logo

сиёсат

ПРЕЗИДЕНТ. КОРНОМА ВА МУЗАФФАРИЯТҲОИ МИЛЛАТ

 
Тоҷикистон пас аз як соли Истиқлоли давлатӣ, аллакай қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ дошт. Вале ҳайҳот, ки аз сабаби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ноором будани вазъи сиёсӣ гурзпартои маъруф Андрей Абдувалиев дар Бозиҳои олимпии Барселона – 1992 зери парчами Кумитаи байналмилалии олимпӣ ширкат кард. Ӯ ба мақсадаш расид, чемпиони олимпӣ гардид, аммо ба шарафи ӯ на Парчами давлатӣ боло шуд ва на Суруди миллии Тоҷикистон садо дод. Ин дар ҳоле буд, ки Абдувалиев мехост мисли дигар қаҳрамонҳои Бозиҳои олимпӣ ба ифтихораш Парчами давлаташ боло ва Суруди миллӣ садо диҳад. 
Хушбахтона, пас аз вазидани насими сулҳу суботи комил варзишгарони кишвар дар мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ, аз номи Тоҷикистон ва  зери Парчами давлатӣ иштирок менамоянд. Ба ифтихори варзишгарони тоҷик тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6000 маротиба парафшонӣ карда, 1800 бор, аз ҷумла дар Бозиҳои олимпӣ ва чемпионатҳои ҷаҳон, Суруди миллии мо садо додааст. Аз ин ҷост, ки Парчами давлатӣ ва Суруди миллӣ муаррифгари давлат мебошанд. Пас аз он ки имсол Эмомалӣ Нуралӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон қаҳрамон шуд ва ба ифтихораш Суруди миллии Тоҷикистон садо дод, шореҳи телевизионии Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) сухани аҷиб гуфт: “Бори дуюм мешавад, ки дар Чемпионати ҷаҳон ин Суруди миллиро мешунавам, (бори аввал вақти қаҳрамони ҷаҳон шудани Сомон Маҳмадбеков соли 2019 – М.М). Аз ин бармеояд, ки ин кишвар дорои зарфияти қавӣ барои омодагардонии дзюдочиёни сатҳи ҷаҳонӣ мебошад”. Воқеан ҳам, дуруст аст, ки варзишгарон муаррифгари кишваранд.
Дар остонаи Ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Иҷлосияи, ки ба иттиҳоди миллат асос гузошт), варзишгарони тоҷик ба ду дастоварде ноил гардиданд, ки давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ бори аввал иттифоқ меафтад. Ин муваффақиятҳо туҳфае ба ин ҷашн, ба мардуми кишвар, алалхусус ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. 
5 ноябри соли 2022. Нахустин маротиба дар таърихи варзиши тоҷик муштзани кишвар Шавкат Раҳимов қаҳрамони ҷаҳон аз рӯйи фарзияи IBF (Федератсияи байналмилалии бокс) гардид. Яъне номи муштзани тоҷик дар қатори номҳои абарварзишгарони риштаи бокс Муҳаммад Алӣ, Майк Тайсон сабт гашт. 
6 ноябри соли 2022. Бори аввал аз миёни гӯштигирони тоҷик ба дзюдочии рақами яки сайёра Темур Раҳимов муяссар гашт, ки аз мусобиқоти Гранд Слам ба хазинаи варзишии Тоҷикистон медали тилло ворид намояд. Гузашта аз ин, боиси ифтихори 10 миллион аҳолии  мамлакат аст, ки варзишгари Тоҷикистон дар радабандии дзюдои ҷаҳонӣ дар мақоми аввал аст. 
Ин ҷо саволе ба миён меояд: агар дар кишвар сулҳу ваҳдат ҳукмфармо намебуд, варзишгарони мо ба ин музаффариятҳо ноил мегардиданд? 
Шояд мегардиданд, вале мисли Андрей Абдувалиев ба дил ҳасрат доштанд, ки болои сарашон Парчами давлатӣ парафшон нагардиду ба ифтихорашон Суруди миллӣ садо надод. 
Мисоли дигар, ду бозии рафиқонае, ки миёни мунтахабҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Россия (7 – 8 ноябр, Душанбе) баргузор гардид, новобаста аз ҳисоби вохӯриҳо (дар қувваозмоии аввал Тоҷикистон бо ҳисоби 10:7 ғолиб омад, рақобати дуюм бо натиҷаи 2:6 ба нафъи меҳмонон) нуфузи диёри моро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд. Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон додем, ки кишвар дорои инфрасохтори зарурӣ барои гузарондани мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ мебошад. Омодааст, ки дилхоҳ мусобиқаро мизбонӣ намояд. Муҳимтар аз ҳама, дар ҷаҳони зудтағйирёбанда Тоҷикистон амнияти пойдор дорад. 
Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имрӯз (16 ноябри соли 2022) фазои идона дорад, сокинони шарафмандаш 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифта истодаанд. 30 соле, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як кишвари ҷангзада, чандпорча ба як мамлакати ободу зебо ва воҳид табдил ёфт. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2022    №: 220-221    Мутолиа карданд: 999
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед