logo

иҷтимоиёт

БОЗГАШТИ ГУРЕЗАҲО БА ВАТАН АЗ АВВАЛИН НАТИҶАҲОИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

Баъд аз он ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ ва Сарвари давлат интихоб шуданд, яке аз масъалаҳои асосии ин маъракаи сарнавиштсоз, пеш аз ҳама, кумаки моддию маънавии мардуми азияткашида, бахусус имдоду баргардондани гурезагони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд. 24 ноябр дар Иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо” ба тасвиб расид. Дар доираи ин Қонун ҳамаи созмонҳои хайрхоҳу башардӯст барои расондани кумаки ҳаматарафа ба муҳоҷирони иҷбории Тоҷикистон дар хоки Афғонистон ҷалб шуданд. Ҳалли ин масъала, аллакай, аз ибтидои  соли 1993 оғоз ёфт. 6 январи ҳамон сол қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сафари ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Исломии Афғонистон” ҷиҳати ба Ватан баргардондани фирориён дар ҳайати 19 нафар тасдиқ гардид. Ҳамин тавр,  бозгашти гурезагон моҳи майи ҳамин сол сурат гирифт, ки самари талошҳои Роҳбари навинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин кӯтоҳтарин муддат мебошад.
Гурезагон  бевосита шоҳиди чунин талошу заҳматҳои Пешвои миллат гардида,  ёриҳои башардӯстона дарёфт мекарданд. Нафарони зиёд аз байни онҳо  ҳанӯз ҳам хотираи он некиҳоро аз ҷониби Пешвои муаззами миллат  чун як шуълаи умеди ҳаёташон  хуб дар ёд доранд. 
Хайрулло Музаффаров,  собиқ раиси муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Мазори Шарифи Афғонистон, изҳор дошт, ки оромию осудагии Ватан ва бозгашт ба онро мардуми фирорӣ дар рӯзҳои  ғарибӣ чун обу нон интизор буд. 
–   Соли 1992  дар натиҷаи авҷ гирифтани даргирию хунрезиҳо аз деҳаи Гулистони ноҳияи Қубодиён  600 хонавода аз дарёи Ому гузашта роҳи ҳиҷратро  пеш гирифт. Вақте дар лаби дарё  анбуҳи гурезагон бо азоби алим аз чарху тахтачӯб ва қисмҳои дигари мошинҳои боркаш аз  болои рӯд гузаргоҳ месохтанд, аз болои  сари онҳо  ҷангҷӯён  оташ кушоданд.  Ҳама   дар таҳлука буданду ба соҳили дигари Ому мешитобиданд. Дар ин ҳолат одамони зиёд, аз ҷумла занону кӯдакон, фавтиданд. Он лаҳзаҳои  сангину ҳалокатбор  бисёр аламовар ва дардноканд. Миллат дар  айёми парокандагию  парешонӣ  ба як шахсияти ояндабин   сахт ниёз дошт.  Ҳарчанд бар дӯш гирифтани салоҳияти сарварии давлат дар солҳои даргирию  нобасомониҳо  чун ҷон ба каф гирифтан буд, аз миёни одамони бешумор,  аз қатори вакилони халқӣ ва сиёсатмадорон  бо қадами устувор муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ин масъулияти бузургро ба уҳда гирифт. Дар нахустин рӯзҳои роҳбарӣ ва суханрониҳояш ӯ тарафҳои даргирро ба  сулҳу субот даъват намуд.  Баъди сари қудрат омаданаш,   давоми ду-се сол вазъи сиёсӣ ба эътидол омад, – гуфт Хайруллоҳ Музаффаров.
Ҳарфҳои дилсӯзона ва содиқонаи Сарвари давлат   дар мавриди таъмини сулҳу субот ва оромии мамлакат, аз ҷумла  тариқи барномаи «Хоки Ватан»-и радиои «Тоҷикистон»  низ, ҳазорҳо ғариби дур аз зодгоҳро ба зиндагии осудаҳолона дилгарм месохт. «Як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем», «То як гуреза ба Ватан барнагардад, худро ором ҳис намекунам»  ва  «Баҳри истиқрори сулҳ  дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо тайёрам ҷони худро нисор кунам» ҳарфҳои мондагоре ҳастанд, ки  дар солҳои вазнину  зиндаҷудоӣ  бо шуҷоатмандӣ аз забони Пешвои миллат гуфта шуданд ва марҳами дили мардуми ғамзада гардиданд.   
Воқеан, гурезагон  маҳз баъди Иҷлосияи тақдирсоз тавонистанд  ба Ватан баргарданду  роҳи зиндагиашонро бо осудагию хушҳолӣ идома диҳанд. Акнун аз баргаштани  онҳо ба Ватан қариб 30 сол пур мешавад, ки бо талоши Пешвои миллат дар аввалин қадамҳои роҳбариашон анҷом ёфта буд. Ин гурӯҳи ҳамватанонамон, ки соли 1992 манзили зисту ҳама дороиро пурра аз даст дода буданд,  баъди бозгашт  на танҳо зиндагии худро барқарор намуданд, балки ободкориҳои бисёр анҷом доданд.  Ҳоло он гурезагон, ки бештар дар деҳаи Гулистони ноҳияи Қубодиён сукунат доранд,  хонаҳои қасргунае  сохтаанд, ки нишони хушбахтию фаровонист. Аксари деҳаҳои ин ҷо ҳусни шаҳрро гирифтанд. Ин ҳама ба шарофати сулҳу субот ва сиёсати инсонпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд.
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2022    №: 220-221    Мутолиа карданд: 1294
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед