logo

Хабарҳо

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

 
Таҳти ҳамин унвон китоби аз ҷониби кормандони Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардида, дар Китобхонаи миллӣ рӯнамоӣ шуд. Ҷумахон Файзализода, директори Китобхона, зимни муаррифӣ  гуфт, ки сохтмони иншооти НБО «Роғун» муҳимтарин рӯйдоди таърихӣ ба шумор меравад. Бо мақсади саҳм гузоштан дар тарғиби корномаи сохтмончиёни ин иншооти аср тасмим гирифта шуд, ки пажӯҳиши библиографӣ анҷом дода шавад. 
- Феҳрист дар асоси  захираҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бо назардошти ворид шудани  нусхаҳои ҳатмии нашрияҳои  библиографии  Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон ва сомонаҳои интернетӣ таҳия шуда, маводи чопию электронии солҳои 1968 – 2020-ро  фаро мегирад. Дар он 1644  номгӯй маводи чопӣ ва электронии ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, эстонӣ  молдавӣ, латишӣ ва қирғизӣ интишорёфта ҷой шудаанд, - афзуд Ҷумахон Файзализода.
Тавре таъкид гардид, мураттибони китоб нишон-диҳандаи библиографии мазкурро иборат аз пешгуфтор, мақолаи  муқаддимавӣ,  8 боб ва кумакфеҳристҳо таҳия  кардаанд. 
Боби аввал, «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз 2 зербоб иборат буда, ҳуҷҷатҳои расмиро аз соли 1987, боби дуюм, «Баррасии масъалаҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000 то 2020  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ инъикос  менамоянд.
Боби сеюм, «Масоили Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар осори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон»  аз ду зербоб таркиб ёфта, маводҳоро аз соли 1995 то 2020  бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ дар бар мегирад. Маводи ин боб аз эҳёгари «Роғун» будани  Президенти кишвар шаҳодат медиҳанд.
Бобҳои дигар «Ситоиши Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар адабиёти бадеӣ», «Нашрҳои алоҳида доир ба Неругоҳи барқи обии «Роғун», «Неругоҳи барқи обии «Роғун»  дар саҳифаҳои матбуоти даврии  кишвар» «Инъикоси Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар саҳифаҳои матбуоти хориҷа», «Нашрияҳои электронӣ доир ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ном дошта, барои мутахассисон ва, умуман, дилбохтагони илм, ки ба таҳқиқи НБО «Роғун» даст задаанд, кумак хоҳанд кард.
Мутахассисон, яке аз ҷанбаҳои асосии  китобро дар он арзёбӣ намуданд, ки вай дастгоҳи маълумотдиҳии нашр  дорад. Аз пешгуфтор, мақолаи муқаддимавӣ  ва кумакфеҳристҳои алифбои асарҳо пешниҳод шудаанд, ки барои ҷустуҷӯйи  адабиёти мушаххас кумак мерасонад.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 18250
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед