logo

Хабарҳо

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

 
Як гурӯҳ соҳибкорони турк бо роҳбарии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иқтисодӣ, имкониятҳои мавҷуда барои рушди соҳибкорӣ, омӯзиши фазои сармоягузорӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. 
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, соҳибкорони турк дар меҳмонхонаи «Суғдиён» дар бизнес- форум ширкат варзида, бо ҳамтоёни тоҷики худ роҳҳои рушди ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.
Муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ изҳор дошт, ки ҳаҷми гардиши савдо миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия сол ба сол зиёд мегардад. Ташрифи соҳибкорони турк барои таҳкими равобити иқтисодӣ мусоидат мекунад ва соҳибкорони ду кишвар дар амалӣ намудани тарҳҳои муштарак ташаббус нишон медиҳанд. Зикр шуд, ки дар вилоят барои рушди соҳибкорӣ фазои мусоид фароҳам буда, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи стратегӣ эълон гардидааст. Дар ин раванд вилоят ҳавасманди густариши робитаҳо бо шарикони рушд аст. Ташкили корхонаҳои муштарак, ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорон ба бунёди корхонаҳои нав, ворид намудани хатҳои нави истеҳсолӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда имкон фароҳам овард, ки дар амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат саҳм гузошта шавад. 
Ба маълумоти мавҷуда ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ – сентябри соли равон ба 2 миллиарду 300,1 миллион доллар баробар гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 – ум 143,1 фоиз таъмин шудааст. Бо мақсади фароҳам овардани имконоти мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ танҳо давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи қариб 172 миллион доллар сармояи ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, аз ин наздик ба 154 миллион доллар сармояи хориҷӣ мебошад. 
Ҳоло дар вилоят як қатор корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Туркия фаъолият доранд ва умед аст, ки теъдодашон боз ҳам меафзояд. 
Меҳмонон ҳавасмандии худро барои амалишавии лоиҳаҳои нав баён дошта, бо фаъолияти корхонаҳои саноатии Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов дидан намуда, бо соҳибкорони тоҷик дидору мулоқот анҷом доданд. Меҳмонон, ҳамзамон, аз минтақаҳои сайёҳиву фарҳангӣ ва таърихии вилоят боздид намуда, бо имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ ошно шуданд. 
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 20758
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед