logo

сиёсат

ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМАҲО АЗ САФИРОН

21 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.
 
Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия Семён Григорев, Ҷумҳурии Куба Оскар Сантана Леон, Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Гилермо Алехандро Пуэнте, Ҷумҳурии Аргентина Леополдо Франисико Саорес, Ҷумҳурии Чад Маҳамуд Адам Башир ва Ҷумҳурии Гана Эрик Овусу-Боатенг, Украина Валерий Евдокимов, Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис, Ҷумҳурии Латвия Рейнис Трокша, Шведсия Томас Данестад, Ҷумҳурии Финляндия Илка Райсанен ва Юнон хонум Екатерина Насика, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршараф ва сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тайи давраи соҳибистиқлолӣ дар асоси сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи “дарҳои кушода” бо кишварҳои минтақаҳои мухталифи олам робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманди фарогирро роҳандозӣ намуда, густариш медиҳад. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Куба, Штатҳои Муттаҳидаи Мексика, Ҷумҳурии Аргентина, Ҷумҳурии Чад, Ҷумҳурии Гана, Украина, Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Латвия, Шведсия, Ҷумҳурии Финляндия ва Юнон андеша ронда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки  рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳо равона месозанд. Бояд гуфт, ки соли равон аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Украина, Латвия, Финляндия, Шведсия ва Юнон 30 сол сипарӣ мешавад.
Президенти мамлакат зимни суханронӣ оид ба ҳолат ва дурнамои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, дарёфти роҳҳои нави робитаҳои судманд ва татбиқи тавофуқоти  қаблан  ҳосилшуда, андеша ронда, изҳор доштанд, ки кишварҳои мо ҷиҳати ба роҳ мондани муколамаи сатҳи олӣ ва баланд, ташаккули минбаъдаи заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятнок ва дигар самтҳои мавриди манфиатҳои тарафайн тадбирҳои амалӣ хоҳанд андешид.
Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барори кору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.
Изҳори итминон шуд, ки талошҳои пайвастаи сафирон дар ҷодаи рушду такомули робитаҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва кишварҳои болозикр самараву натиҷаҳои нав ба бор хоҳанд овард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2022    №: 224    Мутолиа карданд: 848
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед