logo

иҷтимоиёт

ТЕЛЕВИЗИОН ВА ҶАҲОН

 
Таърихи пайдоиш ва ташаккули телевизион ҳамчун яке аз воситаҳои асосии ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи пайдоиши телевизион дар Иттиҳоди  Шуравӣ сахт алоқаманд мебошад. Оғози таҷрибавии намоишдиҳии телевизионӣ аз 1 октябри соли 1931 аз студияи хурди узели радиотехникии шаҳри Маскав сарчашма мегирад. Намоишдиҳӣ бо канали радиошунавонӣ дар мавҷҳои миёна ва дароз  (ҳар ду мавҷ якбора: яке барои овоз ва дигаре барои сурат) сурат мегирифт. Калимаи “телевизион”- ро   дар конфронси илмии   шаҳри Париж   соли 1900 радиоинженери петербургӣ Константин Дмитриевич Перский истифода бурда, минбаъд аз тарафи умум қабул гардидааст.  Телевизион аз калимаи юнонии “tele” - дур, масофа ва калимаи лотинии “visio” - дидан, намоён шудан сохта шудааст. Пайдоиши студияи телевизион дар Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон баъди қариб  28 соли дар шаҳри Маскав кушода шудани он сурат гирифтааст. 
Аввалин саррежиссёри Телевизиони “Тоҷикистон”, шахсе ки пахши  аввалин барномаи Студияи телевизиони Сталинобод насибаш гаштааст, шодравон Акбар Ҷӯраев дар китоби худ “Телевизион” чунин ба ёд овардааст: “3 октябри соли 1959, соати 18 бо вақти маҳаллӣ наттоқи телевизион Рафоат Абдусаломова нахустин маротиба дар оинаи нилгуни сталинободиҳо пайдо гардида, ба бинандаҳои аввалин чунин муроҷиат намуд: «Ассалому алейкум, тамошобинони азиз! Студияи телевизионии Сталинобод намоиши аввалини худро оғоз мекунад”.  Соли 1959 дар пойтахт ҳамагӣ 300 телевизор мавҷуд буд. Шумораи он дар муддати як сол, яъне охири соли 1960, ба 2500 расид.
Дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд), Вилояти Автономии  Бадахшони Кӯҳӣ ва вилояти Қӯрғонтеппа (ҳоло Хатлон) студияҳои телевизиони вилоятӣ бунёд мешаванд. 
Тоҷикистон  истиқлолият ба даст оварду баъди чанде ба гирдоби  ҷанги шаҳрвандӣ афтид. Ягона воситае, ки тавассути он шаҳрвандон хабари навро мегирифтанд, телевизион ва радио буданд. Махсусан, телевизион, ки тавассути навор аз ҷойи воқеа ва рӯйдод оҷилӣ иттилоъ медод, бинандаро аз ҳама бештар ба худ ҷалб мекард. Шояд ҳамин боис шуд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 90 – уми асри ХХ) гурӯҳҳои муайян барои ба даст даровардани телевизион ҷаҳд мекарданд. 
Дар Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  моҳи ноябри соли 1992, баъди интихоб  шудан ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои муҳим ба телевизион низ, аҳамияти махсус дода, роҳбарияти нави Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин карданд. 9 сентябри соли 1993, яъне рӯзи таҷлили 2-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар телевизиони ғайридавлатии Студияи телевизиони Душанбе - “Сомониён” ба фаъолият шуруъ кард.
Вақте 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ба пешрафти ин раванд аз ҷиҳати қонунӣ имкониятҳои васеъ кушода шуданд. 8 сентябри соли 1996 дар арафаи 5-солагии соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аввалин телевизиони ҷамъиятӣ - Ширкати телевизиони ҷамъиятии “Пойтахт” (ҳоло Муассисаи давлатии телевизиони “Душанбе”) ба фаъолият шуруъ намуд. 
Телевизион барои миллиардҳо сокинони сайёра аз сарчашмаҳои асосии иттилоот дар бораи рӯйдодҳои  мамлакати хеш ва тамоми ҷаҳон  гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид бо таъкид иброз доштанд: “Телевизион ва радио ду неруи бузургеанд, ки ба таҳкими ваҳдати миллӣ, пешрафти нақшаҳои бузурги созандагӣ ва амалӣ гардидани ормонҳои бунёди як кишвари соҳибистиқлолу озоди демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат хоҳанд намуд”. Ба шарофати соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол сафи шабакаҳои телевизионӣ дар мамлакат зиёд гардида, имрӯз ба 50 адад расидааст. Аз ин 15 телевизони давлатӣ ва 35 телевизиони ғайридавлатии маҳаллии хусусиву ҷамъиятӣ мебошанд. Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ 9 шабакаи телевизионии соҳавии ҷумҳуриявӣ: “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”, “Варзиш”, “Синамо”,  “Футбол”, “Шаҳнавоз”, “Илм ва табиат”, “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таъсис ёфтанд. Имрӯз тариқи моҳвора бинандагон имкон доранд, ки барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро бо забони тоҷикӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон тамошо кунанд. 
 
Зулфиддин МУЪМИНҶОНОВ,
доктори илмҳои филология, профессор, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2022    №: 223    Мутолиа карданд: 938
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед