузошт, ки муҳимтарини онҳо чунинанд: 
якум, ҳукумати конститутсиониро барқарор намуд;
дувум, ба хатми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва барқарории сулҳу субот замина гузошт;
сеюм, нуктаи меҳварии музокироти сулҳи байни тоҷикон гашт, ки ташаббусҳои созандаи он ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ доранд;
чаҳорум, бунёди воқеию сиёсии сохтмон ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, поягузорӣ шуд;
панҷум, самтҳои асосии рушду нумӯи иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат муайян шуданд, ки худи замон мантиқӣ ва сари вақт будани онҳоро таъйид сохт;
шашум, бо назардошти манофеи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самти прагматикӣ ва дурусти стратегияи сиёсати хориҷии кишвар танзим шуд, ки он тасдиқи худро дар сиёсати бисёрсамтаи хориҷӣ, таҳти унвони сиёсати “дарҳои кушода” (2002), пайдо намуда, дар Консепсияи сиёсати нави хориҷӣ тақвият ёфт;
ҳафтум, ташаббус ва ибтикороти созандаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба бунёди робитаҳои прагматикӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ такя менамояд, замина гузошт.
 
М. САФОЛЗОДА, 
доктори илмҳои таърих, 
профессори филиали Донишгоҳи давлатии Москва
ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2022    №: 222    Мутолиа карданд: 669
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед