фарҳанг
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
«Шаҳри Норак на танҳо бо неругоҳҳои барқи обии «Норак» ба номи Турсун Ӯлҷабоев ва «Бойғозӣ» ангуштнамои аҳли ҷомеаи кишвар ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ гаштааст, балки бо зиёиёнаш низ шинохта асту аз ин боис ифтихор дорад. Равшанфикрони Норак дар пешрафти иқтисодиёт, илму маорифи диёр саҳми бориз гузоштаанд, ки яке аз онҳо Ғулом Зарил ба ҳисоб меравад. Устоди зиндаёд тамоми умр омӯзгор ва директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и деҳаи Дӯстии деҳоти Пули Сангин буд. Вай дар дарс ва ҷамъомадҳои мактабӣ ба хонандагон аз таърихи бунёди неругоҳҳои азими «Норак», «Бойғозӣ» ва «Роғун» ҳарф мезад. Мегуфт, ки ояндаи мо ба сохтмони «Роғун» вобаста аст ва Тоҷикистон наметавонад бе неруи он минбаъд ба истиқлоли комили энергетикӣ бирасад.
Ғулом Зарил 25 сентябри соли 1939 дар деҳаи Хамибурс чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Солҳои бачагиву наврасиаш ҳамин ҷо сипарӣ гардиданд. Дар мактаби деҳа таълиму тарбия гирифт, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон илму маърифат омӯхт. Соли 1966 ӯ чун омӯзгор бори нахуст дар мактаби рақами 15-и ноҳияи Данғара ба фаъолият шуруъ кард. Соли 1967 муовини директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и шаҳри Норак таъин шуд. Кордонӣ ва қобилияти баланди омӯзгорию ташкилотчигиашро ба назар гирифта, соли 1969 ба зиммааш вазифаи директории МТМУ № 7-и деҳаи Кибил ва баъдтар рақами 12 – ро во гузоштанд. Заҳматқарин буд устод. Падару модарон низ ҳамеша ба ифтихораш суханони нек мегуфтанд. Аз ин рӯ, сокинони деҳоти Пули Сангин ва шаҳри нурофарин ба вакилони Маҷлиси вакилони шаҳри Норак муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки Муассисаи мазкур ба номи Ғулом Зарил гузошта шавад. Ҳамин тавр, дар бораи номгузории МТМУ № 12 ба номи Ғулом Зарил қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак ҳам ба тасвиб расиданд.
Омӯзгори соҳибтаҷриба, собиқадори маорифи шаҳр Абдуҳалим Раҳимов, Ғулом Зарилро ба некӣ ёд карда мегӯяд: «Ӯ марди одӣ, хоксору меҳнатдӯст, боирода буд, ҳеҷ гоҳ ба шогирдон сухани бад намегуфт. Дар бораи Истиқлоли давлатӣ, Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкили давлати тозаистиқлоли тоҷикон, равиши нави давлатдорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, раванди сулҳ, ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлат бо як эҳсоси баланди ватандӯстӣ сухан меронд ва насли наврасу ҷавонро ба донишомӯзӣ ҳидоят менамуд».
Дар маҳфили ёдбуди Ғулом Зарил Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазоев, омӯзгори собиқадор Вайсиддин Зайниддинов, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Норак Садбарг Ҳайдарзода, директори ҶДММ «Наҷотхон»-и шаҳри Исфара Наҷотхон Исомиддинова, собиқ муовини раиси шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматова аз хислатҳои неки ин маорифпарвар ҳарф заданд.
Ҷойи сипосгузорист, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 - и шаҳри Норак ба номи нахустин сарвари таълимгоҳ, устоди калом, Аълочии маорифи Тоҷикистон Ғулом Зарил гузошта шудааст. Бигзор насли ояндаи мо заҳмати падару модарон, омӯзгоронро ҳамеша дар ёд доранд ва ба онҳо пайравӣ намоянд.
Мирзомаҳмуд
МИРБОБОЗОДА,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.11.2022 №: 223 Мутолиа карданд: 1164