иҷтимоиёт
ТАЪРИХ. АЗ САНАҲОИ ТАҚДИРСОЗ ТО ШАХСИЯТҲОИ МОНДАГОР
16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз ба кори худ оғоз карда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, бори масъулияти гарон - тақдири ояндаи Тоҷикистонро ба даст гирифтанд.
Имсол 30 - солагии Иҷлосияро ҳамватанони мо пуршукӯҳ ва хотирмон таҷлил карданд, ки нишони қадрдонӣ ба хизматҳои бедареғи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон мешавад. Зеро маҳз ба шарофати ин шахсияти муътабар Тоҷикистон аз кишвари ҷангзадаву оғушта дар хун ба мамлакати сабзу гулбасар ва маҳбуб дар ҷаҳон эътироф гашт.
Барои Тоҷикистон аслан се сана - 9 сентябр - Рӯзи Истиқлоли давлатӣ, 16 ноябр - Рӯзи баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ санаҳои тақдирсоз мебошанд. Дар ин миён 16 ноябр хеле муҳимтар мебошад, зеро дар ин рӯзи соли 1992 шахсияте сари қудрат омад, ки дар дили мардум шуълаи умедро ба ояндаи нек равшан карданд ва рушду тараққиёти бесобиқаи кишварро асос гузоштанд.
15 июл - Рӯзи наҷоти миллии мардуми Озарбойҷон аст.
Рӯзи наҷотёбии миллӣ дар Озарбойҷон ба он хотир муқаррар шудааст, ки 15 июни соли 1993 Ҳайдар Алиев ба роҳбарии ҷумҳурӣ баргашт ва раиси Шурои Олии Озарбойҷон интихоб шуд. Дар Озарбойҷон он вақт барои роҳбарии мамлакат байни шахсҳои алоҳида ва гурӯҳҳо мубориза мерафт. Дар рӯзи барои Ватан мушкил Фронти мардумӣ аз Нахчиван ба Боку роҳбари барҷаста - Ҳайдар Алиевро даъват кард. Дар вақти хеле кӯтоҳ Ҳайдар Алиев тавонист дар Озарбойҷон ҷанги шаҳрвандиро аз миён бардорад. Ин рӯз аз соли 1997 таҷлил мешавад ва соли 1998 ҷашн мақоми давлатиро касб кард.
15 августи соли 1947 - Рӯзи соҳибистиқлолии Ҳиндустон
20 феврали соли 1947 Сарвазири Британияи Кабир Клемнт Эттли изҳор дошт, ки ҳукумати Британия аз ҳама дер то июни соли 1948 ба Ҳиндустони британӣ истиқлолро вомегузорад.
Пас аз музокираҳо бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор генерал - губернатори Ҳиндустон Луис Маунтбеттен 3 июни соли 1947 нақшаи тақсимоти Ҳиндустонро ба ду кишвари соҳибистиқлол: мусулмонӣ ва ҳиндуӣ пешниҳод дошт. Дар асоси ин нақша ҳукумати Британия дар бораи мустақилияти Ҳиндустон қарори расмӣ таҳия ва қабул кард, ки он аз ҷониби подшоҳӣ 18 июли соли 1947 тасдиқи худро ёфт. Ниҳоят, нимашаби 14 ба 15 августи соли 1947 Ҳиндустон (Иттиҳоди Ҳиндустон) давлати соҳибистиқлол гардид.
15 июл - Рӯзи демократия ва Ваҳдати миллии Туркия
Рӯзи 15 июл дар Туркия иди нав, вале ниҳоят муҳими давлатӣ - Рӯзи демократия ва ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Ин сана пас аз воқеаҳои фоҷиабори тобистони соли 2016 дар Туркия ба амаломада, пайдо шуд. Дар ин рӯз дар Туркия кӯшиши табодулоти давлатӣ ба вуқуъ пайваст.
Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, чунин рӯзҳои муаяйнкунандаи тақдиру ояндаи халқу давлатҳо хеле зиёданд. Албатта, дар маркази ҳамаи санаҳои таърихӣ шахсиятҳо меистанд, зеро таърихро маҳз онҳо месозанд. Чунончи, дар Австрия рӯзи гиромидошти хотираи Леаполди Муқаддас таҷлил мегардад. Тибқи маълумотҳо Леаполд нафаре мебошад, ки дар давраи роҳбарии ӯ Австрия истиқлоли худро мустаҳкам кард.
Чунин шахсиятҳо дар таърихи дигар кишварҳо низ вомехӯранд. Масалан, Маҳатма Гандӣ, арбоби сиёсӣ ва ҷамъиятии Ҳиндустон ва яке аз роҳбарони идеологияи ҳаракати озодихоҳии Ҳиндустон аз Британияи Кабир, Мао Тсзэдун, инқилобчии чинӣ, арбоби давлатӣ, сиёсӣ ва ҳизбии асри XX, асосгузори Ҷумҳурии Мардумии Чин ва аввалин роҳбар, Камол Отатурк, президенти нахустини Туркия, сиёсатмадор ва ислоҳотхоҳи турк, поягузори давлати муосири Туркия мебошад, ки барои кишварҳои худ шахсиятҳои гиромӣ маҳсуб меёбанд.
Чунин шахсияти барӯманду барҷаставу эътирофшуда дар Тоҷикистони мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки чандин санаҳои таърихӣ бо номи шарифашон ва заҳмату азхудгузаштанҳояшон сахт алоқаманданд.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
Шаҳноз ҚУРБОН,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.11.2022 №: 220-221 Мутолиа карданд: 1259