logo

сиёсат

СУЛҲЕ, КИ БО ҚИМАТИ ҶОН БА ДАСТ ОМАД…

 
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун рӯйдоди бузурги сиёсӣ нақши беназиреро гузоштааст. Маҳз он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Бо ин Иҷлосия дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт, ки то имрӯз идома меёбад.  Иҷлосияи  мазкур Ҳукумати конститутсиониро ташкил намуд, барои барпошавии сулҳу субот дар мамлакат заминаи воқеӣ гузошт. 
 
Таърих гувоҳ аст, ки дар он солҳо ҷумҳурии тозабунёди моро буҳрони шадиди сиёсӣ фаро гирифт ва кишварро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашид. Дар муддати кӯтоҳ ҳазорҳо нафар хонабардӯш, фирорӣ ва кушта шуданд. Тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик чун «ашки сари мижгон» дар вазъи ҳассосе қарор дошт.  Дар чунин вазъияти муташанниҷ бо амри тақдир ва бахти миллати тоҷик чун тулуи Офтобе, ки баъди чанд рӯзи боронҳои пайдарпай синаи абрҳоро шикофта берун мешавад, роҳбарии давлати тоҷикон ба уҳдаи шахсе вогузор гардид, ки нахустин суханаш:  «...Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард» буд. Ин суханони босадоқату самимият, ки аз ҷониби Сарвари тозаинтихоб садо доданд, тухми умед ва боварӣ ба фардоро пошид, ба дили мардуми ваҳшатзада неру бахшид. Муаллифи ин суханони умедбахш, ин вориси арзанда ва ганҷинаи бузург, шараф ва ифтихори ҳар яки мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. 
Албатта, бо ҷонбозиву заҳмату талошҳои бесобиқаи Сарвари давлат ва теъдоде аз фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи расидан  ба сулҳу оштӣ корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Ҳарчанд рӯйи раҳи сулҳҷӯёну ваҳдатофарон сангу обу оташ буд,  ҳеҷ  гуна садде онҳоро монеа нагашт ва, билохира, бо ранҷу талош ганҷи пурқимат – сулҳро тақдими хурду бузурги кишвар гардонданд. Сулҳи бадастомада хуне гашт дар шарёни миллат.
Дарвоқеъ, ин шахси ватандӯсту матинирода тавонист орзуву омоли деринтизори тоҷиконро ҷомаи амал пӯшонад. Ӯ ин миллати парокандаву парешон ва ноогоҳ аз мақсадҳои нопоки чанд мансабхоҳи дар қасди ҷони бародари худ камон бадастгирифтаро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват намуда, партави сулҳро дар кишвари тоҷикон танинандоз кард. Маҳз ба шарофати саъю талош ва фидокорию қаҳрамониҳои беназири ӯ яъсу ноумедӣ аз ояндаи торики халқу Ватан барҳам хӯрд. Мардуми гуреза аз нав сарҷамъ гашт, бенизомӣ ва камчинии озуқа бартараф шуд.  
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин қадамҳои худ дар ин вазифаи пурмасъулият ва заҳмати бемисли худ ба қалби миллионҳо одамон роҳ ёфт. Халқи тоҷик дар партави сиёсати дурандешонаи ӯ дар пайи ободии кишвари азизи худ камар баст. Ин дастаҷамъӣ самари хуб овард. Тавре шоҳидем,  пешравию рушди ҳар як соҳа бо талошу хиради азалӣ, хислати ободгарӣ, ваҳдату сулҳофарӣ, фитрати худододӣ, халқпарвару меҳандӯстии ӯ намои тозаву нав мегирад. Бо қадамҳои файзхезу файзбори ӯ ҳар як гӯшаву канори диёр ба таври шинохтанашаванда ободу зебо, дилрабову ҷаззоб мегардад, навгониҳои нав ба нав ба вуқуъ меоянд. Аз суҳбатҳои гарму самимӣ, дидори симои мубораку меҳрбори ӯ  дили мардум гарм шуда, ба оянда бо умеди нек менигаранд. Ӯст, ки сари ятимону маъюбон, бепарасторонро падарвор сила намуда, дасти пирони барҷомондаро мегирад, дили аз зиндагӣ  сардгаштаи онҳоро дубора  гарм месозад, ба онҳо неруи нав бахшида, дили решу хунгаштаашонро  дармон мебахшад.
Хулоса, мақсаду мароми ӯ амну амонии кишвар, сериву пурии мардум, сулҳи пойдор, сари баланди мардум, ободиву шукуфоӣ, пешравию тараққиёти давлат ва ояндаи дурахшони  ин миллати куҳанбунёд мебошад. Агар қаҳрамониву шуҷоат,  некукорӣ ва корнамоиву хизматҳои беназири ӯро номбар кунем, олам-олам китоб мешавад, қалам ба навиштани он оҷизӣ мекашад, зеро сафарҳои корӣ, мулоқоту вохӯриҳои судманд ва хизматҳои мондагори ин абармард ҳисоб надоранд. 
Меҳри ӯ дар ошёни  баландтарин – дили халқ маъво  гирифтааст ва мардум хизмати неки фарзанди маҳбуби хешро қадр менамояд. Яъне, халқ ба шахси сазовор баҳои баланд медиҳад. Ба ибораи шоири шаҳир Мирзо Турсунзода:
Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2022    №: 224    Мутолиа карданд: 888
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед