logo

иҷтимоиёт

ЧАРО ХОНАНДАГОНИ ДУШВОРТАРБИЯ БА МАКТАБҲОИ МАХСУС ФАРО ГИРИФТА НАМЕШАВАНД?

Таҳти раёсати раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер  Худобердӣ ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят доир гардид, ки дар он ба ғайр аз аъзои комиссия, ҳамчунин, раисони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа, роҳбарони комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳру ноҳияҳо, сардорони идораву муассисаҳои дахлдор, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд. Ба  ҷаласа, инчунин, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Шариф Назарзода, прокурори вилоят  Парвиз Орифзода, директорони Муассисаи давлатии «Мактаби президентии шаҳри Хоруғ» ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  умумии рақамҳои 28 ва 30-и ноҳияи Шуғнон даъват шуданд.
Ҳавобегим Сафарқулова, мудири бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят роҷеъ ба фаъолияти Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти вилоят дар нуҳ моҳи соли равон  иттилоъ дода, зикр кард, ки дар ин давра якҷо бо идораву муассисаҳои дахлдор, ташкилоти ғайридавлатӣ, ҷамъиятӣ ва соҳавӣ корҳои муайян анҷом дода шуданд. Мавсуф, аз ҷумла зикр кард: «Тибқи нақшаи комиссия танҳо дар шаҳри Хоруғ 17 маротиба санҷиши шабонарӯзӣ баҳри пешгирии шабгардии кӯдакону наврасон, инчунин, истифодаи телефонҳои мобилӣ дар вақти дарс дар ҳамкорӣ бо шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонони РВКД ба роҳ монда шуда, аз натиҷаи он ба идораву муассисаҳои дахлдор гузоришҳои хаттӣ манзур гардиданд».
Иттилоъ дода шуд, ки давоми нуҳ моҳи соли равон  дар вилоят аз тарафи ноболиғон 6 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, дар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 312 нафар волидон ба маблағи беш аз 30 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.
Сардори РВКД дар ВМКБ Шариф Назарзода дар робита ба ин масъала гуфт: «Ошкору пешгирӣ намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ миёни ноболиғону ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дониста мешавад. Бо ибтикори роҳбарияти милитсияи вилоят ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои назаррас, чорабиниҳои ташкилӣ - ҳуқуқӣ ва маърифатӣ - профилактикӣ миёни наврасон дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти салоҳиятдори давлатӣ амалӣ карда шуданд».
Шариф Назарзода, ҳамчунин, барои амалӣ намудани машғулияти алоҳидаи синфӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории ВНМО миёни ноболиғон таклиф кард,  ки нисбат ба ин падидаи номатлуб чораҳои таъхирнопазирро амалӣ кардан зурур аст.
Прокурори вилоят Парвиз Орифзода дар робита ба ҷараёни амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар қаламрави вилоят  зикр кард, ки дар ин самт дар баробари пешравиҳо камбудиҳо низ, ҷой доранд. Мавсуф афзуд, ки Қонуни мазкур моро водор месозад нисбат ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд уҳдадориҳои худро дучанд зиёд намоем. Тарбияи насли наврас ҳам вазифаи падару модар ва ҳам мактабу аҳли ҷомеа аст ва аз он набояд касе худро дар  канор гирад.
Раиси вилоят Мирзонабот  Алишер  таъкид намуд, ки бо вуҷуди баъзе пешравиҳо дар самти пешгирии ҷиноятсодиркунӣ байни ҷавонону наврасон дар шаҳру навоҳии вилоят кори комиссияро наметавон қонеъкунанда арзёбӣ кард. Агар кори комиссия, фаъолияти бахши ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дигар  сохторҳои марбута  ба таври  бояду шояд ба роҳ монда мешуд, имрӯз вазъи ҳуқуқӣ байни ҷавонону наврасон бамаротиб беҳтар мебуд. Раиси вилоят ба гунаи мисол зикр кард, ки ба наздикӣ хонандаи мактаб аз деҳоти Навободи  ноҳияи Шуғнон бе ҳуҷҷати ронандагӣ мошинаи хешовандонашро бо роҳи пинҳонӣ гирифта, бо ҳамроҳии чанд нафар ҳамсинфонаш  ба тарафи деҳоти боло  мераванд ва дучори садама мегарданд. Дар натиҷа, як  ҷавон  ҷонашро аз даст медиҳаду чанд тани дигар захмҳои гуногун мебардоранд.
- Магар  ин шаҳодати кори сусти комиссия ва сохторҳои дахлдор нест?! - суол кард  раис ва афзуд: - Волидон, муаллимон оё  дар тарбияи ин ҷавонон масъулиятеро ҳис намекунанд? Мутаассифона, ин мисоли ягона нест, ки тарбияи нокифояи ҷавонону наврасонамонро бозгӯ месозанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи  умумӣ хонандагони  душвортарбияро аз ҷомеа пинҳон медоранд, аз пешниҳоди рӯйхати хонандагони душвортарбия худдорӣ мекунанд, дар натиҷа ин  наврасон аз тарбия дар муассисаҳои махсуси тарбиявӣ берун монда, дар зиндагӣ раҳгум мезананд. Магар хонандагоне, ки ба чунин қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд, душвортарбия маҳсуб намешаванд? Мутаассифона, чунин мисолҳоро аз ҳаёти хонандагон бисёр овардан мумкин аст, вале дар мактаб - интернатҳои махсус нақшаи  фарогирии хонандагон ҳамасола иҷро намегардад, гӯё чунин хонандагон, умуман, вуҷуд надошта бошанд.
Дар охир,  раиси вилоят Алишер Мирзонабот  ба раисони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳо, комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони шуъбаҳои маориф вобаста ба пурзӯр намудани чорабиниҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, пешбурди корҳои тарғиботию  ташвиқотӣ, пешниҳоди рӯйхати хонандагони душвортарбия аз оилаҳои носолим дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
 
Раҳмони Гулзор, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2022    №: 223    Мутолиа карданд: 981
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед