logo

сиёсат

ТУЛУИ ОФТОБИ БАХТИ МИЛЛАТ

Боиси хушнудист, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон 30-солагии баргузории Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ таҷлил намуданд. Бешубҳа, Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйдодҳои фараҳбахшу сарнавиштсози миллати куҳанбунёду давлати соҳибихтиёри мо маҳсуб ёфта, моҳиятан тулуи Офтоби бахти тоҷику тоҷикистониён аст. 
Он ба раванди барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва ҳифзи арзишҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд оғози устувор бахшида, заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризояти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро дар давраи ҷанги таҳмилӣ фароҳам овард.
Бо гузашти сӣ сол метавон гуфт, ки бидуни баргузории Иҷлосияи мазкур пойдории сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, ҳифзи тамомияти марзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил, рӯзгори пурсаодати мардум, ободиву бунёдкориҳои беназир, муаррифии шоистаи он дар арсаи байналмилалӣ ғайриимкон буд.
Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ бо таъсири бархе аз неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ кишвари мо ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ кашида шуда, боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардид. Ин ҳама появу рукнҳо ва асос­ҳои давлатдориро фалаҷ гардонда, дар кишвар беқонунӣ ва дигар бесомониҳоро ба вуҷуд овард.
Дар он вазъияти бениҳоят шиддатноки сиёсию ҷамъиятӣ ягона умеди баровардани кишвар аз гирдоби ҷанги дохилӣ ва пешгирии  хунрезӣ  ба  таъҷилан даъват намудани иҷлосияи навбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста буд, зеро дар он айём Шурои Олӣ ягона мақоми сиёсии босалоҳият ва дорои ваколати конститутсионӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар чунин шароити душвори сиёсӣ, ба хотири барқарорӣ ва пойдории асосҳои давлатдорӣ, таҳкими шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризояти миллӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ба кор оғоз кард.
Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 идома ёфт ва новобаста ба ҳассосияти замон, шиддатнокии вазъ ва мавҷуд будани баҳсҳои тулонӣ, дар ҷараёни он қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсоз қабул карда шуданд. Қатъи бетаъхири ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу ваҳдат, аз вартаи нобудӣ наҷот додани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, барқарор кардани иқтисодиёти бар асари ҷанг зарардида ҳадафҳои асосии он буданд. 
Он замон Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, миллат, Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, вазъи сиёсиву иқтисодии кишварро бо дурнамои рушди ояндаи он дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ муайян намуд ва роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард. 
Иштирокдорони Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олӣ бо дарки масъулияти олии созандагӣ ба он ноил шуда тавонистанд, ки зимни қабули қарорҳо манфиати умумимиллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузошта шавад. 
Яке аз муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ тантанаи қонун ва бо роҳи конститутсионӣ ҳаллу фасл гардидани масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷти­моии кишвар, ки ба таъмини сулҳу оромӣ ва якпорчагии Ватан равона гардида буданд, ба шумор меравад. 
Ба шарофати роҳи муайянкардаи Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ва бо нияти татбиқи қарорҳои он халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро ихтиёр карда, бори нахуст дар таърихи давлатдории навин  Конститутсияи нави мамлакатро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард.
Эътироф бояд кард, ки он замон нафаре пайдо нашуд то зимоми идораи давлатро ба дӯш гирифта, оташи ҷангро, ки рӯз  то  рӯз аланга мезад, хомӯш намояд, истиқлолияти аздастрафтаистодаро ҳифз кунад ва умеди барбодрафтаи мардумро ба сулҳу якпорчагии Ватан эҳё созад. Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рисолати таърихиро ба зиммаи фарзанди фарзонаи миллат, шахси ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ содиқ – Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошт. Аз ин рӯ, бузургтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ он аст, ки дар марҳилаи навини таърихӣ абармарди дунёи сиёсат, шахсияти миллию мардумӣ – Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ворид гардид. 
Бо зуҳури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи сиёсӣ ҳамон раванди оштӣ, ки боиси таҳаввулоти амиқ дар Тоҷикистон гардид, оғоз ёфт. Маҳз қобилияти беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ёфтани роҳҳои дуруст, пайдо кардани мувофиқа байни одамони дорои эътиқод ва ақидаҳои комилан мухталиф, таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавӣ омили асосии таъмину ақидаҳои ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Дар нахустин савганде, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат ёд карданд, қавл доданд, ки: «…кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». 
Бо сипарӣ шудани 30 сол собит гардид, ки Пешво ва роҳнамои миллат ба ин принсипҳои бунёдӣ ҳамеша содиқ мебошанд. Дили соф, нияти нек ва иродаи хастагинопазири Роҳбари ҷавони меҳанпараст боис шуд, ки дар иҷрои рисолати таърихӣ комёб гарданд. 
Дар ҳамон вазъияти барои миллату давлат фоҷиабор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шуҷоати хос ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ ворид гардида, бо эҳсоси баланди ватандорӣ дар ин масири ноҳамвори сиёсӣ қадамҳои устувор гузоштанд. 
Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, ҳамзамон, Сарвари давлат аз лаҳзаҳои нахустини фаъолият дар ин мақоми барои сарнавишти миллат ва давлат басо ­ пурмасъулият барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани кишварро ба миён гузоштанд.
Ҳукумати навтаъсиси мамлакат таҳти сарварии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд, сохтори фалаҷгардидаи  ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, барқарор сохта, Артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад.
Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар чунин лаҳзаи ҳассостарини таърихӣ роҳбари боэътимоду ғамхор пайдо кард, зеро ин шахсияти бузург бо фаъолияти ҳамарӯзаи созанда собит намуд, ки боварии мардумро сазовор аст. Ӯ сулҳу оромиро ба кишвар бозгардонд ва миллати тоҷикро аз нав муттаҳид намуда, давлати тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот дод.
Саъю талошҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори сулҳ ва давлатсозии миллӣ аз он Иҷлосияи таърихӣ маншаъ мегирад, зеро аз ин баъд  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ - комёб гардид.
Мардуми шарифи тоҷик хуб дарк менамоянд, ки ҳамаи дастовардҳои бузурги миллати сулҳпарвари мо дар даврони навин маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бахусус, раванди ноил гардидан ба ризояти миллӣ дар таърихи миллати тоҷик ҳодисаи беназир маҳсуб меёбад, ки дар он саҳми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст. 
Тули сӣ соли заҳмати пуршараф Пешвои муаззами миллат  тавонистанд, ки ғояҳои олии Иҷлосияи XVI Шурои Олиро дар амал татбиқ намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ободу пешрафта ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ созанд. 
Дар ҷаҳони муосир давлатсозӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули миллат, осебнопазир нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ, бунёди давлати иҷтимоӣ, соҳиб­ихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона кори саҳлу сода нест. Зиндагии босаодати мардуми кишвар далели бебаҳси он аст, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рисолатро бо сарбаландӣ ва шуҷоати нотакрор иҷро карда истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияи таърихиро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян карданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиро ба вуҷуд овард. 
Бешубҳа, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун ҳодисаи нодиру сарнавиштсоз, падидаи ҳалкунанда ва бунёдгузор, сарчашма ва ибтидои сулҳу амонӣ ва ҳифзи давлатдории тоҷикон бо сатрҳои заррин сабт гардида, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
Хулоса, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ моро ба шоҳроҳи ваҳдати миллӣ ҳидоят намуда, ба рушду такомули миллату давлат такони ҷиддӣ бахшид. Ғояҳои сулҳу оштии миллӣ ва афву ҳамдигарбахшӣ паёмҳое буданд, ки аввалин бор дар ҳамон Иҷлосия садо дода, минбаъд онҳо баҳри таъмини зиндагии пурсаодати тоҷику тоҷикистониён таҳрик бахшиданд. Насли имрӯзаи кишвар бояд дарк кунанд, ки маҳз ҳамон Иҷлосия сарнавишти миллати тоҷикро дар як давраи бисёр ҳассоси таърихӣ муайян намуда, бо роҳбарии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи фардои дурахшон роҳнамоӣ кард.
 
Рустами ЭМОМАЛӢ, 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  
Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2022    №: 223    Мутолиа карданд: 1201
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед