logo

ҳуқуқ

ТТЭ ҲНИ СОЗМОНИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ОМИЛИ ҶИНОЯТҲОИ ВАҲШИЁНА

Ҳар вақт ва ҳар куҷое сухан дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби назҳати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) равад, дар пеши назари ҳар инсони солимфикр, соҳибхирад ва соҳибандеш хиёнат ба миллату меҳан, душманӣ ба халқу Ватани худ, қатлу ғорат, талаву тороҷ ва дигар амалҳои пасту зишти он ҷилвагар мешаванд. Зеро мардуми шарифи тоҷик хуб огоҳӣ доранд, ки дар тули таърих, ҳеҷ неруе ба мисли террористони наҳзатӣ ба ин миллату меҳан хиёнату душманӣ накардааст.
 
Чи дар гузашта ва чи дар замони муосир, тоҷик ҳамеша аз дасти ҳаммиллатон ва ё бо дастуру супориши худиҳо гирифтори мушкиливу дучори бадбахтиҳо гардид ва ба дом афтод. Аз ин ҷост, ки бузурге гуфтааст:
Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам, 
Ки бо ман ҳар чи кард, он ошно кард.
 
Ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа ва муболиғаю зиёдаравӣ ҳам нест, ки кулли ҷиноятҳои террористии дар Тоҷикистон баамаломадаро ё террористони наҳзатӣ анҷом медоданд ва ё тибқи нақшаву раҳнамоии онҳо тарҳрезию амалӣ мешуд. 
Далелҳои фаровоне ҳам мавҷуданд, ки робитаи мустақим доштани ТТЭ ҲНИ-ро ба дигар созмонҳои динии террористӣ нишон медиҳанд. Мисол, яке аз мубаллиғони ТТЭ ҲНИ матлабе нашр намуд, ки моҳияти он чунин буд: давоми солҳои 1995-1996 хадамоти ҷосусии яке аз кишварҳои Ғарб аз Афғонистон чанд гузориш фиристод, ки дар онҳо ҳамкории роҳбарони ТТЭ ҲНИ ва «Ал-қоида» Саидабдуллоҳи Нурӣ ва Усома бини Лодан нишон дода мешавад. Ҳамчунин, замоне, ки ташкилоти экстремистии  «Ихвон-ул-муслимин» дар Миср ба қудрат расид, роҳбари фирории ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ хеле хушҳол гардида, аз он пуштибонӣ намуда буд. 
Тавре, дуюмин президенти Миср Ҷамол Абдунносир гуфта буд: «Мо бо ислом зиндагӣ карда метавонем, вале наметавонем бо ислом давлатро идора намоем ва ба пешрафт ноил гардем». Дақиқан, ҳақ ба ҷониби Абдунносир аст, зеро Мурсӣ, ки Кабирӣ ҳамеша ҳаводораш буд, ҳатто шаш моҳ ҳам давлатдорӣ карда натавонист. Ва ҳамин тавр, моҳи сентябри соли 2013 додгоҳи Миср ҳама гуна фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин»-ро манъ кард ва моҳи декабри соли 2013 онро ташкилоти террористӣ эълон намуд.
Илова бар ин, яке аз роҳбарони собиқи ТТЭ ҲНИ Муҳаммадшариф Ҳимматзода худаш аз дастургирӣ, илҳомгирӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои террористӣ ёдовар шуда, гуфта буд: «Кору амали мо, асосан тавассути кутубу дастуре, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ барои иҷрои вазоиф дастраси мо мешуданд, ба роҳ монда шуда буд. Дар ин маврид, донишҷӯёне, ки муҳассилини мамолики хориҷӣ буданд, ба мо кӯмаки хубе карданд. Кутубу рисолоти пешгомону пешвоёни дину ҳаракатҳои исломии олам Ҳасани Бано, Саид Қутб ва Муҳаммад Қутб, Саид Ҳавво, Абдуллои Мавлудӣ боис гардиданд, ки мо худ роҳ ёбем, тарзу усули муборизаро биомӯзем».
Аз ин ҳамкорӣ, мавқеъгирӣ ва суханронии роҳбарони ТТЭ ҲНИ комилан равшан меградад, ки он сирф ташкилоти террористӣ буда, усулҳои пиёда намудани амалҳои террористиро аз дигар созмонҳои экстремистӣ меомӯхтааст ва ҳамеша бо онҳо ҳамкорӣ дорад. 
Бинобар ин, омили тамоми амалҳои террористии дар Тоҷикистон бамаломада ва ҳама бадбахтиҳои бо терроризму экстремизм вобаста ТТЭ ҲНИ аст. Ҳанӯз соли 1992 террористони наҳзатӣ дар баъзе манотиқи шарқии кишвар «Давлати исломӣ»-и худро ташкил карда, низоми шадиди золимонаро ҷорӣ намуда, дар баъзе масъалаҳо аз ДИИШ ҳам камтар набуданд. Дар таълимгоҳҳои террористтайёркунӣ, террористони соҳибтаҷриба ва кордида аз ҷониби роҳбарияти ТТЭ ҲНИ кироя мешуданд ва ба наҳзатиён таълимоти террористӣ медоданд.
Ҳар амалеро ташкилотҳои террористии дигар созмон додаанд, террористони наҳзатӣ нусхаи онро дар Тоҷикистон ва ё бо мардуми тоҷик пиёда намудаанд. Масалан, агар ихвониҳо соли 1954 бар ҷони президент Абдунносир сӯйиқасд анҷом доданд, соли 1981 президент Анвар Содотро ба қатл расонданд, соли 2011 бар зидди ҳукумати Ҳусни Муборак табаддулот анҷом доданд, айнан чунин амалҳои террористонаро дар Тоҷикистон ТТЭ ҲНИ пиёда намуд. 
Ҳарчанд Ҳукумати кишвар роҳбарият ва намояндагони ТТЭ ҲНИ-ро бахшид, онҳо чун устодони ихвонии хеш давоми солҳои ҷанги бардоракуши таҳмилкардаашон, кулли ҷиноётро содир карданд: моҳи августи соли 1994 ба қисми низомии 06006, дар минтақаи Чилдара ҳуҷум намуданд, аз моҳи май то октябри соли 1994 бо зархаридони хориҷӣ (танҳо гурӯҳи «Фотеҳ», ки яке аз ячейкаҳои ҷангии ТТЭ ҲНИ буд) дар ноҳияи Сангвор амалҳои ваҳшиёнаро анҷом доданд, давоми солҳои 2009-2010 қаноти ҷангии ТТЭ ҲНИ – «Ансоруллоҳ» дар водии Рашт басо амалҳои террористона анҷом дод, моҳи сентябри соли 2015 наҳзатиҳо бар зидди давлат табаддулот ташкил намуданд. 
Ва агар сухан сари кирдорҳои ваҳшиёнаи ДИИШ равад, ки мардумро бераҳмона ба қатл мерасонданд, духтаронро ҳамчун мол аз даст ба даст мегардонданд, нусхаи чунин амалҳоро террористони наҳзатӣ дар Тоҷикистон анҷом доданд. Мисол, яке аз амалҳои нангини террористони наҳзатиён пешниҳоди духтарҳои ноболиғ ба зархаридону террористони хориҷӣ буд, ки аз деҳаҳо ба ситоди ТТЭ ҲНИ оварда мешуданд. 
Дар маҷмуъ, ҷиноятҳои наҳзатиҳои террорист аз амалҳои нафратовари намояндагони ДИИШ ягон камӣ надоранд. Ва ҳамин таблиғу ташвиқ ва пайравӣ аз ДИИШ буд, ки бо тавсия ва роҳнамоии террористони наҳзатӣ бархе аз ҷавонони тоҷик гумроҳ шуда, солҳои 2015-2018 садҳо нафари худбохта ба сафи ДИИШ пайвастанд ва чанд фирефтаи дигар гурӯҳи террористии «Роҳнамо ба сӯи Давлати исломӣ»-ро таъсис доданд. Ташкилоти мазкур ибтидои соли 2018 аз ҷониби Суди ҳарбии вилояти Москва ҳамчун созмони террористӣ эълон ва фаъолияти он дар Федератсияи Россия манъ шуд.
Ҳамин тавр, ТТЭ ҲНИ бо ташкилотҳои дигари динии террористӣ дар иртибот буда, омилу сарчашмаи тамоми амалҳои террористона, кирдорҳои разилона ва ҷиноёти ваҳшиёна дар Тоҷикистон будааст.
 
А. РАҲМОНЗОДА,
номзади илмҳои сиёсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2022    №: 223    Мутолиа карданд: 1588
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед