logo

Хабарҳо

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

 
Ҷонибек Акобир аз нависандаҳои шинохтаву маҳбуби кишвар ба шумор меравад. Ҳашт сол пеш бар асари беморӣ дунёро падруд гуфт. Агарчи аз дидаҳо рафт, дар дилҳои дӯстдорони каломи бадеӣ бо асарҳои мондагор, одамияти баланд барои худ ҷойи махсусу доимӣ пайдо карда тавонист. Ҷойи таъкид аст, ки камтар аз нависандагонро ин гуна шараф насиб мегардад.
Ба хотири 70 – солагӣ ва ёдбуди Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷонибек Акобир чанде пеш дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон, ба он ҳусни ифтитоҳ бахшид ва аз хидматҳои адиб дар рушди адабиёти муосири миллӣ ёдовар шуд.
Адибон Абдулҳамид Самад, Рустам Ваҳҳобзода, Зиё Абдулло, Юнус Юсуфӣ, Баҳманёр Муродӣ, Иззатбек Идӣ, Сироҷиддин Икромӣ, Муҳтарам Ҳотам, Муҳаммад Ғоиб ва рӯзноманигор Раҷабалӣ Исматуллоев аз хусусиятҳои хоси эҷоду муносибати эҷодкори зиндаёд сухан карданд. Ҳамчунин, иброз доштанд, ки барои беҳтару хонданитар шудани маҷаллаи миллии «Садои Шарқ», ҷалби муаллифони соҳибистеъдод, тарбияи адибони ҷавон саҳми чашмрас гузоштааст.
Нахустин китоби нависанда бо номи «Дунё ба умед» соли 1983 ба табъ расид ва он аз ҷониби хонандагон ва мутахассисон хуб истиқбол гардид. Китобҳои дигари ӯ бо номҳои «Хирмани ситора» (1985), «Кӯҳистонӣ» (1987), «Пазмонӣ» (1990), «Оҳанги дареғ» (2003) ва «Қаламҳои кӯҳистонӣ» нашр шуданд.
Қиссаи «Фауст» - и И. Тургенев, ҳикояҳои В. Шукшин, новеллаҳои чехӣ, афсонаҳои маҷорӣ, силсилаи ҳикояҳои адиби югославӣ И. Андрич, қиссаи «Майор ва марг» - и румин И. Биэшу, романи «Решаҳои урён» ва дигар асарҳои адибони кишварҳои оламро тарҷума намудааст.
Дар бораи ӯ ва эҷоди мондагораш адибон ва мунаққидони шинохтаи соҳа матлабҳои зиёд таълиф намудаву нашр кардаанд. Аз ҷумла, Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, чунин нигоштааст: «Ҷонибек айёми талху ногувори аз падару модар зиндаҷудо мондан, ҳам ғамхориҳои бибиву бобои ятимпарвар, ҳам подабониву сайри боғу роғ хислатҳои дилангези мӯйсафедону кампирҳоро, ки қиссаву ҳикояҳои зебояш «Сағираи сӯр», «Кампири Холмоҳ», «Бибӣ ва набера», «Посбони сабзазор», «Кӯҳистонӣ», «Бозии тақдир», «Дар хобу бедорӣ» ва ғайраро зинат доданд, ба ёд меорад... Яъне, зиндагии талху сангини кӯдакиву наврасӣ, баъзан ба адиби борикбин чун маводи арзишманд ё таҷрибаи ибратомӯзи рӯзгор хизмат хоҳад кардааст».
Адабиётшиноси шодравон Атахон Сайфуллоев навиштааст: «Ахлоқу адаби шоиста, инсоннавозӣ, зебоипарастӣ, қадршиносӣ, ватанхоҳиву башардӯстӣ, меҳру муҳаббат ба меҳнати ҳалол ва дилбарони дилҷӯю дилёб, хулоса, беҳтарин хислатҳои инсонӣ ба қаҳрамонони ҳикояҳои Ҷонибеки Акобир хос мебошанд».
Ҳамин тавр, ӯ дар умри барои як нависандаи дӯстдоштанӣ кӯтоҳ тавонист, ки рисолати инсониву роҳбариву адабии худро сарбаландона ва дурусту сари вақт иҷро кунад.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 19665
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед