logo

иҷтимоиёт

ТАРАННУМИ САОДАТ

 
27-уми июни соли 1997 дар таърихи давлатдории миллати тоҷик яке аз саҳифаҳои дурахшонтарин маҳсуб меёбад, зеро ин рӯз дар шаҳри Маскав бо саъю талош ва фидокориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии аксарияти мардуми сулҳхоҳи тоҷик имконият фароҳам омад, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расад. Бо имзои ин ҳуҷҷати таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар, ки манфиатҷӯёну гумроҳони дохилӣ бо тарҳрезию мусоидати хоҷагони хориҷиашон роҳандозӣ намуда буданд, хотима дода шуд. 
Хушбахтона, дар домони миллат ҳамеша дар марҳилаи вазнин ва сахт фарзандоне ба воя мерасанд, ки бо хислати сириштӣ ва худододи худ омода ҳастанд аз ҷони худ гузашта, барои наҷоти миллат ба майдони мубориза бароянд. Моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихию тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ягона ниҳоди давлатии қонунии дар он давра фаъолияткунанда буд, баргузор гардид. Дар ин Иҷлосия вакилони ватанпарасту миллатдӯст шахсиятеро ба роҳбарии Шурои Олии кишвар интихоб намуданд, ки тақозои замон ва интихоби таърихӣ буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиати нахустинашон ба мардуми ноумеди Тоҷикистон самимона ваъда доданд, ки барояшон сулҳ меорад. Пешвои миллат ба қавлашон содиқ монданд ва бо фидокорию сиёсати оқилона ва дурандешонаи худ пас аз 5 соли пурмашаққату сангин ба Тоҷикистон сулҳу субот оварданд.
Мавриди зикр аст, ки 25 сол қабл ба вуқуъ пайвастани ин рӯйдоди сарнавиштсоз, ки таҳти роҳбари меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми сулҳпарвару созанда ва ободкори тоҷик амалӣ гашт, чун таҷрибаи нодир барои ҳалли низоъҳои ҷаҳони пурошӯби имрӯза хизмат  менамояд. Пешвои муаззами миллат зимни яке аз суханрониҳояшон дар бораи аҳамияти бузурги ин воқеаҳои таърихӣ андешаронӣ намуда, иброз доштанд: «Маҳз бо шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор намуда, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама, дар Ватанамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсию иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд. Ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба дастоварди сулҳи тоҷикон ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандию қарзи фарзандӣ дониста ба халалдор намудани он роҳ надиҳад».  
Он чизро бояд зикр намуд, ки аз назари коршиносони масоили сиёсию иҷтимоӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ аз ҷиҳати аҳамияти худ ба Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба кишварамон мустақилият ва соҳибихтиёрӣ фароҳам оварда бошад, пас, Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ барои эмин нигоҳ доштани пойдевори мустақилияту соҳибихтиёрии Тоҷикистон заминаи устувору воқеӣ гузошт. Он барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар ва ба ягонагии миллат таҳдид мекард, шароити созгор муҳайё намуд. 
Солҳо паси ҳам мегузаранду наслҳои нав зиндагии тозатару гуворотареро бунёд менамоянд.  Дар ин маврид, ҳар як сокини кишвар зимни омӯзиши таърихи Ватани худ вазъи солҳои навадуми асри гузаштаро дар тарозуи ақл бармекашад ва аз он хулосаи лозимӣ хоҳад баровард. Бале, мо бояд дар хотир дошта бошем, ки истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ бо душвориҳои зиёд насибамон гардид. Сабақҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ чун зангӯлаи таърих моро ҳушдор медиҳанд, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар саросари кишвар ҳамеша ҳифз ва чун гавҳари қиматбаҳо эҳтиёт намоем.
 
Тоҷиддин АМИНЗОДА, 
сокини ноҳияи Кӯшониён
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2022    №: 223    Мутолиа карданд: 999
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед