logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ ХVI ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Соли 1991 бо фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ таносуби манфиатҳои геополитикию геостратегии қудратҳои ҷаҳонӣ дигар шуд. Дар таърихи башар марҳалаи нави сиёсӣ, давраи нави зери нуфузи қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ қарор гирифтани қисматҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама, қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Аврупои Шарқӣ фаро расид.
 
Бар асари қатъ гардидан ё коста шудани пайвандҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва дигар робитаҳои байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва, ҳамчунин, бархӯрди манфиатҳои неруҳои қудратталаби минтақавию ҷаҳонӣ Тоҷикистони тозаистиқлол ҳам ба буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ гирифтор шуд. 
Мутаассифона, раванди амалисозии гузариш ба низоми нави сиёсии ҷомеа, сохтори давлатӣ, таҷзияи шохаҳои ҳокимият, ислоҳоти сохторӣ дар ҳокимияти иҷроия бар асоси меъёр ва қонунҳои ҷомеаи демократӣ, ки оғози он дар Эъломия эълон гардида буд, дар натиҷаи муташанниҷ гардидани вазъи сиёсӣ, оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, мудохила ва манфиатҷӯйиҳои неруҳои моҷароҷӯйи дохилӣ ва берунӣ шикаст хӯрд ва ноком шуд. 
Нооромиҳои солҳои 1990 ва 1991-и асри гузашта ва сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар соли 1992 баръало собит намуданд, ки роҳбарияти вақти ҷумҳурӣ ба чунин гардиши чархи таърих ва фаъолияти мустақилона омода набуданд. Тамоми мақомоти марказии давлатӣ дар як муддати кӯтоҳ зимоми роҳбарии кишварро аз даст доданд. 
Ҷанги шаҳрвандӣ барои бақои давлату миллати мо то андозае хатарнок буд, ки ҳатто бародарро бо бародар, падарро бо писар ва модарро бо духтар паси сангарҳои ба ҳам муқобил мегузошт. Ҳисси бадбинӣ, тарсу ҳарос ва нобоварии миёни тарафҳои даргир ба ҳадде расид, ки хатари аз миён рафтани давлати навбунёди Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба миён омад.
Тамоми кӯшишҳои ба созиши миллӣ овардану оштӣ додани ҷонибҳои даргир бенатиҷа анҷом меёфт. Тибқи иттилои зиёде, ки он рӯзҳо аз ҳар гӯшаи ҷангзадаи Тоҷикистон мерасид, гурӯҳҳое бо номи «қувваи сеюм» буданд, ки чанд нафарро аз ин ё он мавзеи даргир ба қатл расонда, ба сари ҷонибҳои муқобил бор мекарданд ва ҳама гуна заминаҳоро барои талошҳои оштидиҳии тарафҳо барбод медоданд. 
Дар чунин шароити душвору мураккаб шаҳрвандони тамоми минтақаҳои кишвар ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ тавассути вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузурги давлатдории хешро ифода сохта, баъд аз воқеаҳои фоҷиабор ва хунине, ки душманони сулҳу оромии мамлакат сабабгори он буданд, бо мушкилоти зиёде муваффақ шуданд, ки барои барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум баргузор шавад.
Вазъи ҷамъиятию сиёсии ногувори шаҳри Душанбе ва гаравгонгирии вакилони мардумӣ имкон намедод, ки Иҷлосияи Шурои Олӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ баргузор гардад. Аз ин хотир, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) ба кори худ шуруъ намуд. 
Дар вазъияти даҳшатбори буҳронӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар таърихи муосири Тоҷикистон нақши тақдирсоз бозид. Роҳбари боэътимоде, ки дар он вазъи мушкили сиёсӣ ва низомӣ бояд кишварро идора карда, масъулияти таърихиро ба уҳда мегирифт, дар ин Иҷлосия ба таври қонунӣ интихоб шуд. 
Интихоби вакилони халқ – интихоби саҳеҳ ва мувофиқ ба ормонҳову хостаҳои ҷомеаи тоҷикон буд. Дар нахустин суханронии худ ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо эътимод ба дилу ният ва такя ба он боваре, ки намояндагони халқ ба ӯ иброз намуданд, бар мабнои хиради мардум савганд ёд кард, савганди садоқат ба Ватану миллат, ба дирӯзу имрӯзу фардои тоҷикон, ки чароғашро афрӯхта хоҳад дошт, бо ҷаҳондории муносиб ба ҷадди аълои миллати хеш ба сарманзили мақсуд ҳидоят хоҳад кард, заврақи умедро ба соҳили мурод хоҳад расонд.
Дар аввалин суханронии худ дар Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ ба симати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз дошта буд: «Кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Шахсан ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем».
Роҳбари нави давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барқарор намудани сулҳро аз вазифаҳои асосӣ ва аввалиндараҷаи худ ҳисобида, гуфта буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Вакилони халқу намояндагони тарафҳои муқобил ва дар симои онҳо мардуми ҷумҳурӣ роҳбари фидокор ва ба қавлу амали худ содиқу устуворро пайдо намуданд. 
Роҳбари нави давлат аз лаҳзаҳои аввал хуб медонист, ки чи мехоҳад ва чи бояд кард, дар сурате, ки аксари мардуми Тоҷикистон дар ҳолати яъсу ноумедӣ ва нобоварӣ ба ояндаи нек умр ба сар мебурданд. 
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди худ чунин ҳадаф гузошта буд: «Бояд мардумро дубора сарҷамъ карда, давлати навини тоҷиконро аз парокандагӣ наҷот диҳем. Барои ин ман тамоми ҳастиамро бахшидаам». 
Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии мамлакатро замоне бар уҳда гирифт, ки он аз ҷиҳати сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ комилан фалаҷ гардида буд ва барои барқарор сохтани он Сарвари давлат корро тақрибан аз сифр шуруъ намуд. 
Фаъол сохтани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, хусусан пурзӯр намудани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, таъмини амнияту озодии шаҳрвандон, барқарор сохтани харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ, дарёфти роҳи истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ ва дар ин замина, эҳё намудани Тоҷикистон аз ҳадафҳои олие буданд, ки барои расидан ба онҳо Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар пояи хиради азалию созандаи мардуми Тоҷикистон тамоми неруи зеҳнию ҷисмонии худро истифода намуда, ҷони худро пайваста зери хатар мегузошт ва шабу рӯз заҳмат мекашид. 
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд. Дар ин муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби Парчаму Нишони давлатӣ  ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ташкил ва устувор карда шуданд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд ва шиносномаи миллӣ эътироф гардид.
Фарҳанги сулҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки паёми ваҳдати воқеии тоҷикон, паёми ба орзуву ормонҳои худ расидани халқ буд, ба Президенти Тоҷикистон ва давлати тозаистиқлоли он эътироф, эътибор ва эҳтироми ҷаҳонӣ овард. Далели барҷастаи ин истиқболи ҷаҳонӣ баҳои баланди сарварони кишварҳои бузурги дунё ба шахсият ва мактаби сиёсии Президенти Тоҷикистон ва ба конуни ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфтани кишвари мо ба ҳисоб меравад.
 
Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
доктори илмҳои таърих, профессор, 
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2022    №: 220-221    Мутолиа карданд: 881
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед