logo

иҷтимоиёт

"МАШЪАЛ" МИНБАРИ РОЗУ НИЁЗ

 
Дар аҳди шуравӣ дар ҳудуди Тоҷикистон се маҷаллаи бонуфуз ва маъруф мавҷуд буд: «Машъал» (ҳозира «Истиқбол»), «Садои Шарқ» ва «Занони Тоҷикистон» (ҳозира «Фирӯза»). Аз ин миён «Машъал» нисбатан ҳаводори зиёд дошт, зеро минбари розу ниёзи ҷавонону наврасон буду муштариёнаш аз 80 то ба 300 ҳазорро ташкил медод. Ҷавонон – хонандагони мактаби миёнаву ҳунаристонҳо сари ҳар моҳ раҳи маҷаллаи дӯстдоштании хешро бесаброна интизорӣ мекашиданд.
«Машъал», маҷаллаи ҳармоҳаи адабӣ – бадеӣ ва публитсистии мусаввар барои пионерон ва мактаббачагон, органи КМ ЛКСМ Тоҷикистон ва Совети ҷумҳуриявии ташкилоти пионерии ба номи В. И. Ленин буд, ки моҳи октябри соли 1952 таъсис ёфтааст.
Маҷаллаи мазкур то соли 1957 бо номи «Пионер» чоп шуда, аз моҳи январи соли 1958 номи «Машъал»-ро гирифт. Вазифаи  асосии маҷалла ин таблиғу ташвиқи руҳи коммунистӣ, интернатсионализм, ватандӯстии советӣ, дӯстии халқҳо, садоқат ба васиятҳои доҳии пролетариат ва тарбияи насли наврас буд.
Дар «Машъал» оид ба кору бор, хонишу истироҳат, дӯстиву рафоқат ва ғайра хабару лавҳа, мақолаву очерк ва сурату репортажҳо ба табъ мерасиданд. Ҳамчунин, дар саҳифаҳои маҷалла эҷоди шоирону нависандагон, олимону композиторон, рассомон, муаллимону мураббиҳо чоп мешуданд.
Солҳои гуногун адибон Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Муҳиддин Фарҳат, Бурҳон Фаррух, Мавҷуда Ҳакимова (1962-1970), Гулрухсор (1970-1972), Латофат Кенҷаева (1981-2014), Барнои Қодирдӯхт, Робияи Холмирзо муҳаррирони «Машъал» (ҳоло «Истиқбол») буданд. Ҳоло роҳбарии маҷалларо Саодати Ҳайдар ба уҳда дорад.
Солҳои аввали таъсисаш адади нашри маҷалла зиёдтар аз 8 ҳазор буд, соли 1981 то ба 105 ҳазор ва каме баъдтар то ба 300 ҳазор нусхаро ташкил медод.
Дар «Машъал» солҳои гуногун адибону журналистони шинохтаи кишвар Пӯлод Толис, Мурод Боғиров, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Акобир Шарифӣ, Абдусалом Атобоев, Акбар Қодирӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Алӣ Бобоҷон, Наримон Бақозода, Ҳадиса, Камол Насрулло ва дигарон фаъолият намудаанд. Маҷалла минбари розу ниёзи мактаббачаҳо буд. Тавассути «Машъал» хонандагон аз ҳаёти рӯзмарраи ҳамсолонашон огаҳӣ пайдо намуда, нигоштаҳои хешро ба маҷаллаи дӯстдоштании хеш мефиристоданду машқи қалам мекарданд.
Бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ чандин маҷаллаву рӯзномаҳо аз байн рафтанд. Баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз бо унвони нав - «Истиқбол» бо мазмуну муҳтавои нав, бо кӯшишу эҳтимоми сардабири боғайраташ Латофат Кенҷаева қомат рост кард. Аввалҳо бино бар вазъи нобоби молиявӣ ва коҳиш ёфтани сафи обуначиёнаш маҷалла дар ду моҳ як маротиба ва баъдан соле чор дафъа ба табъ мерасид. Латофатбону аввалин сардабири маҷалла, ки аз «Машъал» ба ин сӯ гузашт, саҳифаҳои «Истиқбол»-ро афзун гардонд. 
«Машъал» аз соли 1969 маҳбуби мо гашта буд. Ҳар моҳ чун дигар хонандагони хушзавқ раҳ мепоидем, ки хаткашон кай падид меояд. Дар он овон ин маҷалла ягона мунису ҳамдами хонандагони адабиётдӯст маҳсуб меёфт. Ҳамсинфон ҳар шумораи тозаи онро бо навбат мутолиа менамудем. Аз саҳифаи аввал то охири онро гаштаву баргашта мехондем. Аз забони фасеҳи тоҷикӣ, қиссаву ҳикояҳо, шеъру андарзҳо, матолиби ҷолибу хонданӣ ва расмҳои зебову мунаққашаш баҳра мебурдем.
Ҳини таҳсил дар синфҳои 7 - 8 иртибот бо маҷалла қавӣ гашт. Солҳои 1972 - 1973 як хабари кӯтоҳ ва посухе ба як саволам дар бораи боксёр (муштзӯр)-и маъруфи олам Муҳаммад Алӣ ба табъ расида буд, ки аз чопи он то ба чанд рӯзу маҳ хушҳолу  хушнуд мегаштам. Аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ аз хонандагони номаҳои ошноии зиёд гирифтаву то ба чанд сол мукотиба доштем.
Дар маҷалла аз ҳама беш хондани ҳикояву қиссаҳоро меписандидам. То ҳол қиссаеро аз маҷаллаи дӯстдоштаниам: «Оташ дар қабристон»-и Аъзам Сидқиро дар хотир дорам...
 
Умари ШЕРХОН, 
публитсист
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2022    №: 223    Мутолиа карданд: 963
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед