logo

сиёсат

16 НОЯБР. РӮЗЕ, КИ БАХТ БА РӮИ ТОҶИК ХАНДИД

 
Дар ҳаёти миллатҳо ва кишварҳо ҳодисаҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки ё сарнавиштсозанд ва ё сарнавиштсӯз. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб 16 ноябри соли 1992 шуруъ гардида, то 2 декабр идома ёфт, бешак яке аз ҳодисаҳои нодир ва муҳими таърихӣ барои миллати тоҷик ба шумор рафта, бузургтарин дастовардаш ба арсаи сиёсат овардани шахсиятест, ки минбаъд бори масъулияти азими давлатсозӣ, миллатсозӣ ва сулҳофариро бо камоли масъулият бар дӯш гирифтанд. 
Сулҳи тоҷикон, ки ба эътирофи ҳамагон меъмори аслӣ ва асосии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, имрӯз аз тарафи созмонҳои бонуфузи сулҳпарвари ҷаҳон омӯхта ва аз он ҳамчун як модели муваффақ барои барқарории сулҳ дар кишварҳои ҷангзада истифода мешавад.
Яке аз омилҳои муҳимтарине, ки барои пешниҳоди мардум ва ҷомеаи фарҳангии кишвар ба унвони баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат сабаб шудааст, дар баробари анҷоми дигар корҳои бузург, маҳз хидматҳои арзишманди Президенти кишвар дар роҳи ба даст овардани сулҳу Ваҳдати миллии сартосарӣ мебошад.
Барои он ки аҳамият ва вусъати корҳое, ки дар ин Иҷлосия аз тарафи вакилон анҷом дода шудаанд, маълум шаванд, мо бояд ба ин рақамҳо таваҷҷуҳ намоем:
Дар Иҷлосия, дар маҷмуъ, 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид.
19 ноябри соли 1992 бо овоздиҳии пинҳонӣ вакили мардумӣ Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд.
Иқдомҳои муҳими давлатие, ки дар ин Иҷлосияи таърихӣ қабул шудаанд, аҳамияти онро ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ ва тақдирсоз дар таърихи навини давлатдории тоҷикон бештар менамоянд. 
Имрӯз бо тамоми ифтихору итминон метавон гуфт, ки фарзанди шарифу меҳанпарвари тоҷик, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро дар назди миллат, Ватан ва таърих бо сарбаландӣ ба ҷо оварда, сулҳу суботи устувор ва заминаҳои мусоидро барои рушди миллат таъмин намуданд. Гузашти вақт бо талошу муборизаҳои бешумор,  бо амалҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ собит сохт, ки интихоби Сарвари давлат дар ин Иҷлосия саривақтӣ ва дуруст мебошад. Ҳамаи ин комёбиҳо нақши Иҷлосияро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун наҷотбахши давлат ҷовидона мегардонанд.
Пешвои миллат борҳо баён доштанд: “Вақте ки ба кор шуруъ кардам дар Бонки миллии кишвар як танга ҳам набуд”. 
Бале, бо вуҷуди ҳазору як мушкилоти сиёсиву амниятиву низомӣ ва иқтисодӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ ва кордонӣ тавонистанд, тамоми ин мушкилотро пушти сар кунанд ва мардумро ба ояндаи дурахшон умедвор созанд. 
Такягоҳи муътамади муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули фаъолияташон мардуми одӣ ва заҳматкаш будааст. 
Сӣ сол барои давлатсозӣ ва миллатсозӣ муддати бисёр кам аст, вале корҳое, ки дар ин муддат дар Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анҷом расонда шудаанд, бо садсолаҳо қобили қиёс аст. Пешвои муаззами миллат дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, махсусан, роҳҳои ҳалли дастрасии мардуми ҷаҳон бо оби ошомиданӣ, масъалаҳои экологӣ саҳми бузург доранд ва созмонҳои байналмилалӣ эътироф кардаанд. 
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он назар таърихӣ ва сарнавиштсоз аст, ки шахсиятеро ба майдони сиёсат овард, ки сарнавишти як миллатро бо дастони худ навишт ва барои амалӣ кардани он тамоми кӯшишу заҳматро ба харҷ доданд.
 
Ғозибек САФАРЗОДА,
раиси суди ноҳияи Тоҷикобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2022    №: 220-221    Мутолиа карданд: 791
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед